Подшоҳи Арабистони Малик Салмон бин Абдулазиз дар мулоқот бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, ки "Эрон бояд аз мудохила дар умури кишварҳои Ховари Миёна, даст бардорад".
Ба гузориши хабаргузории русии "Интерфакс", Малик Салмон бин Абдулазиз рӯзи панҷшанбеи 5-уми октябр дар Маскав гуфтааст, ки "мо таъкид дорем, ки амният ва субот дар минтақаи Халиҷ (Форс) ва Ховари Миёна, як амри фаврӣ ва лозимӣ барои даст ёфтан ба субот ва амният дар Яман аст."
Эрон, ки рақиби минтақаии Арабистони Саудӣ аст, дар ҷанги Сурия аз Башор Асад ҳимоят мекунад. Эрон ва Арабистони Саудӣ дар бӯҳрони Яман низ бо ҳам ихтилофи назар доранд.
Вай дар идома гуфтааст, "бинобар ҳамин, Эрон бояд аз мудохила дар умури кишварҳои минтақа даст бардорад ва ба амалкардҳои худ, ки вазъро дар минтақа ноором мекунад, поён диҳад". Суханони подшоҳи Арабистони Саудӣ дар ҳоле садо дод, ки Ҷумҳурии исломии Эрон низ он кишварро ба дахолат дар умури дохилии худ ва бархе аз кишварҳои минтақа муттаҳам кардааст.
Сафари Малик Салмон бин Абдулазиз бинобар он, ки нахустин дидори яке аз подшоҳони Арабистони Саудӣ аз Русия ба шумор меравад, аҳамияти вижа пайдо кардааст ва таҳлилгарон ба хусус онро дар робита ба қимати ҷаҳонии нафт, муҳим медонанд. Бар асоси гузоришҳо, Маскав ва Риёз дар бораи сармоягузориҳои молии муштараке, ки миллиардҳо доллар арзиш дорад, ба тавофуқ расидаанд.
Яке аз ин созишҳо, сармоягузории як миллиарддолларии Арабистони Саудӣ дар бахши энержии Русия аст. Тибқи бархе гузоришҳо, ду ҷониб пешнависи созишнома байни ду кишвар дар бораи фурӯши системаи зиддиҳавоии "S-400" ва мушакҳои зиддитанкӣ аз сӯи Русия ба Саудиро, ба имзо расонданд.
Эрон ва Арабистони Саудӣ дар сиёсатҳои хориҷии худ бо якдигар ихтилофоти зиёде доранд. Дар ҷанги дохилии Сурия, Маскав аз режими Башор Асад пуштибонӣ мекунад ва ҳукумати Арабистон аз мухолифони ӯ ҳимоят менамояд. Эрон, ки рақиби минтақаии Арабистони Саудӣ аст, дар ҷанги Сурия чун Русия аз Башор Асад ҳимоят мекунад. Эрон ва Арабистони Саудӣ дар бӯҳрони Яман низ бо ҳам ихтилофи назар доранд. Теҳрон аз шӯришиёни ҳусӣ ва Арабистони Саудӣ аз ҳукумати он кишвар ҳимоят мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфтааст, ки Маскав ва Риёз дар масъалаҳое чун мубориза бо терроризм ва пайдо кардани роҳҳиҳалҳои сулҳомез барои ҷангҳои Ховари Миёна, ба тавофуқ расидаанд. Одил Ал-Ҷубайр, вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ низ гуфт, ки робитаҳои Маскав ва Риёз "ба марҳила таърихӣ расидааст" ва онҳо бовар доранд, ки тақвияти робитаҳои дуҷониба таъсири мусбате дар барқарории субот ва амният дар минтақа ва ҷаҳон хоҳад дошт.