“Ба хона расидем, ки ҳамла шуд”
Субҳи 16-уми сентябр ба масҷиди маҳаллаи “Холисон” дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ҳамла шудааст. Масъулонаш мегӯянд, ҳодиса пас аз чанд лаҳзаи хатми намоз ва ба хонаҳо рафтани ибодаткунандагон сурат гирифта, вагарна қисми зиёди мардон кушта ва ё захмӣ мешуданд.
Тоҳир Яҳёев, имомхатиби масҷиди “Холисон”, гуфт, “намози бомдодро хонда, ба хона рафтем. Нияти чой хӯрдан доштем, ки садои баланде шуд. Давида омадем. Масҷидро задаанд. Тирҳоро ҷамъ карда, ба раиси маҳалла додем ва ӯ ба маъмурони амният супурд.”
Мақомоти Тоҷикистон ҳамла ба масҷиду хонаҳои мардум ва мактабро дар деҳаҳои наздисарҳадӣ тасдиқ мекунанд, вале ҷониби Қирғизистон шарҳ надодааст. Дар айни замон Бишкек иддао дорад, ки нерӯҳои Тоҷикистон хонаҳои мардум ва мактабу боғчаҳои кӯдаконро дар Бодканд нишон гирифтанд.
Ба иттилои расмӣ, ба масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеи маҳаллаи Навобод, Фирдавсӣ, Сари Бозор, Таги Садаи ҷамоати Чоркӯҳ ва баъзе аз масҷидҳои деҳаи Чорқишлоқи ҷамоати Сурх низ мушакандозӣ шудааст.
Зарари ҳамсояҳои масҷид
Саъдуллохон Орипов, имоми масҷиди Навобод, мегӯяд, “ҳадафи онҳо масҷиди мо будааст, вале снаряд 25 метр дуртар афтод." Ба қавли ӯ, ҳарчанд гулӯла ба масҷиду намозгузорон осеб нарасонд, чанде аз сокинони атрофи масҷидро куштаву захмӣ кардааст.
Видеоро дар инҷо бинед:
Дар ҳамлаҳои пайиҳами 16-уми сентябр ба масҷиди "Таги Сада" дар Исфара дастикам шаш узви як хонавода, аз ҷумла ду наврасу як зани ҳомила, куштаву захмӣ шуданд. Асадулло Ҷалилов, хешованди кушташудаҳо, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ он рӯзро чунин ба ёд овард: “Вақте масҷидро заданд, гулӯла даҳ метр болотар афтод ва пораҳояш ба мошини мо зад. Доду вой шуд, дидам, ки ду ҷиянам маҷруҳ шудаанд.”
Ҳавлии Маҳмудовҳо дар паҳлӯи масҷиди деҳаи Боғдорӣ дар ҷамоати Чилгазии Исфара, 3-километрии хати марз бо Қирғизистон, ҷойгир аст. Ҳукмиддин Маҳмудов, узви ин оила, мегӯяд, субҳи 16-уми сентябр як гулӯла ба ҳавлияшон афтоду боис ба марги модару хоҳараш шуд ва аҳли деҳро ваҳшатзада кард.
Ибодуллоҳ Мирмамадов, сокини Чоркӯҳ, ҳам мегӯяд, “вақте сару либосамро иваз мекардам, гулдурос шуд. Хона чанг шуду дар руйи ҳавлӣ дуд печид. Ба болои боми мо тир задаанд. Мо дар ҳамсоягии масҷид ҳастем. Фикр дорам, мақсади онҳо масҷид буд, вале тасодуфӣ ба хонаи мо афтод.”
"Ҳамла бо бесарнишин"
Атрофи масҷиди Гадойбойи ҷамоати Овчӣ-Қалъача дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров макони асосии талафоти одамон ва захмиён дар ин минтақаи марзӣ будааст.
Бизайнаб Бердиева, сокини Овчӣ-Қалъача, мегӯяд, вақти намози асри 16-уми сентябр ҳамла шуд. “Дар пеши масҷид одамон ҷамъ омада буданд. Аз роҳ мегузаштам. Як чиз омаду садои сахте дод ва туфаланг шуд. Дидам, ки чанд кас дар замин хобидааст," – нақл кард ӯ.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, Қирғизистон ба масҷиди ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо бесарнишин ҳамла кард. Ҷониби Қирғизистон дар ин бора чизе нагуфт.
Муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 14-уми сентябр сар зад ва 17-уми сентябр ба поён расид. Мақомоти Тоҷикистон то ин дам дар бораи кушта шудани беш аз 40 ғайринизомӣ хабар доданд. Радиои Озодӣ номи 74 сарбозу шаҳрвандони оддиро гирд овард. Қирғизистон дар бораи 62 кушта ва тақрибан дусад захмӣ гузориш дод.
Гуфтугӯ