Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Якдигарфаҳмӣ кам шудааст, фишор ҳам мешавад" ВИДЕО


Дилрабо Самадова ва Райҳона Ҳақбердиева
Дилрабо Самадова ва Райҳона Ҳақбердиева

Баъзе аз занони ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон барои корашон, бахусус ҳимоят аз ҳаққи мунтақидону мухолифон ва хабарнигорону фаъолони маданӣ, зери танқид ё фишору таҳдид қарор мегиранду хомӯш мешаванд ва бархеи дигар кишварро тарк мекунанд. Гуруҳе бо вуҷуди душвориҳо ба фаъолияти худ идома медиҳанд.

29-уми ноябр рӯзи ҷаҳонии занони ҳомии ҳуқуқ аст. Бо чанде аз онҳо ҳамсуҳбат шудем.

“Ҳоло тақрибан 800-900 нафар мондаанд”

Дилрабо Самадова, мудири созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ", қариб ду даҳсола боз ба ҳайси ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон кор мекунад. Ӯ соли 2005 ҳамроҳи ҳафт ҳуқуқшиноси ҷавон Ассотсиатсияи “Ампаро”-ро таъсис дод. Ин созмон дар се бахш – ҷавонон, маълулон ва сарбозон –фаъолият мекард ва ҳар сол дар мавриди ҷалби ҷавонон ба артиш ва вазъи хизмати низомӣ дар Тоҷикистон мониторинг мегузаронд.

Пас аз баста шудани он Дафтари озодиҳои шаҳрвандиро бунёд гузошт, ки аз ҳаққи сарбозон ва ҷавонони синни даъват ба артиш ҳимоят мекунад. Мегӯяд, кораш ин ҳама сол осон набуд, аммо ниёзи ҷомеа ба ёрии ҳомиёни ҳуқуқ ба нерӯ мебахшад.

“Пештар, то гузаронидани реформа, қариб 2500 адвокат доштем. Ҳоло тақрибан аз 800 то 900 нафар ҳастанд. Дар баъзе аз ноҳияҳо адвокатҳо дида намешаванд. Шаҳрвандон ба Суд бе ҳимоятгар мераванду аз ҳуқуқи худ бохабар нестанд. Дигар мушкилӣ, албатта, якдигарфаҳмӣ кам шудааст. Фишор ҳам мешавад,” -- афзуд ӯ.

Дилрабо Самадова ҳамкоронаш дар баҳсҳои додгоҳӣ аз ҷабрдидагони қонуншиканӣ дар артиш ҳимоят мекунанд. Вай имсол бори аввал дар як раҳпаймоие, ки барои ҳуқуқу озодии занон дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон дар Мексика баргузор шуд, ширкат кард.

Мисли Дилрабо дар Тоҷикистон занони ҳомии ҳуқуқ зиёд нестанд. Шумораи онҳо торафт камтар мешавад, вале ҳанӯз ҳам ба кори худ идома медиҳанд.

"Мепурсанд, ки дилгир намешавед?"

Райҳона Ҳақбердиева, мудири созмони иҷтимоии “Дилафрӯз”, дар шаҳри Бохтар, бештар аз ҳаққи занони хушунатдида ҳимоят мекунад. Ҳам бо сухани хуш ва ҳам бо ҳарфи қонун. Самараи кораш ба ӯ дилгармӣ медиҳад.

“Мегӯянд, муаллима, ин қадар рӯзи дароз гиряву нолаи занонро мешунавед, дилатон намегирад? Мегӯям, дилам мегирад, аммо намехоҳам, занон ба чунин аҳвол гирифтор бошанд. Мехоҳам, ба чунин занон ёрӣ расонам. Албатта, ин ба рӯҳия таъсир мерасонад,” -- таъкид кард ӯ.

Хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон одатан кори дарунии оила дониста мешавад. Бо ин баҳона ба мушкили занон расидагӣ намешавад ва созмонҳои ғайридавлатӣ ягона ҷое мебошанд, ки озордидаҳо дари онҳоро мекӯбанд.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Ҳуқуқдони тоҷик Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, “занҳо раҳмдилтар ҳастанд. Новобаста ба он ки зерҳимояи онҳо кист, зан ва ё мард. Новобаста аз тафовути син, мақоми иҷтимоӣ ва арзишҳои инсониву ҷаҳонбинӣ, мавқеи шаҳрвандӣ ва интиқоди динӣ занҳо метавонанд ҷиддитар ҳамчун модар ба мавзуъҳо мутаваҷҷеҳ шаванд."

"Дар баъзе аз мавридҳо, ба ҳар сурат, додситон ё дигар ниҳодҳои қудратӣ аз репресия ё таҳдиду фишор қарор додани занҳо худдорӣ мекунанд, вале боис ба таассуф аст, ки солҳои охир вобаста ба ангеза ва моҳияти парванда ба занҳо низ чунин имконият дода намешавад," - - илова кард ӯ.

Ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, кор ба ҷое кашида шудааст, ки баъзе аз адвокатҳо ночор байни ҷабрдида ва мақоми айбдоркунанда вазифаи миёнаравиро иҷро намуда, зиндагиро пеш мебаранд.

Ин гап ҳам ҳаст, ки баъзе аз занони ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон лоиҳаҳои хуб менависанду пуштибонӣ мебинанд, вале на ҳамеша омодаи кумак ба корафтодаҳо ҳастанд. Аксаран онҳоянд, ки аз изҳори назар бо расонаҳо ва баланд бурдани маърифати ҳуқуқии ҷомеа худдорӣ мекунанд. Бархеи дигар намехоҳанд, ба ин васила кори муҳими онҳо ба чашми мақомот расад ва боис ба фишору таъқиб ё ҳатто баста шудани созмонашон гардад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Занони ҳуқуқдон дар Тоҷикистон чӣ вазъ доранд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:38 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG