Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеварбону Рауфӣ: Фарҳанг ва ҳунари эътирозу дигарандешӣ


Зеварбону Рауфӣ
Зеварбону Рауфӣ

Дуруд ҳаммеҳани азиз!

Имрӯз мехоҳам сари мавзӯъи бисёр муҳиме бо ҳам ҳарф бизанем. Аммо қабл аз оғози суҳбат иҷоза бидеҳ порчаи кутоҳе аз китоби “Инсони исёнгар”(l’homme révolté)-и нависандаи фаронсавӣ Албер Камюро бо ту дар миён бигзорам ва сипас ба сари асли матлаб равем.

«Исёнгар кист? Инсоне, ки “На!” мегӯяд. Ғуломе, ки тамоми умр фармонбардор буда, ба ногоҳ дар меёбад, ки наметавонад аз фармони тозае итоат кунад. Манзури ӯ аз “На!” гуфтан чист?

Манзури ӯ масалан метавонад “ин вазъ дигар беш аз андоза тулонӣ шудааст!”, ё “то инҷо ҳар чӣ буд гузашт, аммо дигар бас аст!”, ё “ ин дигар зиёдаравӣ аст!”, ё “марзҳое ҳаст, ки набояд аз онҳо гузар кард!” бошад. »

Имрӯзҳо, ки дар кишварамон ҳаммеҳанонамон бо “гуноҳ”-и доштани андешаи фарқкунанда ба ҷазоҳое гирифтор мешаванд, ки одилона нестанд. Гӯӣ ҳеч кас на танҳо ҳавсалаи шунидан, ҳатто тоби вуҷуди андешае ба ғайр аз он чӣ дар сари худаш ҳастро надорад. Ҳама дӯст медоранд ҳақиқати мутлақ бошанд, дар сурате, ки чунин чизе ғайримумкин аст.

Гузашта аз ин эътироз кардан, ё беҳтар аст бигӯям, вуҷуди назарҳои мухталиф далели вуҷуди як ҷомеаи солим, озод ва муҳимтар аз ҳама рӯ ба рушд аст. Чун эътироз гӯётарин забони муштараки дунёст. Ин падида ба содагӣ метавонад марзҳои замонӣ, ҷуғрофиёӣ, сиёсию фарҳангиро убур кунад ва воситае барои мубодилаи афкор ва нигарониҳои умумиву муштарак гардад. Ҳамчунин онро метавон ба гунае як навъ ибрози ҳунарӣ низ шинохт. Мепурсӣ чаро ва чи тавр?

Шервини Ҳоҷиоқопур
Шервини Ҳоҷиоқопур

Яке аз ҷаззобтарин вижагиҳои эътироз пайванди наздики он бо ҳунар аст. Тазоҳурот, гуруснанишинӣ (эътисобот) ва эътирозҳо аксар вақт бо шаклҳои ҳунарие чун мусиқӣ, рақс, наққошӣ, намоишҳои ҳунарӣ ва адабиёт иброз мегарданд. Мисоли содаи онро дар замони эътирозҳои соли гузашта дар Эрон бо суруди “Барои”-и Шервини Ҳоҷиоқопур дидем. Ё силсила шеърҳои шоирони худамон, ки дар замони даргириҳои марзӣ бо Қирғизистон дар фазои маҷозии кишвар пайваста мунташир мешуданд.

Ҳунари эътироз метавонад таъсири амиқе рӯи ҷомеа гузорад, тафаккури мардумро барангезад ва биёмузад, ки ҳамеша роҳе барои иқдом вуҷуд дорад. Ҳамон тавре, ки романи “Бенавоён”- и Виктур Ҳюгу, ки дар соли 1862 нашр шудааст, муҷиби таъсироти назаррасе дар ҷомеаи замони худ гашт. "Les Miserables" шароити даҳшатноки зиндагии табақаҳои поёниро дар Фаронса дар асри 19 таъкид кард. Аз нобаробарии иҷтимоӣ, фақр, беадолатӣ ва қонунҳои сахти ҷиноии он замон парда бардошт. Он сатҳи огоҳии ҷомеаро аз масъалаҳои иҷтимоӣ боло бурд ва боиси эҷоди баҳсҳо дар бораи зарурати ислоҳот гашт. Ин асари Ҳюгу масирро барои бознигарии қонунҳои ҷиноӣ боз кард ва ниҳоятан дар соли 1863 ислоҳот барои бекор кардани меҳнати иҷборӣ барои ҷиноятҳои хурд дар ин кишвар қабул карда шуд.

Ҳюгу бо ин роман мероси пойдоре барои адабиёти фаронсавӣ ва ҷаҳонӣ боқӣ гузошта ва хонандагонашро ба андешидан дар бораи адолати иҷтимоӣ, ҳуқуқи инсон ва нобаробарӣ роҳнамоӣ мекунад.

