Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКХ аз шаҳрвандони Тоҷикистон хост, муваққатан ба Русия нараванд


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз сокинон хостааст, агар зарурате нест, муваққатан аз сафар ба Русия "тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт" худдорӣ кунанд.

Баёнияи вазорат шоми 27-уми апрел нашр шуд, вале мақомот сабаби онро нагуфтаанд. Эҳтимол тасмим ба қазияи банд мондани муҳоҷирон дар сарҳади Қазоқистон бо Русия ё дармондани гурӯҳе аз зодагони Тоҷикистон дар фурудгоҳи “Внуково”-и Маскав рабт дорад.

Як рӯз пеш, 26-уми апрел, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Семён Григорев, сафири Русияро ба суҳбат даъват карда буд. Дар он, тибқи иттилои расмӣ, "ба мадди назари сафир нигаронии ҷониби Тоҷикистон дар мавриди ҳолатҳои беасоси манъи вуруд ба қаламрави Русия расонида шуд."

Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, чанд ҳафтаи охир “манъи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Русия хусусияти оммавӣ пайдо кардааст.”

Гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи 26-уми апрел хабар доданд, ки наздик ба 500 нафар дар шароити нохубе дар фурудгоҳи “Внуково” дармондаанд.

Қабл аз ин шаҳрвандони Тоҷикистон аз сарҳади Русия бо Қазоқистон шикоят карданд, ки наметавонанд ба хоки ин кишвар дароянд.

Мақомоти Русия сабаби чунин бархӯрдро бо шаҳрвандони Тоҷикистон шарҳ намедиҳанд.

Боздошту тафтиши муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар Русия пас аз ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" бештар шуд.

Мақомоти Русия то кунун дар пайванд ба ин ҳамла, ки 144 кушта барҷой гузошт ва масъулияташро ДОИШ пазируфт, сездаҳ касро дастгир кардаанд – дувоздаҳ нафар аз Тоҷикистон ва як нафар аз Қирғизистон.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз афзоиши мавридҳои бегонаситезӣ ва поймолкунии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ кардааст.

Масъулони созмони байнулмилалӣ рӯзи 5-уми апрел дар изҳороте гуфтанд, баъд аз як ҳафтаи ҳамла парвандаҳои вобаста ба нақзи қонуни муҳоҷират дар додгоҳҳои Русия "70 дарсад зиёд шуд".

XS
SM
MD
LG