Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат ҷавоб меҷӯяд. Озодии баъзе ширкатҳо аз андоз чӣ ҳосил дод?


Афви бархе аз ширкатҳо аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ чӣ ҳосил дод? Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо дастур додааст, ки ба ин суол посух ёбад. Тибқи дастури ҳукумат, ки нусхааш рӯзи 5-уми август дастраси Радиои Озодӣ шуд, ин вазорат вазифадор аст, то анҷоми ин сол дар доираи як кумисюни вижаи иборат аз ниҳодҳои умури иқтисод дар кишвар самарбахшии имтиёзҳо ба ширкатҳоро таҳлил карда, аз натиҷааш ба ҳукумат гузориш диҳад.

Гуфта мешуд, танҳо ширкатҳое аз имтиёзҳои андоз баҳраманд мешаванд, ки дар ҳукумат аз лоббии пурқувват бархӯрдоранд.

Ҳар сол дар Тоҷикистон чандин ширкат аз имтиёзҳои давлат бархӯрдор шуда, аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ озод мешаванд. Аз ҷумла, ҳукумат дар панҷ соли охир ба ширкатҳои мурғпарварии “Ҳилол” ва “Беҳатмо”, ширкати ордбарории “Дон-ғарам”, “Комбинати металлургии Тоҷикистону Чин”, “Ширкати кӯҳиву саноатии Тоҷикистону Чин” ва “Тоҷирон” имтиёз дода, ба мӯҳлатҳои гуногун аз пардохти андоз озод карда буд.

Инчунин, корхонаҳои муштараки соҳибкор Акбар Ғуломов ва шаҳрвандони Чин, ки дар ҷануб ва шимол ба истеҳсоли семент машғуланд, ҳангоми бунёдашон аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ озод шуда буданд. Ширкати “Эйшн Экпресс”, ки гуфта мешуд ба миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ иртибот дорад, ҳангоми ворид кардани автобус ва таксӣ аз пардохти андоз озод шуда буд.

Дар ҳоле ки ширкатҳои русӣ ва кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо аз сарбории гарони андоз нисбаташон шиква мекунанд, ба назар мерасад ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон яке паси дигар аз имтиёзҳои андозӣ бархӯрдор шудаанд. Дар як соли охир ширкатҳои русӣ аз забони сафири ин кишвар дар Душанбе Игор Лякин Фролов ва ​ширкатҳои кишварҳои аврупоӣ тавассути Ҳидоят Бишчевич, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз мизони баланди андоз, ҷаримаҳои ҳангуфт ва “зуд-зуд иваз шудани қоидаҳои бозӣ” шикоят карда буданд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз вакилони порлумон ва анҷуманҳои соҳибкорон дар Тоҷикистон низ ин суолро матраҳ кардаанд, ки дар ҳоле бархе аз ширкатҳо маҷбуранд ҳамаи сарбории андозро бар дӯш гирифта, онро пардохт кунанд, чаро баре аз ширкатҳои алоҳида аз андоз озод мешаванд? Гуфта мешуд, танҳо ширкатҳое аз имтиёзҳои андоз баҳраманд мешаванд, ки дар ҳукумат аз лоббии пурқувват бархӯрдоранд.

Бинобар ин, ҳукумат ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо дастур додааст, як методологияи мушаххасеро таҳия кунад, ки минбаъд ҳукумат ба ширкатҳо танҳо бо назардошти аҳамияти иҷтимоӣ ва дигар критерияҳо имтиёз бидиҳад.

XS
SM
MD
LG