Сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов ва публитсисти қирғиз Мусурқул Қобилбеков дар барномаи "Перекресток"-и бахши қирғизии Радиои Озодӣ ин масъаларо шарҳ доданд.
Радиои Озодӣ: Чанде пеш дар шаҳри Остонаи Қазоқистон гуфтугӯи сеҷонибаи раҳбарони Қирғизистон, Тоҷикистон ва Русия баргузор шуд. Гуфтугӯ паси дарҳои баста сурат гирифт, аммо дертар Путин гуфт, Маскав харитаҳоеро дорад, ки шояд Қирғизистон ва Тоҷикистон надошта бошанд. Дар ҷомеаи коршиносон аллакай назарҳое ироа мешаванд, ки эҳтимол Русия дар минтақа манфиатҳои худро дорад. Ба назари Шумо, оё санадҳои пешниҳодии ҷониби севум ҳар ду тарафро қонеъ мекунад?
Парвиз Муллоҷонов: "Аввал инки шубҳа дорам, Маскав харитаҳоеро дошта бошад, ки Бишкек ва Душанбе надошта бошанд. Дар замони Шӯравӣ харитасозӣ ба таври қатъӣ мутамарказ буд ва тамоми харитаҳо то андозае аз зери назари Маскав мегузаштанд. Бинобар ин, гуфтан мушкил аст, ки ҷонибҳо он замон бе иҷозати пешакии марказ аз харитаҳо истифода мекарданд. Ба ҷуз аз ин, харитаҳо дар давраҳои гуногун гузинаи тамоман мутафовити тақсимоти маъмуриро метавонистанд нишон диҳанд.
Дувум, харитаҳои замони Шӯравӣ, ки дар ҳудуди марзҳои маъмурӣ кашида мешуданд, он замон норавшан буданд. Барои ба марзи давлатӣ табдил ёфтани онҳо ҳоло хати сарҳад таъйин карда мешавад.
Инҷо суоле ба миён меояд, ки имрӯз кадом харитаҳоро истифода бурдан мумкин аст? Дар мавриди Маскав, ман гумон мекунам, ки Путин харитаҳои Ситоди кулро дар назар дошт ва бештари онҳо махфӣ буданд. Шояд ин ягона харитаест, ки Бишкеку Душанбе надоранд. Аммо ин харитаҳо низ метавонанд, аз ҳамдигар фарқ кунанд. Худи харитаҳои ситоди кул гуногун ҳастанд. Маскав кадоме аз онҳоро "пайдо" мекунад, суолест, ки посух мехоҳад. Барои намуна, метавон ихтилоф миёни Озарбойҷон ва Арманистонро мисол овард. Дар Маскав харитаҳое "пайдо" карданд, ки ба ҷониби Озарбойҷон мувофиқ омаданд ва дар Арманистон аз эътирофи онҳо худдорӣ карданд. Бигзор, Маскав харитаҳоро пайдо кард. Онҳо манфиати ҷониберо нишон медиҳанд, аммо ҳеч кас гузинаеро, ки ҳақ будани ӯро нишон намедиҳад, нахоҳад пазируфт."
Радиои Озодӣ: Яъне, эҳтимоли мувофиқ омадани харитаҳо ба ҳар ду ҷониб хеле кам аст?
Парвиз Муллоҷонов: "Бале, фикр мекунам, чунин гузина имконнопазир аст. Он чи мо ҳоло дар намунаҳои дигари харитаҳо мебинем, ба манфиати ин ё он ҷониб аст. Баъд? Оё норозиҳоро маҷбур кардан лозим меояд, ки харитаи Маскавро қабул кунанд? Ҷониби дигар ҳамеша хоҳад гуфт, ки тарафи муқобил ё Маскав натавонист, ҳамаи харитаҳоро пайдо кунад ва ё ончиро пешниҳод кард, ки худ қабул дошт. Барои намуна, Маскав бо ҷонибе ҷанҷол мекунад ва кӣ кафолат медиҳад, он харитаеро пешниҳод нахоҳад кард, ки дар ҳоли ҳозир бештар ба нафъаш ҳаст. Инҷо масъалаи боварӣ ба миён меояд. Гумон аст, ки харитаҳо мушкилро ҳал кунанд. Мо аллакай кӯшиши бо чунин шева ҳал кардани масъаларо намудаем. Ду ҷониб харитаҳои худро пешниҳод карданд ва ба хулосае расиданд, ки дар онҳо ягон мувофиқатӣ дида намешавад."
