Маросими солонаи гиромидошти Муҳаммадризо Паҳлавӣ, охирин подшоҳи Эрон рӯзи 27-уми июл дар солгарди даргузашти ӯ бори дигар дар Қоҳира -- пойтахти Миср баргузор шуд. Шаҳбону Фараҳ Паҳлавӣ ва бону Ҷаҳон Содот -- ҳамсари Муҳаммад Анвар Содот, раҳбари пешини Миср дар миёни дӯстдорони хонадони паҳлавӣ, ҳузур ёфтанд.
Садҳои эронӣ дар маросими гиромидошти шоҳи собиқ
Имсол садҳо эронӣ низ аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Амрико, Аврупо ва Австралия барои иштирок дар ин маросим, ба Миср рафта буданд. Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ як сол пас аз хуруҷаш аз Эрон ва дар авҷи инқилоби он кишвар бо раҳбарии Оятуллоҳ Хумайнӣ, бар асари бемории саратони хун, дар яке аз бемористонҳои шаҳри Қоҳира даргузашт. Пайкари подшоҳи Эрон дар масҷиди Ар-Рифоӣ дар Қоҳира -- ҷое, ки оромгоҳи шуморе аз бузургони таърихи муосири Миср аст, дафн шудааст.
Шаҳбону Фараҳ Паҳлавӣ ва бону Ҷаҳон Содот дар ин маросимҳои ёдбуд, монанди аксари солҳои дигар, ибтидо бар мазори Муҳаммад Анвар Содот ва Сарбози гумном рафта ва гулгузорӣ карданд. Анвар Содот дӯсти наздики подшоҳи Эрон буд. Дар авҷи беморӣ ва саргардонии подшоҳ ва маликаи Эрон, ки бисёре аз кишварҳои ғарбӣ тамоюле ба ҳузури онҳо дар хокашон надоштанд, Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ меҳмони расмии Анвар Содот буд ва то охирин рӯзи ҳаёташ, вай монанди раҳбари як кишвар истиқбол ва нигоҳубин шуд.
Аммо худи Анвар Содот 15 моҳ баъд аз хоксупории подшоҳи Эрон, бинобар сулҳе, ки бо Исроил имзо карда буд, аз сӯи Холид Исломбулӣ, як афсари артиши Миср дар Қоҳира дар Қоҳира террор шуд.
Чун ҳамасола, Шаҳбону Паҳлавӣ ва бону Ҷаҳон Содот рӯзи 27-уми июл баъд аз адои эҳтиром ба Анвар Содот ва сарбози гумноми Миср, ба масҷиди Ар-Рифоӣ расида ва аз сӯи эрониёни омада аз ҷаҳон ва низ шуморе зиёде аз мисриҳои ҳаводор ба ёдбуди Анвар Содор, мавриди истиқбол қарор гирифтанд.
Шоҳидони эронии ширкаткунанда дар ин маросимщо ба Радиои Фардо-бахши эронии Радиои Озодӣ гуфтаанд, рӯҳониёни мисрӣ, масъулони созмони вақфи исломӣ ва шайхҳои масҷиди Ар-Рифоӣ дар ин маросим, ки ҷанбаи мазҳабӣ низ дошт, ширкат карда буданд. Фараҳ Паҳлавӣ дар паёме, ки дар ин маросим хонд, ба хизматҳои Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ ба Эрон таъкид кард ва гуфт, подшоҳ ҳамеша хайр ва некии Эрон ва мардуми онро мехост.
Вай пештар низ дар паёме дар бораи ин рӯз навишта буд, "охирин подшоҳи Эрон мехост низоми иҷтимоӣ бисёр инсонӣ ва демократӣ ҳамроҳ бо озодиҳои фардӣ, адолати иҷтимоӣ, мушорикати густурда ва огоҳонаи умумӣ дар ҳама умур, ба вуҷуд биояд."
Дар баробари нуқтаҳои матраҳшудаи ин баёния, мунтақидони Муҳаммад Ризошоҳ Паҳлавӣ ӯро муттаҳам ба саркӯби норозиёни сиёсӣ ва нақзи ҳуқуқи башар мекунанд. Аммо ҳаводорони ӯ ин иттиҳомотро рад кардаанд.
Талоши Миср барои бошукӯҳ таҷлил шудани маросим
Маросимҳои имсол дар Миср дар ёдбуди Муҳаммад Ризошоҳ Паҳлавӣ, бо чаҳорумин солрӯзи барканории Муҳаммад Мурсӣ, намояндаи Ихвон-ул-муслимин аз қудрат ба дасти генерал Абдулфаттоҳ Сисӣ, баробар омад. Як афсари пешини артиши шоҳаншоҳии Эрон муқими Аврупо, ки дар ин маросим иштирок дошт, ба Радиои Озодӣ гуфт, шакке вуҷуд надорад, ки ҳукумати кунунии Миср барои баргузории бошукӯҳ ва муназзами маросими ёдбуди имсол, талош карда буд.
Ин афсари пешини артиши шоҳаншоҳӣ, ки ҳамроҳ бо эрониёни дигар чанд рӯзро дар Миср паси сар кардааст, афзуд, "тартиботи муназзам ва бошукӯҳ, нерӯҳои горди расмӣ ва муҳофизони низомӣ, ки барои баргузории маросимҳо иштирок доштанд, далели ҳимояти ҳукумати Миср аз ин маросим буд."
Шоҳ ва шебу фарозҳои робита миёни Мисру Эрон
Миср дар замони ҳукумати 30-солаи Ҳуснӣ Муборак низ ба хонадони паҳлавӣ имкони баргузории ин маросимро медод ва яке аз иқоматгоҳҳои расмии худро дар ихтиёри малика Фараҳ мегузошт. Дар бархе аз маросимҳои ёдбуд дар солҳои гузашта писари Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ дар паҳлӯи модари худ ширкат мекард, аммо ӯ имсол дар ин оини ёдбуд ҳузур надошт.
Аз зимистони соли 2011 то миёнаҳои соли 2013 пас аз суқути ҳукумати Ҳуснӣ Муборак ва ба сари қудрати омадани Муҳаммад Мурсӣ, маросимҳои ёдбуди шоҳи собиқи Эрон дар Қоҳира танҳо бо ҳузури шумораи каме аз тарафдорони хонаводаи паҳлавӣ, баргузор мешуд. Аммо пас аз сари қудрат омадани Сисӣ дар тобистони соли 2013, бори дигар эрониёни бисёре дар тӯли сол барои боздид аз мазори Муҳаммад Ризошоҳ Паҳлавӣ ба Қоҳира мераванд.
Муносибатҳои Миср бо Теҳрон аз оғози Инқилоби исломии Эрон тира буда ва ҳанӯз ҳам ин робитаҳо дар поинтарин сатҳ қарор дорад. Миср ахиран дар паҳлӯи Арабистони Саудӣ алайҳи Эрон қарор гирифт. Дар бӯҳрони ахири Халиҷи Форс низ кишварҳои арабӣ аз Қатар хостанд, ки бо Эрон қатъи робита кунад.