Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Билайн" ва "Мегафон" дар пардохти андоз сабукӣ хостаанд


Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон
Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон гуфтааст, ки ширкатҳои мобилии русии "Билайн" ва "Мегафон" бо мақомоти Тоҷикистон "барои сабук кардани сарбории андоз дар нисбаташон", музокира доранд.

Лякин-Фролов як дар мусоҳибаааш бо оҷонсии хабарии “Россия сегодня” рӯзи 25-уми декабр гуфтааст, ширкатҳои Русия, аз ҷумла “Билайн” ва “Мегафон” дар шароити ғайриоддие дар Тоҷикистон фаъолият доранд. Сафир гуфтааст, дар комиссияи ҳамкориҳои иқтисоди ду кишвар, ки дар моҳи январи соли равон доир шуд, масъалаи фароҳам кардани шароити мусоиде барои пешбурди бизнеси ширкатҳои русӣ, баррасӣ шуда буд.

Дар масъалаи боло будани мизони андоз барои ширкатҳои тиҷоратӣ, мақомоти марбутаи Тоҷикистон мегӯянд, ки андозро аз ҳама ширкатҳо новобаста аз кадом кишвар намояндагӣ кардани онҳо, ба таври яксон андоз меситонанд.

Дар идома Фролов гуфтааст, "мушкилот аслан аз зуд-зуд иваз шудани таҷрибаи андозситонӣ дар Тоҷикистон аст ва айни замон миёни ин ширкатҳо ва мақомоти зиддахли Тоҷикистон барои сабук кардани сарбории андоз музокирот идома дорад."

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон дар ҳоле аз шурӯи музокираи шикратҳои "Билайн"-у "Мегафон" бо мақомоти андози Тоҷикистон хабар дод, ки дар оғози соли гузашта, аз гаронии андоз дар Тоҷикистон нигаронӣ карда гуфта буд, ки сарбории молиёт фоидаву зиёни ширкатҳои русиро баробар кардааст. Ба қавли сафири Русия дар Тоҷикистон, тағйироти ахир дар қонунгузории андоз мизони пардохти молиётро боло бурдааст ва ҳамакнун, ба гуфтаи ӯ, ширкатҳои русӣ фоидаи ночизе аз тиҷораташон мегиранд.

Моҳи декабри соли 2016 дипломати баландпояи Русия дар Тоҷикистон аз гаронии мизони андозҳо дар ин кишвар ва зуд-зуд иваз шудани қоидаҳои кор дар Тоҷикистон интиқод карда буд. Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон дар як мақолааш доир ба равобити Душанбеву Маскав дар маҷаллаи “Международная жизнь” навишт, ки сармоягузорони рус дар Тоҷикистон дучори мушкил мешаванд. Ба таъкиди сафир, мушкили сармоягузорон пеш аз ҳама “мизони ниҳоят баланди андоз” ва “зуд-зуд иваз шудани қоидаҳои бозӣ аст”.

Ӯ изҳори умедворӣ карда буд, ки ҷониби Тоҷикистон дар ин робита чораҳои зарурӣ меандешад, то сармоягузорони рус ба амалӣ кардани тарҳҳои худ идома бидиҳанд. Баъдан дар шарҳи ин андешаҳояш Игор Лякин Фролов дар сӯҳбат бо Радиои “Озодӣ” гуфт, ки ин андешаҳои ӯ бар асоси сӯҳбат бо ширкатҳои “Мегафон”, “Билайн”, “Газпром-нефт» арзёбӣ шудааст. Вай гуфт, "мизони андоз то ҳадде баланд аст, ки кори ширкатҳоро душвор мекунад."

Дар посух ба нигарониҳо дар масъалаи боло будани мизони андоз барои ширкатҳои тиҷоратӣ, Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон он замон гуфт, кумитаи зери роҳбариаш андозро аз ҳама ширкатҳо новобаста аз кадом кишвар намояндагӣ кардани онҳо, ба таври яксон андоз меситонад.

Вай гуфт: “Меъёрҳои андоз барои ҳамаи ширкатҳо яксон аст. Новобаста ба он, ки он ширкат бо сармоягузории Русия сохта шудааст ва ё кишвари дигар, онҳо резиденти Тоҷикистон ҳисоб мешаванд ва мо мувофиқи қонун аз онҳо андоз талаб мекунем. Мушкил дар гаронии андоз нест, балки дар риоя кардани қонунгузории андоз аст”.

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар он нишасти хабарии худ гуфта буд, ширкатҳо даромади воқеии худро пинҳон мекунанд, ки дар натиҷа мавриди ҷаримабандӣ қарор мегиранд.

Аз соли 2014 ба ин тараф чаҳор ширкати бузург, аз ҷумла «Бабилон мобайл», «Тселл», «Мегафон» ба додгоҳҳои кишвар аз қарорҳои Кумитаи андоз ва аз ҷумла талаби миллионҳо доллар «андози нопардохта» шикоят бурданд, вале даъвои онҳоро додгоҳ қонеъ накард ва масалан "Бабилон мобайл" маҷбур шуд, миллионҳо доллар ҷаримаву пардохтҳои талабкардаи Кумитаи андозро марҳила ба марҳила баргардонад.

XS
SM
MD
LG