Дархости онҳо рӯзи 27-уми ноябр дар Брюссел ва дар нишасти Кумитаи ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон садо дод.
Ҳарчанд дар изҳороти Иттиҳоди Аврупо пурра нагуфтаанд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баҳори соли 2022 шоҳиди эътирози гуруҳе аз сокинон ва саркӯби онҳо аз тарафи нерӯҳои Тоҷикистон буд. Дар он ҳодиса 34 нафар кушта, даҳҳо кас дастгир ва ба муддатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд.
Созмону кишварҳои ғарбӣ рафтори мақомоти Тоҷикистонро нақзи ҳуқуқи одамон медонанд. Мақомот гуфтаанд, ки ин афрод узви гуруҳҳои ҷиноӣ буданд. Наздикони кушташудаҳо ва зиндониён дар Бадахшон ҳамвора ба бегуноҳии онҳо таъкид мекунанд.
Иттиҳоди Аврупо дар нишасти 27-уми ноябр ба "зарурати беҳбуди ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдии инсон" дар Тоҷикистон таъкид карда, аз боздошти ҳомиёни ҳуқуқ, хабарнигорони мустақил ва блогерҳо низ ибрози нигаронӣ намудааст.
Мақомоти Тоҷикистон дар бештар аз як соли охир ҳашт хабарнигору блогерро дастгир ва аз 7 то 21 сол ба зиндон маҳкум карданд. Чанд ҳомии ҳуқуқи инсон низ дар зиндон ҳастанд.
Посухи намояндагони Тоҷикистон ба дархосту танқидҳои Иттиҳоди Аврупо маълум нест.
Намояндаи матбуотии Иттиҳоди Аврупо рӯзи 28-уми ноябр гуфт, ҳайатҳои ду тараф дар масъалаҳои минтақаӣ ва байнулмилалӣ, аз ҷумла обу энержӣ, тағйири иқлим, вазъи Афғонистон ва таҷовузи Русия ба хоки Украина суҳбат карданд.