Дар Тоҷикистон агар нозири андоз дари корхона ё ширкатеро кӯбад ва пардохти андози моҳ ё ҳатто соли ояндаро талаб кунад, касе ҳайрон намешавад.
Барои соҳибкори тоҷик чунин талаби нозири андоз, ки бо иддаои “плани андоз буд нашудааст” масъалаи пешпардохтро матраҳ мекунад, то дирӯз як ҳодисаи маъмулӣ шуда буд. Аммо Кумитаи андози Тоҷикистон бо судури як фармон ба тамоми нозирони ин ниҳод дастур дод, ки аз ин таҷриба даст кашанд, вагарна муҷозот хоҳанд шуд.
Рустамҷон Ҷабборов, муовини раиси Кумитаи андоз, рӯзи 5 август дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, тибқи фармони нави раиси кумита пешпардохти молиёт қатъиян манъ шудааст: “Аз ин ба баъд пешакӣ талаб кардани андоз, ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ муайян кардааст, манъ карда шуд. Супориш ба ҳамаи минтақаҳо равон карда шуд”.
Ҷабборов гуфт, ки Тоҷикистон узви Бонки Осиёии Рушд аст ва ин бонк дар дар доираи лоиҳаҳояш дар Тоҷикистон тавсия додааст, ки ба таҷрибаи пешакӣ ситонидани андоз хотима гузоранд, махсусан ҳоло, ки ширкату корхонаҳо ба бӯҳрони иқтисодӣ рӯ ба рӯ шудаанд.
Соҳибкорони тоҷик, ки чанд сол боз аз пешпардохти молиёт ранҷ мебаранд, фармони нави раиси Кумитаи андозро ба хушнудӣ пазируфтанд.
Баҳодур Ахмедҷонов, роҳбари ширкати “Кулканд”, фармони раиси Кумитаи андозро муҳиму саривақтӣ донист. Хусусан дар шароите, ки ба гуфтаи ӯ даромади ширкату корхонаҳо дар пайи таъсири буҳрон коҳиш ёфтааст ва пардохти андозҳои ҷорӣ барои ширкатҳо мушкил аст, чӣ расад ба пешпардохти он .
Матлуба Улҷабоева, роҳбари Анҷумани соҳибкорони хурду миёна мегӯяд, ин ки таҷрибаи пешпардохти андоз дар Тоҷикистон ба таври густурда ҷой дошт, камбуди худи соҳибкорон ҳам ҳаст. Ӯ гуфт, “ин як таҷрибаи маъмул буд (манзур пешакӣ ситонидани андоз). Аммо гап дар сари ин нест. Дар ин ҷо худи соҳибкорон ҳам гунаҳкоранд. Чунки ҳуқуқи худро намедонанд. Аммо аксари соҳибкорон шояд аз тарс талаби нозири андозро рад намекунанд”.
Улҷабоева мегӯяд, нозирони андоз ба хотири иҷро кардани нақшаи ҷамъоварии молиёт аз соҳибкорон пешпардохти андозро талаб мекунанд. Ӯ мегӯяд, ки нақшаи даромади андоз хеле бештар аз даромади воқеии ширкату корхонаҳо дар Тоҷикистон аст ва нозирони маҷбуранд, онро иҷро кунанд.
Имсол қисмати даромадҳои буҷа аз ҳисоби андоз дар сатҳи 12 милларду 522 миллион сомонӣ муқаррар шудааст. Таҳиягарони қонуни буҷаи Тоҷикистон имсол ҳам бе назардошти вазъи буҳронии ширкатҳо қисмати дармади буҷаро то 20 дарсад боло бурданд. Ин аст, ки нақшаи даромадҳои буҷа аз ҳисоби андоз 421 миллион сомонӣ камтар иҷро шуд ва Маҷлиси намояндагон дар нимаи сол бо таклифи ҳукумат ҳаҷми даромадҳои буҷаро 450 миллион сомонӣ камтар кард.
Бино ба маълумоти Вазорати молия то 70 дарсади даромадҳои буҷа аз ҳисоби андозҳои бахши хусусӣ ба даст меоянд. Бузургтарин андозсупорандагон ҳам аз шумори ширкатҳои хусусии соҳаи мухобирот, мисли Бабилон, Мегафон, Тсell ва Beeline ҳастанд.
Ширкатҳои давлатии тавлиди алюминий ва «Барқи тоҷик» ҳам аз андозсупорандагони калон ба шумор мераванд. Вале, айни замон ин ду ширкати бузурги давлатӣ дар сархати рӯйхати қарздорони андоз қарор доранд.
Зимнан мушкили пешакӣ талаб кардани пардохти андоз аз сӯи нозирон бо баҳонаи “буд кардани нақшаи ҷамъоварии андоз” мавзӯи як баҳсе дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон шуда буд. Он замон Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон гуфта буд, ба ин таҷриба хотима бояд гузошт, вагарна дар солҳои баъдӣ буҷаи кишвар даромаде нахоҳад дошт.