Freedom Now, қароргоҳаш дар Вашингтон, дар баёнияе дар Твиттер навишт, ки "ӯро барои таъсиси ҳизби нави сиёсӣ ба маҳбас андохтанд".
Баёния 14-уми октябри имсол ва дар замоне нашр шуд, ки ба ҳисоби Freedom Now "аз боздошт ва ҳабси Зайд Саидов се ҳазору ҳаштсад рӯз гузашт".
Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири пешини саноати Тоҷикистон, моҳи майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе дастгир шуд.
Мақомот ӯро ба "суистифода аз мақом, бисёрзанӣ, ришвахорӣ, таҷовуз ба номус, сохтакории ҳуҷҷат, тасарруфи пули давлат ва саркашӣ аз пардохти андоз" гунаҳкор ва ба 29 сол зиндон маҳкум карданд.
Худаш ва тарафдоронаш иттиҳомҳоро беасос хонда, гуфтанд, ягона сабаби зиндонӣ шудани ӯ талош барои таъсиси ҳизби сиёсии "Тоҷикистони нав" буд.
Созмонҳои байнулмилалии мудофеи ҳуқуқи инсон Зайд Саидовро маҳбуси сиёсӣ дониста, борҳо бозбинии ҳукми ӯ ва раҳоияшро талаб карданд, аммо дар Тоҷикистон нодида гирифтанд.
Гуфтугӯ