Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Модараш намедонад, ки ӯ зинда аст ё мурда." Нопадидшавии мунтақидон. ВИДЕО


Наздиконаш мегӯянд, ҳашт сол боз аз Эҳсон Одинаев дараке нест
Наздиконаш мегӯянд, ҳашт сол боз аз Эҳсон Одинаев дараке нест

Эҳсон Одинаев, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Низомхон Ҷӯраев, Александр Содиқов, Мақсуд Иброҳимов ва даҳҳо мухолифу мунтақиди дигари ҳукумати Тоҷикистон қаҳрамони як гузориши байнулмилалӣ шуданд.

Баъзе аз онҳо дар зиндон ҳастанд; бархе даргузаштанд; дар бораи иддае аслан хабаре нест; танҳо чанд нафари ангуштшумор зери фишори созмону кишварҳои ғарбӣ озод шудаанд.

Гузориши "Нопадидшавиҳои маҷбурӣ" дар остонаи нишасти Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Варшава нашр шуд. Онро Стив Свердлов аз Донишгоҳи Калифорния ва Гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи инсон (USC Human Rights Advocacy Group) омода кардаанд. Свердлов то соли 2019 дар созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) кор мекард. Радиои Озодӣ дар мусоҳибае аз ӯ тафсилоти гузоришро пурсид.

Стив Свердлов
Стив Свердлов

Стив Свердлов: "Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо се сол пеш ба қароре омад, ки мафҳуми шиканҷаро васеътар шарҳ дода, нопадидшавиҳои маҷбуриро ҳам ба он дохил кунад. Нопадидшавии маҷбурӣ он аст, ки мақомот шахсро дастгир ё ҳабс мекунанд, вале нишон намедиҳанд ва намегӯянд, ки ӯ дар куҷост. Дар ҳолати бадтарин дигар ӯро намебинем. Дар бораи зинда ё мурда буданаш ҳам метавонад иттилоъ нашр нашавад. Ин ҳолатро дар мисоли Эҳсон Одинаев, фаъоли "Гурӯҳи 24", дидем. Вай соли 2015 дар Санкт-Петербург нопадид шуд. Ин намунаи барҷастаи падида аст. Мо қарор кардем, ки ин масъаларо дар Тоҷикистон омӯзем, чунки дар ин бора таҳқиқоте то ҳол набуд. Гузашта аз ин, Тоҷикистон дар миёни охирин кишварҳои узви САҲА аст, ки то ҳол Эъломияи байнулмилалии дифои инсон аз нопадидшавии маҷбуриро имзо накардааст. Мо даъват мекунем, ки ин санадро имзо ва қабул кунад."

Радиои Озодӣ: Дар гузориш нопадидшавиҳоро дар Тоҷикистон ба се марҳила ҷудо кардаед, чаро?

Стив Свердлов: "Давраи аввал аз соли 2002 то 2012 аст. Пас аз ҷанги дохилӣ. Ин замони оғози фишор ба мухолифони сиёсӣ аст. Аз нопадидшавии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Низомхон Ҷӯраев, Шамсуддин Шамсуддинов шуруъ мешавад. Сталин гуфтааст, "инсон набошад, мушкил ҳам нест". Дар ин давра мақомот диданд, ки ҷомеаи байнулмилалӣ чандон зиёд гап намезанад ва чизи зиёдеро намебинад. Ин як василаи "бисёр муносиб"-и саркӯбҳои сиёсӣ ва заминагузори марҳилаи дуюм шуд.

Александр Содиқов
Александр Содиқов

Марҳилаи дуюм солҳои 2012-2022-ро дар бар мегирад. Дар ин давра мисолҳо бисёр гуногунанд. Муҳаққиқ Александр Содиқов ҳангоми пажӯҳиш дар Помир нопадид шуд. Бисёре аз фаъолони "Гурӯҳи 24" ва ҳам аъзои оилаҳои ҲНИТ дар ин қатор ҳастанд. Номи гузориши мо "Ӯ барои озодӣ ҷон дод" иқтибос аз нақли модари Эҳсон Одинаев аст. Вақте бо ӯ мусоҳиба кардам, гуфт, ки писараш барои озодӣ ва фаъолияти сулҳомези сиёсиаш ҷон дод. Дар асл, то ҳол намедонад, ки писараш зинда аст ё мурда. Ҳамин вазъ ҳолати хоси азобро эҷод мекунад. Мо таваҷҷуҳи ҷомеаи байнулмиларо ҷалб карданием, чунки ин падида намуди дигари азобу шиканҷа ва қонуншиканӣ аст.

16 майи соли 2022, Хоруғ
16 майи соли 2022, Хоруғ

Марҳилаи сеюм ин буҳрони Помир аст. Мутаассифона, соли 2022 ин ҳодисаҳо пайваста рух медод ва барои мақомот як ҳолати одӣ буд, ки як нафар нопадид шавад ё ӯро муддате дар инзиво нигоҳ доранд. Мақомот аз ин васила тақрибан дар ҳар ҳолати вобаста ба ҳабси фаъолони помирӣ истифода карданд. Ман дар бораи Улфатхоним Мамадшоева, Амриддин Аловатшоев, Чоршанбе Чоршанбиев, Рамзӣ ва Ораз Вазирбековҳо, Фаромуз Иргашев мегӯям… Онҳо муддате нопадид шуда, баъдан дар мурофиаи додгоҳӣ дида шуданд, ки аллакай имкони таҳлили ҳарфи онҳову иттиҳомҳои зидди онҳо вуҷуд надошт. Чунин ҳолатҳо ба манфиати мурофиаҳои пурмушкили додгоҳӣ аст, ки ҳамеша ба нақзи ҳуқуқи инсон даст мезананд. Аз ин рӯ, аз мақомот дар Тоҷикистон даъват мекунем, ки Эъломияи байнулмилалии ҳифзи инсонҳоро аз нопадидшавиҳои маҷбурӣ имзо ва тасвиб кунанд."