Радиои Озодӣ: Русия ҳоло дар ҳалли масоили марзӣ миёни Қирғизистону Тоҷикистон расман миёнарав нашудааст. Бо вуҷуди ин, чунин ба назар мерасад, ки як навъ раванд ба нақша гирифта шудааст. Ҷаноби Қобилбеков, ба назари Шумо, иштироки ҷониби севум дар масъалаи сарҳади миёни ду кишвар то куҷо зарур аст?
Мусурқул Қобилбеков: "Мо бояд дарк кунем, ки қирғизҳо ва тоҷикон мушкили худро бояд байни худ бо иродаи неки одамони оқил ҳал кунанд. Шахси севум чӣ кор карда метавонад? Вай метавонад, миёни мо биистад. Мо дидем, ки нерӯҳои СПАД (Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ) пас аз даргирии охирин дар Қаробоғи Кӯҳӣ чӣ гуна қарор доштанд. Дар онҷо ягон масъаларо ҳал накарданд.
Бовар дорам, Русия дар ин масъала бозии худро мекунад ва Шумо ҳеч гоҳ намедонед, ки ба зиддият ва ҷонибдории он чи чизе таъсир расонида метавонад. Ҳеч асосе вуҷуд надорад, то бовар кунем, ки он дар ин масъала комилан беғараз мебошад. Ҳама чиз ба вазъи сиёсӣ вобаста аст. Ҳамааш ба он вобаста аст, ки дар Осиёи Марказӣ бо кишварҳои Ғарбу Чин чӣ мешавад. Ба назари ман, мо бояд масъалаамонро худамон ҳал кунем ва созишномаҳои соли 1991-ро асос бигирем. Ман дарк мекунам, ки фишори демографӣ, баъзе шабоҳатҳои таърихӣ ҳастанд. Аммо ин роҳи сарбаста аст. Мо бояд ба он чизе, ки ҳамаи президентҳои он вақт имзо карда буданд, таваҷҷӯҳ кунем ва муносибатҳои худро дар ҳамин асос роҳандозӣ намоем."
Радиои Озодӣ: Қаблан дар ҷомеаи коршиносон ақидае ба миён омада буд, ки як кишвар, як давлат наметавонад ба ҳайси миёнрав баромад кунад. Пешниҳоди ҷалби созмонҳои байнулмилалӣ низ садо дода буд. Президенти Қирғизистон омодагии худро барои ҳамкорӣ бо миёнравҳо, аз қабили Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ва Созмони Милал изҳор дошта буд. Ҷалби созмонҳои бузурги байнулмилалие, ки аллакай дар ҳалли низоъ таҷриба доранд, то куҷо муассир хоҳад буд?
Мусурқул Қобилбеков: "Мо бояд аввал ба худ савол диҳем, ки ихтилофи мо бо Тоҷикистон то куҷо рафтааст ва оё мо метавонем онро худ ҳал кунем? Ин саволи аввал аст. Фикр мекунам, он ҳанӯз кушода аст. Дувум, мутаассифона, дар тамоми солҳое, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ сипарӣ шуд, нухбагони Осиёи Марказӣ масъалаи муҳимтаринро ҳал накардаанд: худро субъекти мустақил эътироф накардаанд. Онҳо ба хусусигардонӣ, мубориза барои ҳокимият машғул буданд. Онҳо мушкилҳои хеле хурди музофотҳоро ҳал мекарданд. Мутаассифона, дар ягон давлати Осиёи Марказӣ шахсияте набуд, то дар бораи чизҳои дуру дарозе, ки дар минтақаи мо ба миён меоянд, андеша кунад.
Абарқудратҳои бузург дар сурати пеш омадани ҳар гуна низоъ дар шароити ноустуворӣ ва тағйироти ҷаҳонӣ ба мо таваҷҷуҳ нахоҳанд кард. Ман фикр мекунам, ҳоло бояд шитобкорона миёни коршиносони Қирғизистон ва Тоҷикистон дипломатияи мардумиро роҳандозӣ кард. Ба ҳеч ваҷҳ набояд масъалаҳои сулҳу суботро дар ихтиёри низомиён гузошт."
Болот Колбаев, бахши қирғизии Радиои Озодӣ
Гуфтугӯ