Эътилофи арабӣ бо раҳбарии Арабистони Саудӣ пас аз партоби мушак аз Яман ба Риёз -- пойтахти Арабистони Саудӣ, Эронро муттаҳам кард ва дар баёнияе гуфт, ки ин ҳодиса метавонад "эъломи ҷанг" ба Арабистони Саудӣ хонда шавад.
Дар баёнияе, ки ин эътилоф субҳи душанбеи 6-уми ноябр нашр кард, гуфта мешавад, "нақши Эрон ва фармондеҳии мустақим"-и Ҳусиҳо дар партоби мушак, "ба унвони як таҷовузи рӯшани низомӣ, бо ҳадаф қарор додани кишварҳои ҳамсоя ва таҳдиди амният ва сулҳ дар минтақа ва ҷаҳон, қаламдод мешавад".
Эрон ҳаргиз ҳимояти маънавии худро аз гурӯҳи Ҳусиҳо, ки ҳукумат дар Санъоро дар ихтиёр доранд, пинҳон накардааст, аммо гузоришҳо дар бораи интиқол ё фиристодани аслиҳа барои онҳоро радд мекунад.
Ин баёния афзудааст, ки партоби мушак метавонад ба унвони ҷанги эълоннашуда ба Арабистони Саудӣ ба шумор равад. Дар идомаи ин баёния гуфта шудааст, ки эътилоф ба раҳбарии Арабистони Саудӣ, "ҳаққ"-и он кишвар медонад, ки дар "замон ва шакли муносиб", ба Эрон вокуниш нишон диҳад.
Қаблан Турки Ал-Моликӣ, сухангӯи эътилоф ба раҳбарии Арабистони Саудӣ гуфта буд, "афзоиши хатарноки буҳрон аз сӯи Ҳусиҳо, бинобар ҳимояти Эрон аст". Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Турки Ал-Моликӣ зимни як нишасти хабарӣ гуфтааст, "мошинҳои партобгари мушак", сохти Эрон буданд.
Пеш аз ин, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ки дар ҳоли ҳозир дар Ҷопон қарор дорад, гуфт, "ба назарам партоби мушак ба Арабистони Саудӣ, бинобар кӯмаки Эрон буд ва системаи дифоии мушакии мо онро аз байн бурдааст." Мушаки партобшуда аз дохили Яман дар наздикии шаҳри Риёз тавассути системаи дифоии Арабистони хунсо шуд.
Чанд соат пас аз изҳороти Арабистони Саудӣ, вазири дифои Эрон иттиҳоми даст доштаи Ҷумҳурии исломӣ дар ҳамлаи мушакӣ аз Яман ба Арабистони Саудиро рад кард ва фармондеҳи Сипоҳи посдорони Эрон низ гуфт, "аслан имкони интиқоли мушак ба Яман вуҷуд надорад" ва мушаки партобшуда ба худи гурӯҳи "Ансоруллоҳ" тааллуқ дорад". Эрон то ба ҳол ба баёнияи навинтишоршудаи Саудӣ вокуниш нишон надодааст.
Эрон ҳаргиз ҳимояти маънавии худро аз гурӯҳи Ҳусиҳо, ки ҳукумат дар Санъоро дар ихтиёр доранд, пинҳон накардааст, аммо гузоришҳо дар бораи интиқол ё фиристодани аслиҳа барои онҳоро радд мекунад. Ҳамзамон ниманизомиёни Ҳусӣ мегӯянд, мушаки партобшуда, ки онро "Оташафшон-1" номиданд, дар дохили худи Яман сохта шудааст. Ҳамон тавр, ки хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" гузориш дод, эътилоф ба раҳбарии Арабистони Саудӣ пас аз партоби мушак ба тарафи Риёз, чандин ҳамлаи ҳавоӣ ба Санъо анҷом дод.
Эътилофи арабӣ бо раҳбарии Саудӣ дар айни ҳол субҳи рӯзи душанбеи 6-уми ноябр миллионҳо доллар ҷоиза барои даҳҳо тан аз мақомҳо ва шахсиятҳои Ҳусӣ таъйин кард. Ин эътилоф дар раъси феҳристе, ки мунташир кардааст, барои маълумот, ки мунҷар ба боздошт ва ё кушта шудани Абдулмолик Ҳусӣ шавад, 30 миллион доллар ҷоиза таъйин кардааст. Ҳамчунин барои ду мақоми аршади гурӯҳи Ҳусиҳо дар Яман, 20 миллион долларӣ, таъйин намудааст. Феҳристе, ки телевизиони давлатии Арабистони Саудӣ мунташир кардааст, 40 нафар ва 400 миллион доллар ҷоизаро дар бар мегирад.
Ҷангҳо дар Яман пас аз он оғоз шуд, ки Ҳусиҳо ва тарафдорони Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раиси ҷумҳури пешини Яман алайҳи Абдурабуҳ Мансур Ҳодӣ, раиси ҷумҳури Яман, ки аз сӯи СММ ҳамчунон раиси ҳукумати ин кишвар ба шумор меравад, шӯриш карданд. Ҳодӣ пас аз ин шӯриш ба Адан ва сипас ба Арабистони Саудӣ гурехт.
Риёз низ эътилофе барои бозгардонидани ҳукумат ба ӯ, ташкил дод ва вориди ҷанги Яман шуд. Аз он вақт то ба ҳол ҳадди ақал 10 ҳазор нафар кушта ва садҳо ҳазор овора шудаанд. Назорати Яман дар ҳоли ҳозир миёни Ҳусиҳо ва муттаҳидони он дар Санъо ва минтақаҳои шимолӣ ва ҳаводорони Ҳодӣ ва давлати ӯ дар Адан ва минтақаҳои ҷанубӣ тақсим шудааст.