Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломати амрикоӣ аз рафтори ҳукумати Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард. ВИДЕО


Майкл Козак дар нишасти САҲА
Майкл Козак дар нишасти САҲА

ИМА аз фишор болои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон амиқан нигарон аст. Дар ин бора 3 октябр дар рӯзи аввали ҷаласаи Арзёбиҳои инсонии САҲА дар шаҳри Варшава сафири Амрико Майкл Козак изҳори назар кард.

Дар матни суханронии ӯ, ки дар вебсайти сафорати Амрико дар САҲА нашр шудааст, Козак мегӯяд: "Oн ки дар Тоҷикистон ҳукумат ба таври пайваста ҷомеаи шаҳрвандиро ҳадаф қарор медиҳаду баъди моҳи марти соли 2022 созмонҳои ҷамъиятӣ, бахусус дар ВМКБ-ро маҷбур мекунад баста шаванд, мавриди нигаронии амиқи мо мебошад. Мо аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо мекунем, ки сохторҳои қудратӣ ба қонун пойбанд бимонанд ва аз ҳуқуқи инсон ва озодиҳои бунёдӣ дифоъ кунанд".

Видеоро дар инҷо тамошо кунед:

Нигарони сафири ИМА аз таъқиби мухолифини ҳукумат дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

Дар рӯзи аввали ҷаласаи САҲА, ки дараш ба рӯи ҳам намояндагони ҳукумат ва ҳам ҷомеаи шаҳрвандиву фаъолон боз аст, инчунин як намояндаи созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24" cуханронӣ кард.

Рустам Раҳматов
Рустам Раҳматов

Рустам Раҳматов, намояндаи ин созмон дар Олмон аз интихобот чун як маъракаи демократие ёдовар шуд, ки, ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон риоя намешавад. Раҳматов ҳамчунин аз сарнавишти номзади президентии соли 2020 Фаромуз Эргашев ёдовар шуд, ки дар паи саркӯби эътирозҳо дар ВМКБ соли 2022 ба 29 соли зиндон маҳкум гардид.

Ҷаласаи Варшава соле як бор баргузор мешавад ва дар гузашта саҳнаи кашокаш миёни ҳайатҳои ҳукумат ва мухолифони тоҷик шудааст. Имсол ширкати ҳайати давлатии Тоҷикистон дар ин ҷаласа, ки маъмулан барои баррасии вазъи масоили мисли озодиҳои бунёдӣ, вазъи созмонҳои демократӣ, таҳаммулпазириву табъиз ва ҳокимияти қонунро дар як соли ахир ташкил мешавад, маълум нест.

Вале ба иттилои Алим Шерзамонов, як намояндаи мухолифон дар Аврупо, дар ҷаласаи ҳошиявӣ қарор аст бо ташаббуси се ташкилоти фаъолони тоҷик - "Анҷумани озодандешони тоҷик", "Маркази Тоҷикистон оиди ҳуқуқи башар, Вена" ва "Фонди Бузургмеҳр Ёров" мавзӯи "Саркуби ваҳшиёнаи мухолифини тоҷик дар дохил ва хориҷ" баррасӣ шавад.

Дар ҳамин нишаст қарор аст таҳқиқоти нави ҳомиёни ҳуқуқ дар бораи нопадидшавиҳои маҷбурӣ дар Тоҷикистони баъди истиқлолият муаррифӣ шавад. Онро Стив Свердлов, як фаъоли ҳуқуқи инсон ва Гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи инсон нашр намуд.

XS
SM
MD
LG