Инъикоси муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дубора мавзӯи сустию тавоноӣ ва риояи меъёрҳои касбиро дар кори расонаҳои ду кишвар ба намоиш гузошт.
Коршиносон мегӯянд, ҷониби Тоҷикистон бо сабаби саркӯби расонаҳои мустақил ва набудани матбуоти озод дар бозтоби ҳодиса фаъол набуд, вале озодии бештар ба расонаҳо дар Қирғизистон заминаҳои зиёдаравиро низ ба миён овард. Ҳамзамон, коршиносон, расонаҳои ҳарду кишварро барои фаъолиятҳои берун аз чорчубаи хабарнигорӣ танқид карданд. Ба гуфтаи онҳо, дида мешавад, ки дар ҳарду кишвар расонаҳо ва рӯзноманигорон хеле зуд дар хидмати ҳукуматҳо қарор гирифтанд, аммо фазои нисбатан бози иттилоотӣ ва ҳамкории мақомоти Қирғизистон бо матбуот шароитеро пеш овард, ки аксари расонаҳои ҷаҳонӣ ба даргирии марзӣ асосан аз чашми онҳо нигаристанд.
Бар асоси охирин омор дар Қирғизистон наздик ба 2000 нашрия, радио, телевизион ва созмонҳои кор бо журналистон сабти ном шудааст. Дар ин миён 126 радиову телевизиони мустақил фаъол мекунанд, ки сартосарианд.
Дар Тоҷикистон ҳамагӣ наздик ба 700 нашрия сабти ном шудааст, ки аксаран давлатиянд ва бархе ҳам моҳе якбор нашр мешаванд. Дар ин миён танҳо 55 телевизион ва радиои хусусӣ фаъолият мекунад, ки маҳаллӣ буда, дар маҳдудаи шаҳру навоҳӣ пахш мешаванд.
Дар Қирғизистон даҳҳо хабаргузории мустақил мавҷуд аст, вале дар Тоҷикистон ба ҷуз аз хабаргузории шӯрависабки “Ховар” метавон аз “Азия Плюс” ва “Авесто” ном гирифт, ки баъд аз моҳи майи имсол чандон қавӣ ва фаъол нестанд. Вале муҳимтар аз шумораҳо фазои бози кори расонаҳои ахбори ом ва шеваи кори онҳо дар ду кишвар аз ҳамдигар фарқи зиёд дорад. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон аз пешгомони озодии матбуот дар тамоми Осиёи Марказӣ буд.
"Дар мо саркӯб шуд, дар Қирғизистон рушд кард"
Зафар Суфӣ, муассиси хабаргузории “Озодагон”, ки дар Тоҷикистону Қирғизистон фаъолияти рӯзноманигорӣ кардааст, мегӯяд, пас аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон як матбуоти нисбатан озод пайдо шуд, вале пас аз соли 2010 то соли 2015 онро саркуб карданд. Баръакси ин, дар Қирғизистони ҳамсоя, журналистика бо майлонҳои нави хабарнигорӣ рушд кард.
“Дар Қирғизистон, ки борҳо раҳбарони ҳукумат иваз шуданд, матбуот тағйир накард, баръакс рушд намуд. Созмонҳое, ки барои озодии баён талош мекунанд, фаъол буданд. Дар Тоҷикистон барои хабарнигорон он қадар мушкиле эҷод шудааст, ки дар Қирғизистон нисфаш вуҷуд надорад. Фазои озодии баён дар Қирғизистон боз буд. Ин озодӣ муҳитеро эҷод кард, ки журналистика рушд кард. Ҳарчанд, дар пӯшиши ҳодисаҳои марзӣ ин кишвар аз ин озодӣ сӯистифода кард, вале дар ин сӯистифода ҳам ба фарқ аз сӯистифодаи Тоҷикистон дида шуд, ки шеваи иттилоърасонӣ хеле пешрафта аст,”—гуфт ӯ.
Хабарнигорон дар Тоҷикистон мегӯянд, аз ҷониби мақомот онҳоро ташвиқ мекарданд, ки аз ҳодисаҳои марзӣ ба нафъи кишвар пуштибонӣ кунанд, вале дар иваз иттилоъ ё далеле пешниҳод намекарданд. Мақомот дар Тоҷикистон дар ин муноқиша муҳимияти кори хабарнигоронро дар ҳоле бештар ҳис карданд, ки наздик ба 10 хабарнигору блогер, мисли Далери Имомалӣ, Абдуллоҳи Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Улфатхоним Маҳамдшоева дар зиндон ҳастанд.
"Масъаларо бояд ду роҳбар ҳал кунанд, на генералҳо"
Дар чанд соли ахир даҳҳо расона дар Тоҷикистон баста шуданд, рӯзноманигорон зери фишор қарор доранд ва сомонаҳои мустақил маҳдуд шудаанд. Барои рӯзноманигорони хориҷӣ аккредитасия ё парвонаи кор дар Тоҷикистон намедиҳанд.
Мушкиле, ки ба гуфтаи Турат Ҳакимов, таҳлилгари қирғиз аз Бишкек дар Қирғизистон вуҷуд надорад ва “матбуот дар ин кишвар бисёр озод аст.” Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, як хатти сурхи хатарнок, танқид накардани Содир Ҷабборов, президент ва Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ барои журналистон вуҷуд дорад, вале дар пӯшиши дигар масъалаҳо мушкиле барои хабарнигорон нест.
Дар Тоҷикистон солҳо боз ҳеҷ расонаи қавии мустақил сабти ном нашудааст, вале Турат Ҳакимов мегӯяд, сабти расона дар Қирғизистон як кори одӣ аст.
