Радиои Озодӣ: Албатта, баёнияи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро дар бораи “ниятҳои шум”-и и Қирғизистон хондед? Ба назари Шумо, ин гуфта баёнгари чист?
Анна Матвеева: “Ин бад-он маъност, ки сатҳи баёнияпароканиҳои меҳанпарастона зиёд мешавад ва аз ҳарду тараф. Бояд гуфт, ки баёнияҳо бештар эҳсосӣ ва тундтар мешаванд. Айни замон ба ҳукуматҳои ҳарду кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳам зарур аст, ки ба шаҳрвандони худ нишон бидиҳанд, ки мақомот масъалаи муҳофизати тамомияти арзӣ, истиқлол, муҳофизати сокинони наздимарзиро ҷиддӣ мегиранд. Барои ҳамин, ин баёния ба берун ва пеш аз ҳама ба Қирғизистон ва ҳам ба ҷомеаи дохилӣ нигаронида шудааст, ки ба шаҳрвандон нишон бидиҳанд, ки ҳукумат дар ин масъала ҷиддӣ аст.”
Радиои Озодӣ: Баёнияи вазири дифои Қирғизистон чӣ маънӣ дорад, ки гуфт, байни Тоҷикистону Қирғизистон сулҳ буда наметавонад?
Анна Матвеева: “Аз тарафи дигар мо ҳоло шоҳиди ҷанги иттилоотии ду кишвар ҳастем ва ҳар баёнияе, ки аз сиёсатмадорон ва ё мақомоти расмӣ медиҳанд, агар аз худи Содир Ҷабборов ва ё Эмомалӣ Раҳмон барнаоянд, бояд бахше аз ҳамон ҷанги иттилоотӣ ва баёнияҳои меҳанпарастонаву эҳсосӣ бояд донист. Қирғизистон аз музокирот берун наомадааст ва чанде пеш мулоқоти раҳбарони ду кишвар бо миёнҷигарии Владимир Путин баргузор шуд. Масалан, касе нагуфтааст, ки мулоқоти комиссияи байнидавлатии (таъйину аломатгузории марз) қатъ карда мешавад. Барои ҳамин, фикр мекунам, ки ба ҳаргуна баёнияҳое, ки мешавад, бояд оқилона назар кунем, зеро бештар барои мухотабону ҷомеаи дохилӣ ҳастанд. Чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар Қирғизистон ҳукуматҳо бояд ба мардум нишон бидиҳанд, ки аҳду азмашон қавӣ ва ҷиддист ва дар мавқеи худ қотеона истодагарӣ мекунад.”
Радиои Озодӣ: Шумо дар бораи музокироти Тоҷикистону Қирғизистон бо миёнҷигарии раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин гуфтед, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов ҳатто ба ҳам даст надоданд. Ин рафтори раҳбарони ду кишвари ҳамсоя чӣ маънӣ дорад?
Анна Матвеева: “Албатта, дидани ин ҳодиса нороҳаткунанда аст, вале дар ин замон дидани он ҳам ҳайратангез ҳам нест. Чаро ки ҳарду кишвар чанд дафъа дар остонаи дар воқеъ як ҷанги ҷиддӣ буданд, ки талафоти зиёд дошт. Бар иловаи ин Ҷабборов ва Раҳмон собиқаи муносибатҳои инсонӣ аз солҳои пеш надоранд. Содир Ҷабборов ҳам замоне ба қудрат расид, ки муносибатҳо бо Тоҷикистон ба қадри кофӣ бад шуда буд. Бале, ин як амалкарди намоишӣ буд, мисли намоиши онки Қирғизистон аз мизбонии размоишҳои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ даст кашид ва Тоҷикистон ҳам дар посух гуфт, низомиёни қирғизро қабул карда наметавонад. Онҳо бояд дар тамринҳои низомии Сарҳад-2022 ширкат мекарданд, ки ҳоло дар Тоҷикистон оғоз ёфт. Ин ҳама ҳайратангез нест, вале баёнгари он аст, ки муҳит барои дипломатия, вазъи равонӣ, муҳит барои дипломатияи ғайрирасмӣ ҳоло бадтар шудааст.”
Радиои Озодӣ: Баъзе аз таҳлилгарон гуфтаанд, суханронии Эмомалӣ Раҳмон, ки дар нишасти Осиёи Марказӣ-Русия ба Владимир Путин гуфт, кишварҳои минтақаро ҳурмат кунад, ба низоъ байни Тоҷикистону Қирғизистон робита мегирад. Ба андешаи Шумо, ин то куҷо воқеият дорад?
