Бо гузашти як моҳи расо аз муноқишаи хунин дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ҳайатҳои ду кишвар дар Душанбе 5 рӯз масъалаи таъйину аломатгузории марзро баррасӣ кардаанд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 15-уми октябр бо нашри як баёнияи кутоҳи расмӣ гуфт, ки гуруҳҳои топографӣ ва ё маконнигории ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба таъйину аломатгузории марзи ду кишвар аз рӯзи 10-ум то рӯзи 15-уми октябр “оид ба гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда мубодилаи афкор намуданд ва ба мувофиқа расиданд, ки муҳокимаро дар вохӯрии навбатӣ, ки дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, идома медиҳанд.”
Вазорат дигар ҷузъиёте дар бораи гуфтугуҳо надодааст ва маълум нест, ки мулоқоти баъдӣ кай ва дар кадом шаҳри Қирғизистон сурат мегирад. Ҳукумати Қирғизистон ҳам баёнияи шабеҳеро нашр карда ва ҷузъиёти суҳбатҳоро нагуфтааст.
Як моҳи расо пештар аз ин мулоқот дар рӯзҳои 14-17-уми сентябр дар натиҷаи низоъ дар сарҳади ду кишвар дар вилояти Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон бештар аз 100 нафар кушта шуданд. Ҳарду кишвар, ки садҳо километр марзи аломатгузориношуда доранд, якдигарро ба таҷовуз ба қаламрави ҳамдигар муттаҳам карданд.
Баъди ин муноқиша муносибати Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳадде сард шуд, ки раҳбарони ду кишвар бо ҳам ба қавле “қаҳрӣ” карданд ва дар як мулоқоти сеҷониба бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба ҳам даст надоданд.
Рӯзи 13-уми октябр ва дар рӯзе, ки гуруҳҳои кории нақшабардориву маконнигорӣ дар Душанбе баҳс доштанд, ки хати марз аз куҷо мегузарад ва кадом қисмат аз Тоҷикистону кадомаш аз Қирғизистон аст, Владимир Путин дар як талоше барои ба ифоқа овардани ду тараф, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистонро дар шаҳри Остона паси мизе нишонд, то роҳи ҳалле ба гуфтаи ӯ пайдо шавад. Мулоқот дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои муштаракулманофеъ дар пойтахти Қазоқистон сурат гирифт.
Баъди ин мулоқот, Владимир Путин дар посух ба суол дар бораи натиҷаҳои нишаст изҳор дошт, ки гуфтугуҳо созанда буд, вале “табиист, ки дар замони бисёр доғ будани муносибатҳо ёфтани нукоте барои ҳамдигарфаҳмӣ содда нест.” Вале гуфт, ӯ ду тараф ба созиш расиданд, ки ҳама чораҳоро меандешанд, ки “дигар амалиётҳои ҷангӣ аз сар гирифта нашаванд.”
Владимир Путин гуфт, ки Русия талабгори миёнҷигарӣ барои ҳалли муноқиша байни Тоҷикистону Қирғизистон нест, ҳарчанд аз “мо чунин дархост карданд.
Ӯ афзуд: “Мо ба созиш расидем, ки ҳарду тараф санадҳои лозимӣ ва назароти худ дар бораи ҳалли мушкилро дар ихтиёри мо мегузоранд ва мо саъй мекунем, на танҳо ин пешниҳодҳоро арзёбӣ намоем, балки барои ёфтани роҳи ҳал санадҳоеро истифода мекунем, ки дар ихтиёр дорем ва метавонанд, дар расидан ба созиш кумак кунанд. Манзури ман ин аст, ки дар Маскав иттилооти дақиқ дар бораи марзҳои кишварҳои шӯравии собиқ бештар аз он аст, ки худи ин кишварҳо доранд. Мо ин санадҳоро, ин харитаҳоро берун меорем, мебинем ва сипас бо ҳамтоёни худ роҳи ҳалро ҷустуҷу мекунем.”
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон иттило дод, ки дар мулоқот: “ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки масъалаҳои ба миёномада танҳо бо роҳи сиёсию дипломатӣ, инчунин, тавассути фаъолгардонии кори гуруҳҳои ҳукуматӣ ва коршиносон оид ба делимитатсия ва демаркатсия ... ҳал карда шаванд.”
Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Қирғизистон хабар дод, ки Содир Ҷабборов гуфтааст, тарафдори ҳалли масоил танҳо аз роҳи осоишта ва сиёсиву дипломатӣ аст ва “оқибатҳои таҷовузи мусаллаҳонаи тарафи Тоҷикистонро ёдовар шудааст.” Ҳарчанд ҳукумати Тоҷикистон дар гузашта Қирғизистонро ба таҷовузи низомӣ ба қаламрави кишвар муттаҳам карда ва гуфтааст, ки дар натиҷаи ҳамлаҳо 41 ғайринизомӣ кушта ва тақрибан 200 нафари дигар захмӣ шуданд. Радиои Озодӣ ному насаби бештар аз 80 нафарро ҷамъ овард, ки дар ин муноқишаҳо кушта шудаанд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи апрели имсол дар Исфара гуфт, ки аз 987 километр марз “663,7 километр ё 68,4 дарсади хати сарҳад муайян ва мувофиқа карда шуд”.
Гуфтугӯ