Даҳҳо ширкати хурду бузург дар Тоҷикистон ба як дипломати баландпояи аврупоӣ шикоят кардаанд, ки аз тафтишҳои пайваста ва молиёти зиёд безор шудаанд ва баъзеашон дар Тоҷикистон мондан намехоҳанд. "Ба мо тақрибан 35 ширкату муассисаҳои аврупоӣ муроҷиат карданд. Онҳо аз тафтишҳои ниҳодҳои молӣ, ва бахусус молиёти зиёд шикоят доштанд ва ҳатто баъзеашон ният доранд, ки аз Тоҷикистон бираванд", –гуфтааст Ҳидоят Бишчевич, раиси дафтари Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе.
Ширкати "Tcell", Акссесбанк" ва меҳмонхонаҳои "Серена" ва "Шератон", ки чанд сол пеш бо шукӯҳу дабдаба дар ҳузури раиси ҷумҳури Тоҷикистон
Даҳҳо ширкати хурду бузург дар Тоҷикистон ба як дипломати баландпояи аврупоӣ шикоят кардаанд, ки аз тафтишҳои пайваста ва молиёти зиёд безор шудаанд ва баъзеашон дар Тоҷикистон мондан намехоҳанд.
мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, дар миёни ширкатҳое будаанд, ки «ҳар рӯз як ё ду нозир» барои тафтиши онҳо меомадааст.
"Ба Худо мехоҳед, аз дасташон худкушӣ кунед. Рӯзи дароз ё дар Кумитаи андоз, ё ҷойи дигар баҳсу камшакаш мекунӣ, вале фақат мегӯянд, ки мо ҳаққем ва шумо бояд фалон қадар пул пардозед", - гуфт як муҳосиби ширкати хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон ба тиҷорат машғул аст. Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, ин нишондиҳандаи Бонки Ҷаҳонӣ, ки дар Тоҷикистон як ширкат дар як сол тақрибан як моҳро сарфи муҳосиботу пардохти андоз мекунад, дуруст нест, зеро худи ӯ "ду-се моҳ" паси дари ниҳодҳои тафтишотиву андоз саргардон будааст.
Шикоят аз тафтиши пайвастаи нозирон ва молиёти зиёд дар Тоҷикистон ҳамеша вуҷуд дошт, вале бори аввал аст, ки як дипломати баландпояи Иттиҳодияи Аврупо ин масъаларо дар матбуот матраҳ мекунад. Аз ин пештар Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Душанбе, шикояти ширкатҳои русиро аз тариқи матбуот ба гӯши ҳукумати Тоҷикистон расонд ва аз ҷумла гуфт, чунин шикоятро аз ширкатҳои “Мегафон”, “Билайн”, “Газпром-нефт" шунидааст, ки ҳарсе дар Тоҷикистон намояндагӣ доранд.
Бар асоси шохиси Бонки Ҷаҳонӣ, Тоҷикистон аз назари ҳаҷми андоз фақат аз 10 кишвар «ақиб мемонад», ҳарчанд дар соли 2016 миқдору навъҳои андозро камтар кардааст. Ҳамин андози баланд ба гуфтаи Матлуба Ӯлҷабоева, раҳбари Ассосиатсияи соҳибкорони хурду миёна дар Тоҷикистон, сармоягузоронеро, ки ба Тоҷикистон омадаанд, пушаймон мекунад ва наомадаҳоро метарсонад.
«Дар муқоиса бо тамоми кишварҳои Шӯравии собиқ мо андози баландтар дорем. Сармоягузор пеш аз онки ба кишваре биёяд, харҷу даромадашро ҳисоб мекунад. Вақте вай харҷу дахлашро дар Тоҷикистону Қирғизистон муқоиса мекунад, албатта, ба Қирғизистон меравад, чун дар онҷо фоида бештар мегирад", - гуфт, ӯ.
Дар воқеъ, соли 2016, бештар аз 65 дар сади даромади ширкатҳои миёна дар Тоҷикистон барои молиёт харҷ мешуд, дар Қирғизистону Қазоқистон ин рақам фақат ба 29 дар сад мерасад. Ширкатҳои консалтингии хориҷӣ дар Тоҷикистон ҳам бархӯрд бо меҳмонони пулдор ва ё соҳибкорони хориҷиро танқид мекунанд. Як мутахассисе аз ин ширкатҳо бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, давлати Тоҷикистон ҳар ду сол барномаи ҷалби кӯмак ва сармояи хориҷӣ қабул мекунад ва дар соли 2014-2016 39-лоиҳаро бо арзиши 1 миллиарду 300 миллион доллар амалӣ кардааст.
"Ҳоло ҳукумат мехоҳад, дар се соли оянда 18 миллиарду 800 миллион доллар сармоя ҷалб кунад, вале бо ин гуна молиёту муносибат бо сармоягузорони хориҷӣ ман шак дорам, ки ба ин ҳадаф ноил шаванд", -гуфт ин мусоҳиби Радиои Озодӣ. Аз соли 2014 ба ин тараф чаҳор ширкати бузург, аз ҷумла «Бабилон мобайл», «Тселл», «Мегафон» ба додгоҳҳои кишвар аз қарорҳои Кумитаи андоз ва аз ҷумла талаби миллионҳо доллар «андози нопардохта» шикоят бурданд, вале даъвои онҳоро додгоҳ қонеъ накард ва масалан "Бабилон мобайл" маҷбур шуд, миллионҳо доллар ҷаримаву пардохтҳои талабкардаи Кумитаи андозро марҳила ба марҳила баргардонад.
Айни замон қисми зиёди сармояи хориҷӣ дар Тоҷикистон аз Чину Русия, Қазоқистону Амрико ва Канадаву Бритониё меояд. Аксари ин ширкатҳо дар соҳаи телекоммуникатсия, истихроҷи маъдан ва ё тавлиди нерӯи барқ кор мекунанд. Аммо мақомоти Кумитаи андоз мегӯянд, мукаммал шудани низоми андозситониро баъзе аз ширкатҳои хориҷӣ, ки баъзе аз пардохти андоз озод буданд, «сахтгирӣ» мешуморанд ва шикоят мекунанд. Ба гуфтаи мақомот, соли 2016 баръакс Тоҷикистон ислоҳоти зиёде дар ин замина анҷом дод, то фазои беҳтаре барои ҷалби сармоягузорон фароҳам шавад.
Масалан, молиёти ширкатҳои миёна аз аввали имсол аз 14 ба 13 дар сад поин оварда шуд. Молиёт аз роҳро ҳам аз рӯзи 1-уми январи имсол комилан аз байн бурданд. Ширкатҳои истеҳсолие, ки ба тавлиди маҳсулот машғул мешавад ва аз 200 то 500 ҳазор доллар сармоя мегузоранд, ду сол аз молиёт озод ҳастанд, ширкате, ки 5 миллион доллар меорад, 5 сол метавонанд, бидуни пардохти молиёт кор кунанд.
Аммо ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ ислоҳот агарчӣ хуб аст, вале аксаран рӯи коғаз мемонад ва мақомоти андоз, ҳарвақт нақшаи даромади андозро иҷро карда натавонанд, бо ҳар баҳона ба ҷайби ширкатҳои хориҷӣ ва ё муштарак даст мезананд.