Манораи Эйфел
Манораи Эйфел

Ҳаммеҳани азизам, ёдам меояд дар шарҳи матлаби қаблӣ бо лаҳни оғушта ба тарс ишора карда будӣ, ки набояд ба ҳеч ваҷҳ аз раисҷумҳур ё ҳукумат танқид кард, зеро Фаронса як кишвари мутараққист ва тамоми мушкилоташ ҳал шудаву намебоист онро бо Тоҷикистон муқоиса кард. Азизи дил, ҳарчанд комилан бо ин назар, ки дар кишварҳои мутараққӣ мушкиле барои ҳал вуҷуд надорад, мухолиф ҳастам, бигзор тасаввур кунем ту ҳаққӣ. Ба назарат оё тараққиёти имрӯзи Фаронса имконпазир буданд, агар дар масири таҳаввули ин кишвар афроде ба мисли Ҳюгу ва садҳо тан амсоли ӯ эътироз намекарданд? Барои рушди ҳар кишваре лозим ба афроде буда ва ҳаст, ки бар хилофи ҷараёни “маъмулӣ” ҳаракат мекунанд. Ба онҳо, ки ҳамранги ҷамоат нест ё барои зистан дар шаҳри як чашмҳо зарурате ба кур кардани яке аз чашмҳояшон намебинанд. Тоҷикистони мо имрӯз барои рушд муҳтоҷи онҳоест, ки тавоноии ташхиси дардҳояш, ҷустуҷӯи решаи мушкилоташ ва пайгири роҳҳои дармону ҳалли ранҷуриҳояш ҳастанд.

Лекин муносибати ҳукумат бо онҳое, ки воқеан ғамхори мардуму меҳанашон ҳастанд чӣ гуна аст? Оё воқеан ниёз дорӣ бароят мисолҳои рӯшан биёварам то ҳарфҳоямро бишнавӣ? Хуб, боке нест. Далери Имомалӣ, Завқибеки Саидаминӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода хабарнигороне, ки ҳангоми иҷрои вазифаи касбӣ ва шаҳрвандияшон дастгир шуданд ва ҳоло пушти милаҳои зиндон ҳастанд.

Аммо ману ту, ҳаммеҳани азизам, чӣ кардем ғайр аз сукут ё шояд ҳам як ҷумла эътирози гузаро? Моро ба сукут одат додаанд, мефаҳмӣ?

Як созмони мухолифи ҳукумат иддао кард, ки пайравонаш мошини ҳомили президент Эмомалӣ Раҳмонро дар Берлин бо тухм задаанд
Як созмони мухолифи ҳукумат иддао кард, ки пайравонаш мошини ҳомили президент Эмомалӣ Раҳмонро дар Берлин бо тухм задаанд

Ба ҳамин далел аст, ки ҳоло хабари аз тарафи мухолифон бо тухм задани мошини раисҷумҳур дар Олмон бароямон аҷибу ғайримаъмулист. Дар ҳоле, ки ибрози норизоятӣ ба ин шева дар кишварҳои ғарбӣ амали бисёр одӣ ба ҳисоб меояд. Лек барои ҷомеаи имрӯзии мо падидае нав ва шигифтангез (хориқулъода) шумурда мешавад.(Дар суҳбати баъдиямон муфассалтар дар ин бора хоҳам навишт.) Аммо оё ғайр аз ин аст, ки ҳар навъ хушунат, дер ё зуд бо аксуламали монанд рӯ ба рӯ хоҳад шуд?

Бо дастури ҳамин курсинишинон ҳаммеҳанони моро дар Вамари Рӯшон куштанд, ба гуноҳи он, ки эътироз кардаанд. Аз норизоятиҳои худ гуфтаву дар пайи ислоҳот буданд. Яъне ҳамчун ҳамон рӯшанфикрони кишварҳое, ки ту “мутараққӣ” мешиносияшон, хоҳони рушд ва беҳтар шудани аҳволи мардуми минтақае, ки дар он зиндагӣ мекарданд, буданд. Рушди ҳар гӯшае аз ин Ватан низ мусовист бо расидани қадам ба қадам ба рушди комили кишвар. Оҳ, азизи дил, лек бигӯ чӣ кардем дар дифоъ аз азизони хеш? Барои он ҳаммеҳанони шаҳидамон коре накардем, ки ҳеч... Аммо оё канори онҳое, ки аз ҳаққи аввалияи ҳаммеҳанони ману ту, ҳаққи ЗИСТАН, озодона зистан, ҳимоят мекарданд, будем? Акнун ҳомиёни он шаҳидон, Улфатхоним Мамадшоева, Ҳишом Ғулом, Муҳаммад Султон, Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо, Чоршанбе Чоршанбеев ва дигарон дар гӯшаи зиндонанд.

Ҳаммеҳанам, моро ба зистан дар сахттарин шароит одат доданд. Бо маҳдудияти (лимити) барқу об, нархҳои газофи маҳсулоти хурокии зарурӣ... ва мо ҳанӯз бояд барои ибрози озодонаи назарамон мунтазири иҷозаи касе бошем? Ҳангоме, ки аз ҳаммеҳанам мепурсанд аҳволи зиндагият чӣ тавр аст? Ӯ посух медиҳад: моҳе як бор, агар мабодо меҳмоне ба хонаам ояд, гушт мехарам, кош нархи орду равған арзон шавад. Маҳдудият ҷорӣ кардаанд, баъд аз соати 8-и шаб дар хонаам барқ надорам, кош дасти кам то соати 10 барқ медоданд...

Вақте барои одитарин чизҳои зиндагӣ мисли дастраси ба обу барқу хурокӣ, ҳаммеҳанам бояд орзу кунад, бо садое саршор аз шаку тардид, ки мабодо ин ҳарфам ба касе писанд наояд, "илтиҷо" кунад, қалбам пора-пора мешавад. Азизи дил, чиро, чӣ гуна ва бо кадом рӯ аз ман мехоҳӣ дар баробари шикаста шудани садои ғурури мардуми кишварам сукут ихтиёр кунам?

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG