Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориш: "Фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон бо ришва олуда аст"


Ширкатҳои амрикоӣ дар Тоҷикистон аз ҳодисаҳои ришваситонӣ ба ҳангоми харидҳои давлатӣ, содир намудани муҷаввиз, ҳалли баҳсҳо ва пардохти андоз, хабар додаанд. Ин нукта дар гузориши тозаи Департаменти давлатии Амрико доир ба фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон зикр шудааст.

Масъулони Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи маволи давлатӣ ва корхонаи “Тоҷинвест”-- ниҳоди тобеи ин кумита ва масъули ҷалби сармояҳо ба Тоҷикистон бо вуҷуди ошно шудан ба муҳтавои ин гузориш, аз ибрози назар дар ин робита худдорӣ варзиданд.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ширкатҳои амрикоӣ дар Тоҷикистон ба ҳангоми сармоягузорӣ ва гирифтани муҷаввиз ба тамаҷӯӣ ва ришватхории мансабдорон рӯ ба рӯ шудаанд. Ин гузориш ҳама паҳлӯҳои иқтисоди Тоҷикистонро ба риштаи таҳлил кашида, аз ҷумла гуфтааст, додгоҳҳо мустақил нестанд ва моликияти хусусӣ зери хатар қарор дорад.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ширкатҳои амрикоӣ дар Тоҷикистон ба ҳангоми сармоягузорӣ ва гирифтани муҷаввиз ба тамаҷӯӣ ва ришватхории мансабдорон рӯ ба рӯ шудаанд.

Муаллифони ин гузориш аз ҳолатҳое ёдовар шуданд, ки шахсони мансабдор дар Тоҷикистон барои ба даст овардани моликияти соҳибкорон ва ширкатҳои алоҳида аз мақомоти танзимгар истифода карданд. Дар чунин ҳолатҳо навиштаанд муаллифон, барои ҳифзи соҳибони молкияти хусусӣ, “чорае пешбинӣ нашудааст”.

Ин гузориш гуфтааст, Тоҷикистон соли 2012 Конвенсяи Ню-Йоркро доир ба эътирофи ҳуқуқи додгоҳҳои ҳакамии байналмилалӣ тасвиб кард, аммо дар амал додгоҳҳои Тоҷикистон ҳукмҳои додгоҳҳои байнамилалиро иҷро намекунанд. Барои мисол, дар ин гузориш омадааст, ки Додгоҳи ҳакамии Шветсия «TalCo»-ро ба пардохти қарзу ҷарима муваззаф кард, аммо додгоҳҳои Тоҷикистон ин ҳукмро иҷро накарданд.

Дар ин гузориши Департаменти давлатии Амрико ҳамчунон гуфта мешавад, низоми идории ниҳодҳои Тоҷикистон шаффоф нест. Ҳуҷҷатҳои муҳим мисли фармонҳо, қарорҳои ҳукумат, дастуруламал барои омма дастрас нест. Ин гузориш мегӯяд, ки ар вазорат барои худаш қоидаҳои нонавиштаи дохилие дорад, ки ба қонун ва ё санадҳои дигар вазоратхонаҳо метавонад мухолифат кунад. Барои мисол, муаллифони гузориш аз таҷрибаи нокоми сармоягузорони хориҷӣ дар Тоҷикистон навиштаанд, ки бо вуҷуди ваъдаи ҳукумат наметавонанд аз имтиёзҳои ваъдагии Ҳукумат баҳра бибаранд.

Тоҷикистон ба ширкатҳое, ки маҳсулот истеҳсол карда ба хориҷа содир мекунанд, имтиёз қоил шудааст: ин қабил ширкат ҳақ доранд андоз аз арзиши иловашудае (НДС), ки барои ин молҳои содиркардаашон пардохта буданд, аз давлат бозпас бигиранд. Аммо дар гузориши Департаменти давлатии Амрико омадааст, ки вақте чунин ширкатҳо ба мақомоти андоз ҷиҳати ҷуброни андози пардохт кардаашон муроҷиат кардаанд, дар ҷавоб мақомот гуфтаанд “дар Тоҷикистон механизми ҳуқуқии бозпас додани андози пардохтшуда вуҷуд надорад”.

Муаллифони ин гузориш пас аз пурсиши мудирони беш аз 100 ширкати бузург дар Тоҷикистон навиштаанд, пас аз амиқтар шудани таъсири буҳрон ба иқтисоди Тоҷикистон, сиёсати андозбандии давлат нисбати ширкатҳо “хашинтар” шуда, тафсири “бадеии” қонуни андоз ба ибораи моликони ширкатҳо ба як меъёр табдил шудааст. Соҳибкорон ба муаллифони ин гузориш гуфтаанд, то замоне ки хостаи нозири андоз дуруст шуморида навшад бо онҳо мисли “ҷинояткорон” муносибат мекунанд.

Гузориши Департаменти давлатии Амрико доир ба вазъи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле нашр мешавад, ки аз ин қабл даҳҳо ширкати хурду бузург дар Тоҷикистон ба як дипломати баландпояи аврупоӣ шикоят кардаанд, ки аз тафтишҳои пайваста ва молиёти зиёд безор шудаанд ва баъзеашон дар Тоҷикистон мондан намехоҳанд. Айни замон қисми зиёди сармояи хориҷӣ дар Тоҷикистон аз Чину Русия, Қазоқистону Амрико ва Канадаву Бритониё меояд. Аксари ин ширкатҳо дар соҳаи телекоммуникатсия, истихроҷи маъдан ва ё тавлиди нерӯи барқ кор мекунанд.

Аз ин қабл созмонҳои хориҷӣ дар гузоришҳои худ аз фасод ва коррупсия дар ниҳодҳои мухталифи Тоҷикистон хабар дода буданд. Аз ҷумла тибқи гузориши ахири созмони Transparency International, ки рӯзи 25 январ бо номи "Фасод ва нобаробарӣ бояд хотим ёбад" нашр шуд, фасод дар Тоҷикистон дар муқоиса бо нишондодҳои соли 2015, афзоиш ёфта ва Тоҷикистон миёни кишваҳои ҷаҳон дар мақоми 151-ум қарор гирифтааст.

Созмони Transparency International мегӯяд, ки мавқеи Тоҷикистон дар шохиси коррупсия аз назари сифати нишондодҳо, на аз рӯи мақом дар раддабандӣ муайян мешавад (соли 2015 Тоҷикистон дар раддабандии мазкур дар ҷои 136-ум қарор дошт). Гузориш мегӯяд, фасоду коррупсия дар Тоҷикистон бештар низоми додгустарӣ, ниҳодҳои қудратӣ ва шохаҳои ҳукуматро олуда карда, ин сохторҳоро дар чашми ҷомеа ношаффоф ва пӯшида нигоҳ медорад.

XS
SM
MD
LG