Бо ин вуҷуд, ӯ аз шеваи тақдими муноқиша дар марз аз ҷониби расонаҳои Тоҷикистону Қирғизистон розӣ нест. Ӯ мегӯяд, ҳоло ин ҷанги иттилооте, ки дар фазои ду кишвар алайҳи ҳамдигар давом дорад, агар хатм наёбад, ин вазъ дубора ба муноқишаи воқеӣ мерасонад.
“Мақомоти ду кишвар пропаганда доранд ва хабарнигорон зери шиори ватандӯстӣ ба онҳо дода шудаанд. Бояд матбуоти ҳарду кишвар раҳбаронро танқид кунанд, ки солҳо боз роҳи ҳалли мушкилоти марзиро пайдо намекунанд, на инки мардуми ду кишварро дар муқобили ҳам қарор диҳанд. Ман фикр мекунам, ки агар Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов бо ҳам нишинанд, нишасти матбуотӣ кунанд ва гӯянд, ки мо оташбас кардем, дипломатҳо кор мекунанд, ҳамдигарро бояд сиёҳ накунем, ин бебандубории иттилоотӣ қатъ мешавад. Ҳоло ҳама эҳсосотӣ ҳастанд, чун аз ҳарду тараф қурбонӣ ҳаст. Ба эҳсоси онҳо бозӣ кардан хатарнок аст. Ду раҳбар бояд ҳал кунад. Масъаларо ба ду генерал. Ятимов ва Тошиев, ки ба ҷуз ҷанг кардан чизи дигареро намедонанд, набояд вогузор намуд,”—гуфт ӯ.
Турат Ҳакимов афзуд, агар имкон медошт, аз журналистони ду кишвар даъват мекард, ки ба решаи мушкил нигоҳ кунанд, ки ба кори раҳбарони ду кишвар бармегардад, на инки ба эҳсоси ду миллат бозӣ кунанд.
Чаро ҳодиса аз дидгоҳи Қирғизистон бозтоб ёфт?
Дар аксари расонаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳоло талош мешавад, ки тарафи дигарро сабабгору оғозгари муноқиша ба қалам диҳанд. Ҳарчанд, дар ин замина ҳанӯз ҳеч таҳқиқоти мустақил анҷом нашудааст ва маълум нест, ки кадом кишвар аввалин шуда тир паронд. Корбарони тоҷику қирғиз ба таври хастагинопазир ҳамдигарро маҳкум мекунанд ва аз ҷанги лафзии онҳо шабонарӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ давом дорад.
Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, матбуоти озоди Қирғизистон дар хидмати ҳукумати ин кишвар қарор гирифт, ки кори матбуоти саркӯбшудаи тоҷик дар баробари он ночиз ба назар мерасид. Ба гуфтаи ӯ, боз будани матбуот ва бо расонаҳо ҳамкорӣ кардани мақомоти қирғиз имкон дод, ки дар расонаҳои ҷаҳонӣ ин ҳодиса аз дидгоҳи Қирғизистон бозтоб ёбад.
“Онки фаъолону журналистону блогерон аз ҳарду ҷониб меъёрҳои рӯзноманигориро риоя накарданд, боиси таассуф аст. Мо талош кардем, ки аз фаъолияти нодурусти рӯзноманигорон ва блогерон дар Тоҷикистон пешгирӣ кунем. Мо ба онҳо гуфтем, ки бояд ҳама кор дар доираи қонун сурат гирад. Ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам дар сомонаҳо мо мавод пешниҳод кардем, то журналистика ба дастгоҳи таблиғотӣ (пропаганда) мубаддал нагарданд,”—гуфт ӯ.
"Рӯзноманигорон набояд аз ягон тараф ҷонибдорӣ кунанд"
Музаффар Сулаймонов, узви барномаи авруосиёии “Мудофеони Ҳуқуқи Шаҳрвандӣ”, мегӯяд, “дар Тоҷикистон матбуоти мустақил ва интиқодӣ сахт саркӯб шуда, амалан аз байн рафт, вале журналистони озод низ дар Қирғизистон мавриди ҳамла ва фишор қарор мегиранд. Аммо ин ҷо неру ва ҳаҷми фишор ба маротиб камтар аст."
Ӯ гуфт, мақомоти тоҷик саркуби расонаҳоро хотима бахшанд, рӯзноманигорони боздоштшударо раҳо созад, то онҳо тавонанд дар чунин вазъ дуруст кор кунанд ва ба мардум иттилои саҳеҳ пешниҳод кунанд.
“Мо аз ҳукумати ду кишвар даъват мекунем, ки ба рӯзноманигорони мунтақид иҷоза диҳанд, ки кори худро озодона, бидуни ягон хатар ба озодӣ, саломатӣ ва амнияти онҳо анҷом диҳанд. Мо аз рӯзноманигорон даъват менамоем, ки интиқодгар ва мустақил боқӣ монанд ва аз ҷонибдории як тарафи муноқиша худдорӣ кунанд,”—гуфт ӯ.
Рӯзҳои 14-17-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи мусаллоҳона сар зад, ки дар пайи он аз ду тараф беш аз сад нафар кушта ва садҳо нафари дигар захмӣ шуданд. Аз анҷоми оташбас чор рӯз гузашт, вале зоҳиран ин “ҷанг” дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо давом дорад. “Ҷанг”-е, ки ҳеҷ тарафе ба оташбас даъват намекунад ва поёни он ҳам маълум нест.
Гуфтугӯ