Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо мусофири тоҷик дар як гузаргоҳи Русия банд мондаанд


Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, дар наздикии гузаргоҳ мунтазир истодаанд
Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, дар наздикии гузаргоҳ мунтазир истодаанд

Даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон шикоят доранд, ки ба сабаби тафтишҳои тӯлонӣ дар гузаргоҳи "Троитский"-и шаҳри Челябинск банд мондаанд. Онҳо мехоҳанд, ба Русия ворид шаванд.

Бино ба наворҳое, ки рӯзи 8-уми август дастраси Радиои Озодӣ шуд, мусофирон дар лаби роҳ ва дар дохили мошинҳо мунтазири иҷозаи гузаштан истодаанд.

“Шиноснома ва телефонҳоро месанҷанд. Мепурсанд, “намоз мехонӣ, кадом сураро медонӣ?” Пештар чунин суолҳо набуд. Телефонҳоро боз мекарданд ва медиданд, ки зери кадом навиштаҳо “лайк” гузоштаӣ ё кадом наворҳо тамошо мекунӣ,” – нақл кард яке аз мусофирон. Номаш ба далели амниятӣ нашр намешавад.

Шарҳи расмии масъулони гузаргоҳи “Троитский” дар ҳоли ҳозир дастрас нест.

Ронанда Одил Сафаров борҳо аз гузаргоҳи “Троитский” гузаштааст. Мегӯяд, дар ду рӯзи охир дар аксари гузаргоҳҳо, аз ҷумла “Сагарчин” ва “Маштакова” низ мусофирони тоҷик ҷамъ шудаанд ва ба сахтӣ иҷозаи вуруд ба Русия мегиранд.

“Дар шабонарӯз тақрибан ба се нафар иҷозаи гузаштан медиҳанд. Посухи сафорату консулгариҳо як чиз аст, ки дар ҳамин шабу рӯз наоед беҳтар,” – афзуд мусоҳиби мо.

Дар миёнаҳои моҳи июл дар гузаргоҳи “Троитский” ҳудуди 60 мошини сабукрав ва панҷ автобуси шаҳрвандони Тоҷикистон чанд рӯз банд монда буд.

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯйи кору маоши муносиб ба Русия мераванд. Ба сабаби гаронии билети ҳавопаймо баъзе аз онҳо аз роҳҳои заминӣ истифода мекунанд.

Дар як соли охир тафтиши муҳоҷирон ва бархӯрд бо онҳо дар Русия ва гузаргоҳҳои марзии ин кишвар бо Қазоқистон сахттар шудааст. Ҳамлаи маргбор ба “Крокус Сити Ҳол” дар моҳи марти имсол ин вазъро печидатар кард.

Мақомоти Русия чанд зодаи Тоҷикистонро ба гумони “тарроҳӣ” ва ёрӣ дар ин ҳамла дастгир карданд, вале баъзе аз онҳо худро бегуноҳ дониста, хоҳони бозбинии парванда шуданд.

XS
SM
MD
LG