Ҷониби Қирғизистон ба изҳороти Неруҳои марзбонии Тоҷикистон посух дод ва онҳоро "дур аз воқеият номид". Рӯзи 19-уми октябр Раёсати марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон, Қирғизистонро ба иғвоангезӣ ва ноором кардани вазъ дар сарҳади ду кишвар муттаҳам кард. Мақомоти тоҷик гуфтанд, ин кори мақомоти Қирғизистон "ҳадафмандона ва барои барангехтани низоъҳои нав" аст.
Неруҳои марзбонии Қирғизистон бегоҳи 19-уми октябр баръакс низомиёни тоҷикро "ба иғвоандозӣ дар миёни мардуми наздимарзӣ" муттаҳам кардааст. "Тааҷҷубовар ин аст, ки ҷониби Тоҷикистон талош дорад тамоми кушишҳои худ барои тақвияти марзро ба марзбонони қирғиз рабт диҳад",-омадааст дар изҳороти ҷониби Қирғизистон.
Неруҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи гузашта чанд аксеро нашр кард ва гуфт, ҷониби Қирғизистон бархилофи созишномаҳои ҳосилшуда аслиҳаи вазнинро ба хати сарҳад меорад. Ҷониби Қирғизистон гуфтааст, ин аксҳо аз моҳи сентябр ва замоне гирифта шудаанд, ки Қирғизистон неруҳояшро аз марз пас мебурд. Мустақилона тасдиқ кардани ҳарфҳои ду тараф мушкил аст.
Ҳам Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон бо нашри аксҳое якдигарро ба кандани нақбу истеҳком ва омодагӣ ба муноқишаи нав дар марз муттаҳам кардаанд.
Ба қавли Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, аз 26-уми сентябр то 15-уми октябр паҳпод ва ё дронҳои Қирғизистон 13 маротиба ғайриқонунӣ ба қаламравҳои ҳавоии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафуров ворид шудаанд, ки бо вилояти Бодканди Қирғизистон ҳаммарз ҳастанд. Тарафи Қирғизистон ҳам айни ҳамин иддаоро карда гуфтааст, баъд аз 25 сентябр 10 ҳолати вуруди паҳподҳои Тоҷикистон ба қаламрави Қирғизстонро сабт кардааст.
Дар як моҳи ахир ин бори чандум аст, ки Душанбе ва Бишкек ҳамдигарро ба нақзи созишҳои ҳосилшуда айбдор кардаанд.
Неруҳои марзбонии Қирғизистон тарафи Тоҷикистонро ба он муттаҳам кардааст, ки "аз масҷидҳо барои таълими зархаридҳо ва захира кардани силоҳу муҳимот истифода мекунад".
Мақомоти қирғиз гуфтаанд, дар ин бора "далелҳои раднопазир” доранд, аммо ягон далелро нашр накардаанд. Ҷониби Тоҷикистон баръакс мегӯяд, дар муноқишаи рӯзҳои 16-17 сентябр бесарнишинҳои Қирғизистон тақрибан ба даҳ масҷид ҳамла кардаанд.
Радду бадалҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон баъд аз як муноқишаи хунин дар марз зиёд шуд. Дар даргирии чандсоата, ки рӯзҳои 14-17 сентябр сар зад, аз ҳарду тараф даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд. Душанбе ва Бишкек якдигарро дар ин кор гунаҳкор мекунанд ва ҳанӯз ҳеч таҳқиқоти мустақилонае дар ин замина анҷом нашудааст.
Гуфтугӯ