Анна Матвеева: “Мо дар ин нишаст набудем, аз ин сабаб, намедонем, ки дар умум онҷо чӣ гузашт, вале бояд гуфт, Тоҷикистон албатта нигарон аст, ки Русия дар ин рӯёрӯӣ тарафи Қирғизистонро мегирад. Русия то кунун дар ин масъала бетарафиро ихтиёр карда буд ва ба масоили марзӣ ҳамчун масъалаи робитаҳои дуҷониба назар мекард. Қирғизистону Тоҷикистон ҳарду шарикони стратегии Русия ҳастанд, ки албатта ҳоло ба Русия бисёр заруранд. Русия заиф шудааст, дар инзивои байнулмилалӣ мондааст, дӯстони зиёде надорад. Вақте дӯстони зиёде надоред, бояд қадри боқимондаҳояшро донед. Ончӣ ки нигаронии Тоҷикистонро бармеангезад, ин аст, ки кишвар мунтазам ва гоҳе сахт ба ҳузури Русия ба ҳайси миёнҷигар мухолифат мекард. Ҳарчанд Русия дар 20 соли ахир чандин дафъа мисли дигар созмонҳои байнулмилалӣ ба мисли Созмони Милал, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Иттиҳоди Аврупо ба ҳар шакле пешниҳоди миёнҷигарӣ мекард. Вале ҳамаи ин пешниҳодҳо асосан бо ташаббуси Тоҷикистон рад мешуд. Қирғизистон ҳам он замон аз ҳамин роҳ ҳаракат мекард, чун вақте як тараф миёнҷигариро зарур намешуморад, дигарӣ низ мухолифат карда наметавонад. Ҳоло вазъ шиддат гирифт ва Қирғизистон дигар ошкор мегӯяд, ки мо тарафдори миёнҷигарӣ ҳастем ва чунин мешуморем, ки миёнҷигарии Русия метавонад, созанда бошад. Қирғизистон ҳамчунин масъалаи овардани нозирон ва посдорони сулҳи Паймони Амнияти Дастҷамъиро матраҳ кард ва гуфт, ки ба мо кумаки беруна ва аз ягон каси бетараф зарур аст ва мо Русияро каси бетараф мешуморем. Ва ё созмонеро, ки нақши асосиро дар он Русия мебозад. Тоҷикистон ҳоло медонад, ки ба Русия назар ба ҳар вақти дигар зарур аст, зеро муттафиқони Русия кам аст ва Тоҷикистон як мавқеи стратегиро дар марз бо Афғонистон дорад. Русия дар онҷо амниятро таъмин карда наметавонад, аз ин рӯ, вазифаи мазкур ба тамом ба дӯши нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон афтод. Дар умум дарди дили зиёд ҷамъ шуда буд. Русия ҳоло заиф шудааст ва ин ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имкон медиҳад, баъзе аз эродҳои худро бигӯяд.”
Навори мусоҳибаро дар инҷо бинед:
Радиои Озодӣ: То куҷо кишварҳои камбизоате мисли Тоҷикистону Қирғизистон метавонанд, ба худ иҷоза бидиҳанд, Худо накунад, вориди ҷанги ҷиддие шаванд?
Анна Матвеева: “Ман бовар дорам, ки раҳбарони ҳеч яке аз ин кишварҳо, ба рағми баёнияҳои эҳсосотие, ки аз онҳо мешунавем, нияти ҷанги ҷиддӣ надоранд. Намехоҳанд, ки авзоъ аз ин ҳам бештар шиддат бигирад. Ҳоло як ҳадде аст, ки ҳарду кишвар аз он берун намераванд, барои ҳамин, ҳарду тараф мефаҳманд, ки ҷанг ба манфиаташон нест. Аз сӯи дигар, дар вазъи кунунӣ, ки робитаҳо бисёр бад шудаанд, ду тараф роҳҳои ҳалро ҳам намебинанд. Барои ҳамин, мо шоҳиди вазъе ҳастем, ки ба бунбаст ворид шудааст. Яъне, ҷангро намехоҳанд, вале наметавон, гуфт, ки ҷанге ҳам намешавад.”
Радиои Озодӣ: Ва Худо накунад, агар ҷанге шавад, чӣ оқибатҳое барои ҳарду кишвар ва минтақа дорад?
Анна Матвеева: “Оқибатҳояш фалокатбор хоҳад буд, зеро ноҳияҳои марзӣ сераҳолӣ ҳастанд ва ҳарду кишвар ба қадри кофӣ мушкилоти дохилӣ, аз ҷумла иқтисодӣ доранд. Дар фазои пасошӯравӣ ба сабаби ҷанг дар Украина зиндагӣ барои ҳама сахт шудааст. Илова бар ин, амнияти байнулмилалӣ зери хатар меравад, ба кишварҳои минтақа ҳам зарур мешавад, коре кунанд, ки рӯёрӯӣ ба ҷанги тамомаёре табдил шавад. Барои ҳамин агар ҷанг шавад, як сенарияи фалокатоваре хоҳад буд.”
Гуфтугӯ