Радиои Озодӣ: Нопадидшавиҳои маҷбурӣ солҳои охир на танҳо дар хоки Тоҷикистон ва ҳампаймонаш – Русия – дида мешавад. Дар кишварҳое ба мисли Туркия ҳам сурат мегирад. Ҳатто мунтақидони ҳукумати Анкара дар Тоҷикистон нопадид мешаванд. Қонунҳои байнулмилалӣ ҳам гуё кор намекунанд. Пас, чӣ тавр мешавад ҳуқуқро риоя кард?

Стив Свердлов: "Режимҳои худкома кайҳо дарк кардаанд, ки тавони эҷоди фазои бидуни ҳуқуқи инсонро доранд. Ҳамкорӣ ҳам мекунанд. Фазои мухолиф бо ҳама меъёрҳо, эъломияҳо ва уҳдадориҳо. Кори Тоҷикистон дар чунин шароит "омад" кард, чун кишвари хурд аст ва захираҳояш аз Туркияву Русия камтар. Ба назари ман, инро гузориши мо ҳам нишон медиҳад, ки Тоҷикистон кайҳо тарзи ҳамкориро бо хадамоти махсуси давлатҳои дигар ёд гирифт ва аз ҳамингуна ҳамкорӣ аз василаҳои бештари фишор болои мунтақидонаш бархурдор шуд. Аз ин рӯ, бояд корро аз бозтоби хабарии ин масъала шуруъ кунем.

Мо дар гузориши худ аз мавридҳои зиёди рабудани одамон дар Русия, Беларус, Туркия, Қазоқистон ва кишварҳои дигар ёдовар шудем. Дар бораи суистифода аз Интерпол ҳам медонем. Акнун бояд як механизми вижае дар сатҳи Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ эҷод шавад, ки як гузоришгари вижа ё гурӯҳи корие ба нопадидшавиҳои маҷбурӣ дар ҳамоҳангӣ вокуниш нишон диҳад. Ин танҳо мушкили Тоҷикистон нест. Ин аллакай як масъалаи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ шудааст. Танҳо аз ҳамин роҳ, яъне ошкор кардани ин ҳодисаҳо ва таваҷҷуҳи зиёд метавонем ба ин корҳо хотима гузорем. Ин масъалаҳо на танҳо бояд аз минбари СММ шунида шаванд, балки чораҳо андешида шавад. Як машварати мо ин аст, ки қонунгузориҳои кишварҳое ба монанди Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва ҳатто Ҷопон бояд дар сурати рӯй додани чунин амалҳо, таҳримҳои монанд ба санади Магнитскийро алайҳи дастандаркорони нопадидшавиҳои маҷбурӣ ҷорӣ кунанд ва дар баробари қонун ҷавобгӯ шаванд."

Радио Озодӣ: Дар як моҳи гузашта мо шоҳиди мулоқоти баландпояи мақомоти Амрико ва Иттиҳоди Аврупо бо раҳбарони Осиёи Марказӣ будем. То куҷо дар чаҳорчӯби мувофиқаҳои нави миёни Ғарбу Осиёи Марказӣ мавзӯи ҳуқуқи инсон метавонад дубора аҳамият пайдо кунад?

Стив Свердлов: "Дар суҳбатҳои ҳамкоронам аз ҷомеаи шаҳрвандӣ танқиду норизоиятӣ шунида мешавад, ки дар мулоқоти гузашта бо Байдену Шолтс ҳеч изҳороти сахте дар бораи зарурати ҳимояти ҳуқуқи инсон садо надод. Ба назари ман, ҳоло имкони он даст додааст, ки дар сатҳи маъмурияти Амрико ва Олмон бештар шудани шароити ҳуқуқи инсон дар ин кишварҳоро талаб кунем. Модоме, ки онҳо мегӯянд, “муколама кумак мекунад”, пас, муколама бояд барои беҳтар шудани вазъ истифода шавад. Дар навбати аввал бояд зиндониҳои сиёсӣ ва қурбониҳои нопадидшавиҳои маҷрубию саркӯбҳои байнулмилалӣ озод шаванд. Чунин талабҳо кори мушкиле нест, ба вижа дар пасманзари мулоқоти охири раҳбарони Осиёи Марказӣ. Тоҷикистон, ба вижа, гуфтааст, дар ҳамкориҳо ба василаҳои молӣ ва кумакҳо ниёз дорад. Аз ин рӯ, ман интизори қадамҳои мушаххас мебошам ва умед дорам, ки мо шоҳиди беҳбуди вазъ хоҳем шуд."

Видеои суҳбатро дар инҷо бинед:

Ҳомии ҳуқуқ дар бораи нопадидшавии мухолифини ҳукумати Тоҷикистон таҳқиқот анҷом додааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG