Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Моро таҳқир мекунанд, дар сардӣ нишаставу мунтазирем"


Муҳоҷирони бандмондаи тоҷик дар фурудгоҳи "Шереметово". Акс аз моҳи июли 2024
Муҳоҷирони бандмондаи тоҷик дар фурудгоҳи "Шереметово". Акс аз моҳи июли 2024

"Моро таҳқир мекунанд, дар сардӣ нишаставу мунтазирем." Шаҳрвандони бандмондаи Узбекистон дар фурудгоҳи "Шереметево"-и Маскав вазъи худро чунин тасвир карданд. Онҳо мегӯянд, мақомоти Русия баъзе аз зодагони кишварҳои Осиёи Марказиро бе ягон сабаб ба ин кишвар роҳ намедиҳанд.

Ба нақли як зодаи Узбекистон, ки ба Маскав рафтааст, онҳо дар фурудгоҳ бо таҳқир рӯ ба рӯ гашта, ҳадафи бадрафтории нерӯҳои амниятӣ қарор гирифтанд. Ба қавли ӯ, бархе бозгашти худро чанд рӯз мунтазир мешаванду ҳаққи берун рафтан аз толори интизориро надоранд ва бо хӯрок низ таъмин нестанд.

“Дар баробари ин, кормандони фурудгоҳ ба суолҳо ҷавоб намедиҳанд, дағалона рафтор мекунанд ва соатҳои дароз мусофиронро тафтиш менамоянд,” – гуфт Шоҳимардон Муҳаммадов.

Вай афзуд, дар Узбекистон коргоҳ дорад ва нақша дошт дар Маскав таҷҳизоти лозимро бихарад ва ҳам як бор шаҳрро бигардад. Ҳангоми гузаштан аз назорати марзӣ ӯро барои санҷиши иловагӣ фиристоданд. Шоҳимардон тақрибан 10 соат мунтазир нишаст. Ба ӯ суолҳои зиёд дода, телефонашро тафтиш карданд ва дар бораи наздиконаш пурсиданд.

"Маро тахминан соати 9 ё 10-и шом даъват карда, гуфтанд, ки "депорт" кардаанд. Соати 2-и шаб ба утоқи бозпурсӣ бурда, аксамро гирифтанд. Оби даҳонамро гирифтанд. Дар аввал гуфтанд, ки 10 сол ба Маскав ворид шуда наметавонем. Мо бори аввал ба Маскав омадем, ягон ҷиноят накардем, вале онҳо моро масхара мекунанд, дар сардӣ нишастаем. Дар ин ҷо шаҳрвандони Корея, Фаронса ва Қазоқистон хастанд. Ба онҳо иҷозаи даромадан медиҳанд. Чаро узбекҳоро "депорт" мекунанд? Тоҷику қирғизҳоро низ меронанд, аммо асосан узбекҳоро," – идома дод ӯ.

Видеоро дар инҷо бинед:

Манъи густурдаи вуруди муҳоҷирон ба Русия идома дорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:28 0:00

Ба ҳисоби Шоҳимардон Муҳаммадов, дар фурудгоҳ ҳудуди 70 шаҳрванди Узбекистон мондаанд. Дархости ӯ барои суҳбат бо сардори назорати марзӣ рад шуд. Вай гуфт, мусофирон имкони хурокхӯрӣ надоштанд. Ҳатто оби ҷӯшро харидан на ҳамеша имконпазир буд.

Бисёриҳо, ба гуфтаи мусоҳиби мо, дар рӯйи фарш хобидаву касал шуданд. Вай инчунин шоҳиди хушунати нерӯҳои амниятӣ гардидааст: "Як ҷавони точикро заданд, аммо дар ин бора дар ҳеч куҷо гуфта нашудааст. Он ҷавони тоҷик метарсад. Ӯ гуфт, чизе намегӯяд, зеро таҳдидаш кардаанд. Телефонҳояшро шикастаанд. Ман гуфтам, биё, дар ин бора нақл кунем, гуфт не, метарсад. Ба онҳое, ки нав меоянд, фақат як рӯз хурок дода мешавад. Онҳо бояд аз куҷо ғизо гиранд ва аз кадом ҳисоб зиндагӣ кунанд? Дар ин ҷо "Доширак" 300 рубл, дар берун 10 рубл, агар об нӯшиданӣ бошӣ, ним литраш 300-400 рубл. Шумо тасаввур кунед. Бародарам як чойник чойро ба 70 ҳазор сум харид.”

Шоҳимардон афзуд, маҷбур шуд, ки ба рӯзноманигорон муроҷиат кунад. Ҳангоми дар фурудгоҳ буданаш кӯшиш намудааст бо мақомоти Узбекистон тамос бигирад, аммо аз касе посух нагирифт.

“Ба Хадамоти муҳоҷират ва сафорат занг задам, ҳатто дар телефонам сабташро дорам. Дар 50 дақиқа 3 ё 4 маротиба занг задам. Агар дар сафорат ақаллан гӯширо бардошта мегуфтанд, ки мо ба Узбекистон бармегардем, ягон эътирозе надоштем. Аммо сафорат ҳатто телефонро намебардорад. Ин одамро асабӣ мекунад. Ҳар рӯз то 200-300 узебкистонии ҷаҳонгард меояд. Агар чеҳраашон маъқул шавад, барои даромадан иҷозат медиҳанд, агар не, депорт мекунанд. Ин чӣ гуна қонун аст?"

Дилшод, шаҳрванди дигари Узбекистон, ҳам ба чунин вазъият гирифтор шудааст. Номи ӯ барои амнияташ иваз карда шуд. Дилшод бо ҳадафи дохил кардани духтараш ба донишгоҳ ба Маскав рафт. Ҳамсараш шаҳрванди Русия аст. Дилшод бо духтараш ҳанӯз ҳам дар фурудгоҳ қарор доранд.

“Ҳамсарам барои харидани билети ману духтарам ҳашт моҳ хонаи мардумро тоза кард. Ҳоло моро пас мегардонанд. Мо барои он пул кор намекунем, ки билет харидаву бе ягон асос бозпас фиристода шавем. Оянда чӣ мешавад? Вазорати корҳои хориҷӣ? Оё дар Узбекистон касе ҳаст, ки аз мо ҳимоят кунад?"

Ин шикояти шаҳрвандони Узбекистон дар ҳоле садо медиҳанд, ки баъд аз ҳамла ба толори "Крокус" дар моҳи марти имсол, боздоштҳои беасоси муҳоҷирон, шиканҷа ва ихроҷ аз Русия афзудааст. Аз ҷумла, ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳ ва гузаргоҳҳои заминии Русия дармонда, ба иттилои расмӣ танҳо дар шаш моҳ 17 ҳазори онҳо аз ин кишвар ронда шуданд.

XS
SM
MD
LG