Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико ва Қатар тавофуқномаи мубориза бо терроризм имзо карданд


Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико, ки барои кӯмак ба коҳиши таниш байни Қатар ва чаҳор кишвари арабӣ ба Ховари Миёна сафар кардааст, рӯзи сешанбеи 11-уми июл дар ҷараёни дидор аз Қатар, бо ин кишвар созишномаи мубориза бо терроризмро имзо кард.

Вазири умури хориҷии Амрико дар идомаи ин сафари худ ба Арабистони Саудӣ хоҳад рафт. Рекс Тиллерсон, ки худро "дӯсти ин минтақа" хонд, пас аз мулоқот бо Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ -- амири 37-солаи Қатар изҳори умедворӣ кард, ки ба зудӣ роҳҳое барои ҳалли бӯҳрони ахир дар робитаҳои Қатар бо кишварҳои арабӣ, пайдо шавад. Ду кишвар дар ҷараёни ин дидор, як ёддошти тафоҳум дар мавриди "чаҳорчӯби иқдомоти ҳукумати Қатар барои тақвияти мубориза бо терроризм ва бархӯрди фаъол бо шабакаҳо ва манбаъҳои молии терроризм" имзо карданд.

Ин тавофуқ ба яке аз иттиҳоми чаҳор кишвари арабӣ алайҳи Қатар, ки иддао доранд он кишвар аз терроризм ҳимоят мекунад, посух хоҳад дод. Қатар ин иттиҳомотро рад кардааст. Оқои Тиллерсон, ки қарор аст имрӯз, чаҳоршанбеи 12-уми июл дар Риёз бо мақомоти Арабистони Саудӣ мулоқот намояд, дар айни ҳол аз Қатар ҳимояти сиёсӣ кард. Ӯ гуфт, "ба назарам Қатар дар мавқеи худ хеле ошкор буда ва масъулона амал кардааст."

Вазири умури хориҷии Амрико сафараш ба кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форсро рӯзи душанбе бо дидор аз Кувайт ва мулоқот бо Шайх Сабоҳ Оли Аҳмад Ас-Сабоҳ -- амири Кувайт оғоз кард. Амири Кувайт то ба ҳол байни Қатар ва чаҳор кишвари арабии мухолифи он миёнаравӣ кардааст.

Ин чаҳор кишвар авоили моҳи июн муносибатҳои дипломатии худро бо Қатар қатъ карда ва роҳҳои ҳавоӣ, баҳрӣ ва заминиро ба ин кишвар масдуд кардааст. Ҳаждаҳ рӯз баъд онҳо феҳристе шомили 13 дархост барои барқарор кардани муносибатҳо бо Қатарро мунташир карда ва барои иҷрои он ба Қатар 10 рӯз мӯҳлат доданд.

Ин шартҳо аз ҷумла иборат буданд аз маҳдуд кардани робита бо Эрон, қатъи ҳимоя аз гурӯҳи "Ихвон-ул-муслимин", ихроҷи нерӯҳои мусаллаҳи Туркия, ки дар ин кишвар ҳастанд ва бастани шабакаи телевизионии "Ал-Ҷазира". Ҳукумати Қатар ба таври қотеона ҳимоят ва кӯмаки молӣ ба гурӯҳҳои тундравро рад карда ва бо шартҳои ин чаҳор кишвар мухолифат карда ва гуфт, ин шартҳо ба маънои нақзи истиқлоли ин кишвар аст.

Ҳамзамон бо сафари Рекс Тиллерсон ба минтақаи Ховари Миёна, шабакаи хабарии CNN рӯзи душанбе санадҳоеро дар мавриди ҳамкориҳои Қатар бо кишварҳои ҳамсоя, ки солҳои 2013 ва 2014 имзо шудааст, ифшо кард. CNN мегӯяд, ки як манбаъ дар сатҳи минтақа ин санадҳоро дар ихтиёри он қарор додааст.

Ин санадҳо иборатанд аз як тавофуқи дастнавис байни раҳбарони Арабистони Саудӣ, Кувайт ва Қатар дар мавриди адами ҳимояти мустақим ва ғайримустақим дар умури дохилии якдигар ва се кишвари дигари узви Шӯрои ҳамкориҳои Халиҷи Форс, яъне Иморот, Баҳрайн ва Уммон.

Дар ин санад ба ҳаргуна ҳимоят аз Ихвон-ул-муслимин ва дигар гурӯҳҳое, ки аз онҳо ном бурда нашуда, вале метавонанд кишварҳои арабии ҳавзаи ҳошияи Халиҷи Форсро ба хатар биандозанд, мухолифат шудааст. Аммо аз нигоҳи Қатар, созмони "Ихвон-ул-муслимин" як гурӯҳи сиёсии машрӯъ аст ва солҳо мизбони Шайх Юсуфи Қарзовӣ, раҳбари маънавии ин гурӯҳ будааст. Дидгоҳи Қатар дар ин бора сад дар сад мухолифи дидгоҳи Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аст.

Чаҳор кишвари арабӣ рӯзи сешанбе ба таври ғайримустақим дурустии ин санадро таъйид карданд. Онҳо гуфтанд, ин санад бидуни ҳеҷ шубҳа нишон медиҳад, ки "Қатар ба ваъдаи худ амал накард ва ӯҳдадориҳои худро комилан нақз кардааст".

Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ки Рекс Тиллерсон умед надорад, ки ба зудӣ бӯҳрон миёни Қатар ва чаҳор кишвари арабӣ ҳалл шавад ва ин бӯҳрон мумкин аст моҳҳо давом кунад.

XS
SM
MD
LG