Ду кишвар тасмим доранд, ки додугирифтро ба 2 миллиард доллар расонанд. Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Қазоқистон дар соли 2023-юм 1 миллиарду 148,7 миллион долларро дар бар гирифтааст. 292,5 миллион доллар бештар ки нисбат ба соли 2022.
Тоҷикистон ба Қазоқистон асосан маъдану консентрат, сурб, меваю донагӣ ва нӯшиданиҳои спиртиву ғайриалкоҳолӣ содирот мекунад.
Аз Қазоқистон ба Тоҷикистон гандуму ғалладонагиҳо, маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, металҳои сиёҳ, равған ва маҳсулоти дигар оварда мешавад.
Қазоқистон баъд аз Русия кишвари дувуми муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст. Бо афзоиши таъсири таҳримҳои байнулмилалӣ болои Русия ва коҳиши иқтисоди ин кишвар, баъзе аз муҳоҷирони тоҷик ба Қазоқистон рӯ оварданд. Онҳо асосан дар бозору сохтмон кор мекунанд.
Муҳоҷирон пештар аз он хушҳол буданд, ки дар муқоиса ба Русия, дар Қазоқистон таъқиби пулис ва бегонаситезӣ камтар аст. Ҳоло мегӯянд, вазъият ба Русия монанд мешавад.