Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди Русия, муҳоҷиронро аз Қазоқистон ҳам пеш мекунанд


Як муҳоҷир дар назди бинои Додгоҳи Сариоғоч
Як муҳоҷир дар назди бинои Додгоҳи Сариоғоч

Садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ва Узбекистон чанд рӯз инҷониб наметавонанд аз Қазоқистон ба ватан баргарданд. Издиҳоми муҳоҷирон бинои Додгоҳи маъмурии ноҳияи Сариоғочро муҳосира кардаанд.

Ба навиштаи Бахши қазоқии Радиои Озодӣ, ҳама мунтазири ҳукми додгоҳ ҳастанд. Онҳоро барои будубоши ғайриқонунӣ дар кишвар ҷарима мебанданд ё ихроҷ мекунанд. Дар додгоҳи Сариоғоч бинобар аз меъёр зиёд ворид шудани парвандаҳои маъмурӣ, дар баррасии онҳо мушкилӣ мекашанд. Ҳамарӯза 100 парванда дида мешавад, вале шумораи муҳоҷирон дар назди бино кам намешавад. Муҳоҷирон шикоят мекунанд, ки қабули қарори додгоҳ хеле тӯл мекашад.

Сардор Насруллоев, шаҳрванди Тоҷикистон мегӯяд, бо даъватнома ба Қазоқистон омад, аммо ҳоло мехоҳанд, ӯро ихроҷ кунанд. «Бояд 15-уми август меомадам, аммо 13-ум ворид шудам. Чанд рӯзи дигар мӯҳлаташ мондааст. Ҳама ҳуҷҷатҳоям бо ман аст. Намедонам, чаро мехоҳанд, маро ихроҷ кунанд.»

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Боздошту ихроҷи муҳоҷирони тоҷику узбек дар Қазоқистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00

Абдилаз Абдуқаюмов, шаҳрванди Узбекистон ба Бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, 90 ҳазор тангаи қазоқӣ ҷарима дорад, ки натавонист онро супорад.

«Одамоне ҳастанд, ки пулро пардохт карда метавонанд ва онҳое низ ҳастанд, ки имкони чунин корро надоранд. Мегӯянд, ки метавонанд маро ихроҷ кунанд. Мо ба ин ҷо бо нияти бад наомадаем, дар ин ҷо ҷиноят содир намекунем. Мо дар инҷо кор карда, ба мардуми қазоқ ёрӣ мерасонем,»-гуфт ин муҳоҷири узбек.

Як зани дигар аз Узбекистон ҳам мегӯяд, маъюб аст ва се рӯз боз мунтазири қарори додгоҳ мебошад. «Ман ба назди пайвандонам меҳмонӣ омадаам. Бояд кӯдаконро парасторӣ мекардам. Ба наздикӣ набераам таваллуд шуд. Хӯроки гарм нест, чойу нон хӯрдем тамом.»

Раиси додгоҳи Сариоғоч ба хабарнигорон гуфт, ки марзбонон дар як рӯз беш аз сад парвандаи муҳоҷирони ғайриқонуниро барои онҳо мефиристанд. Ба гуфтаи Берик Қайипов, шумори мурофиаҳои додгоҳӣ алайҳи муҳоҷирон дар муқоиса бо соли гузашта афзоиш ёфтааст. Дар давоми 10 моҳи охир дар ин ҷо тақрибан 17 ҳазор парванда баррасӣ шудааст.

Бо зиёд шудани фишору мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия, шумори онҳое афзоиш ёфтааст, ки дар ҷустуҷӯйи кору даромад роҳи Қазоқистонро пеш гирифтанд. Зоҳиран ба ҳамин сабаб тафтиши муҳоҷирон дар ин кишвар сахттар шудааст.

Қазоқистон баъд аз Русия кишвари дувуми муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст. Шумори муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар тақрибан даҳуним ҳазор нафар арзёбӣ мешавад. Пештар мақомоти тоҷик аз шаҳрвандон хоста буд ки қабл аз сафар ба Қазоқистон ҳуҷҷатҳои заруриро бо худ дошта бошанд. Вале муҳоҷирон бар инанд, ки фишор ба онҳо дар Қазоқистон низ шабеҳи маъракаи Русия аст.

XS
SM
MD
LG