Ҷоҳан Деннелайнд, мудири иҷроияи ширкати “Телиа компани”-и Шведсия бо ирсоли як номаи боз ба унвонии Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷӣ ва Озода Раҳмон, раҳбари дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон, аз онҳо хостааст, ки ба мушкилоти бахши тоҷикистонии ин ширкат -- Tcell, расидагӣ кунанд.
Даннелайн гуфтааст, ки ҳанӯз моҳи сентябри соли гузашта ин ширкат 60 дарсад боқимонда саҳмияҳои худро ба Созмони рушди иқтисодии Бунёди Оқохон фурӯхта буд ва он бояд аз сӯи Оҷонсии зиддиинҳисории Тоҷикистон таъйид мешуд. Аммо Деннелайн гуфтааст, мӯҳлати таъйид ҳанӯз 29-уми ноябри соли 2016 сипарӣ шуд, аммо ҳанӯз ҳам Оҷонсии зидди инҳисории Тоҷикистон ин додуситадро таъйид накардааст.
Ширкати "Телиа" мегӯяд, сабаби таъйид нашудани додуситади саҳмияҳо бо Созмони рушди иқтисодии Бунёди Оқохонро намедонанд.
Ин мақоми ширкати "Телиа" гуфтааст, ки то ҳанӯз ширкат “посухе возеҳе” аз ҷониби Оҷонсии зиддиинҳисорӣ нагирифтааст ва сабаби таъйид нашудани додуситади саҳмияҳо бо Созмони рушди иқтисодии Бунёди Оқохонро намедонанд.
Деннелайн ҳамчунин аз талабҳои ба таъбири ӯ “ғайриқонуни андоз” низ ёдовар шуда ва гуфтааст, ки ин даъво ширкатро дар вазъияти душворӣ молӣ қарор додааст. Бар замми даъвоҳои андозӣ, таъйид нашудани додуситадҳо аз ҷониби Оҷонсии зиддиинҳисорӣ ба гуфтаи Деннелайн, “Тоҷиктелеком” -- ширкати давлатии мухобиротӣ низ қарзашро дар назди Tcell пардохт намекунад. Ҳарчанд Деннелайн андозаи ин қарзро зикр накардааст, аммо гуфтааст ҳамаи ин ҳолатҳо “дар маҷмӯъ ширкатро дучори фишори сахтми молиявӣ кардаанд ва ин ба он маъност, ки қисмати муҳими бахши мухобироти Тоҷикистон зери хатар қарор дорад”.
Ӯ аз мухотабонаш (Қоҳир Расулзода, Сироҷиддин Аслов ва Озода Раҳмон) хостааст, то ҳамаи чораҳои мумкини дар дасташон бударо барои ҳалли ин мушкил истифода кунанд. Ба навбаи худ Деннелайн гуфтааст, ӯ ва намондагони Созмони рушди Бунёди Оқохон омодаи мулоқот бо онҳо ҳастанд.
Ширкати мобилии “Telia Sonera”-и Шветсия -- молики ширкати мобилии Тсел дар Тоҷикистон дар моҳи январи соли ҷорӣ бо нашри як изҳорот гуфт, мақомоти андози Тоҷикистон ин ширкатро 155 миллион сомонӣ, муодили 20 миллион доллар ҷарима бастаанд. Ин ширкат дар изҳороти расмиаш дар сомонаи хеш, ки санаи 17 январ нашр шуд, гуфта буд, мақомоти андози Тоҷикистон дар пайи як санҷиш, ки давраи аз моҳи майи соли 2015 то июни соли 2016-ро дар бар мегирифт, ширкати Тсел-ро ба пардохт накардани андоз муттаҳам кардаанд. Тибқи изҳороти “Telia Sonera”, мақомоти андози Тоҷикистон ин ширкатро ҳоло муваззаф кардаанд, ки 155 миллион сомонӣ қарзу ҷаримаҳоро пардохт кунад.
Дар изҳороти “Telia Sonera” гуфта мешуд, ки мақомоти андози Тоҷикистон даъвои худро бар асоси “даромадҳои наандӯхта” пеш овардаанд. Яъне даромадҳое, ки ширкати Tcell метавонист бигирад. Аммо ширкати Tcell мегӯяд, дар Кодекси андози Тоҷикистон чунин мафҳум вуҷуд надорад. Ширкати “Telia Sonera” гуфт, ки барои қиёс он маблағе, ки мақомоти андоз аз онҳо талаб доранд, аз даромадҳои ширкат дар соли 2015 бештар аст. Ба гуфтаи “Telia Sonera”, ин талаби мақомоти андози Тоҷикистон ширкати Тсел-ро таҳти фишори шадиди молиявӣ қарор медиҳад.
Аммо Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар шарҳи ҷаримаи 155-миллион сомонии ширкати Тсел аз сӯи ин ниҳод гуфт, ин маблағ дар пайи санҷиш муайян шудааст ва пурра дуруст мебошад. Ӯ гуфт, ки ҳоло ҷонибҳо дар робита ба ин масъала вориди баҳси додгоҳӣ шуданд ва пас аз ҳукми додгоҳ, ин маблағ ба фоидаи будҷа ситонида мешавад.
Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон рӯзи 20 январ зимни нишасти хабарӣ дар ин робита афзуд, ки Тсел танҳо ширкате нест, ки ҷарима шудааст ва ба гуфтаи вай, дар пайи санҷиш дар соли гузашта, ширкати "Билайн" 151,3 миллион сомонӣ ва "Мегафон" 155 миллион сомонӣ ҷарима шуданд. Ба гуфтаи вай, ҳарду ин ширкатҳо ҳам вориди баҳси додгоҳӣ шудаанд ва ба гуфтаи вай "мағлуб" гаштанд.
Навор аз бойгонӣ:
Зимнан моҷарои қарздории Tcell аз андоз пас аз оне сар зад, ки ширкат дар моҳи сентябри соли равон эълон кард, 60 дарсади саҳмияҳояшро ба Бунёди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) бифурӯшад.
То кунун Бунёди Оғохон 40 дарсади саҳмияҳои ин ширкатро дар даст дошт. Масъулони ширкати Telia Company он замон гуфтанд, ки тасмими фурӯши саҳмияҳои Тселл бо ҳадафи қоҳиш додани ҳузури онҳо дар бозори АвруОсиё гирифта шудааст. Мақомоти Telia Soneria мегӯянд, ки Тселл ё Индиго Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, 66 миллион доллар нарх дорад ва 60 дарсади саҳмияҳояш ба 39 миллион доллар баробар аст, ки ҳоло Бунёди Оғохон бояд пардохт кунад.
TeliaSonera моҳи марти соли 2010 вориди бозори телефонҳои мобил ва Интернети Тоҷикистон шуд ва бо харидории ширкатҳои “Индиго Тоҷикистон” ва “Сомонком” ба ҷои онҳо бренди Tcell-ро ҷорӣ кард. Tcell баъди 5 соли фаъолият дар ин бозор бо тақрибан 3,3 миллион муштарӣ баъди “Вавилон”, ки теъдоди корбаронашро 3,5 миллион нафар мегӯяд, дар ҷои дуюм меистад.