Захмиёни даргириҳои 14-17-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шифохонаҳои вилояти Суғд муолиҷа мегиранд. Чанде аз онҳо дидаҳои худро ба хабарнигорони Радиои Озодӣ нақл карданд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ин ҳодиса 200 ғайринизомӣ маҷруҳ шуд, вале омори низомиёни захмиро намегӯянд. Ҷониби Қирғизистон дар бораи тақрибан дусад захмӣ хабар дод.
Иброҳим Ҳасанов, падари Аҳмадҷон Ҳасанови сесола, қурбонии хурдтарини муноқишаи марзӣ дар Исфара, ҳоло дар беморхона хобидааст. Ӯ мегӯяд, рӯзи 16-уми сентябр бо зану фарзандонаш ният доштанд, аз маҳалли даргирӣ ба ҷойи амн бигурезанд, вале дар роҳ, дар болои пули Чорбоғ, ба онҳо ҳамла шуд.
“Мошини “Ёрии таъҷилӣ” онҷо истод. Ман ҳам дар канораш истодам. Ба ҳарду мошин аз тарафи Қирғизистон ҳамла шуд. Мо зинда мондему ҷароҳат бардоштем, писарам ҷон бохт. Баъди он ба зери пул гурехтем. 6 соат онҷо пинҳон шудем. Дертар низомиён омада моро гирифтанд,” – нақл кард ӯ.
Чанде аз захмиён мегӯянд, нерӯҳои Қирғизистон асосан хонаву дари мардумро нишон гирифтанд. Айни иддаоро тарафи Қирғизистон ҳам дорад. Мардуму мақомоти он кишвар нерӯҳои Тоҷикистонро ба ҳамла ба хонаву мактаб муттаҳам мекунанд.
Эркин Ризоқулов аз Душанбе аст, вале солҳо боз дар шаҳраки Шӯроби Исфара кору зиндагӣ мекунад. Вай низ дар даргирии рӯзи 16-уми сентябр захмӣ шудааст.
“Моро заданд. Ягон яроқ надоштем. Ба хонаҳоямон заданд. Ба дохили завод тир парронданд. Маҷбур шудем, ки бароем. Ман аз дастам ду тир хӯрдам. Либоси шаҳрвандӣ доштам,” – гуфт ӯ.
Бо вуҷуди онки мақомоти Тоҷикистон ошкор намегӯянд, дар чанд шифохонаи вилояти Суғд низомиёни захмӣ низ хобидаанд. Яке аз онҳо ба номи Кошиф Носиров гуфт, “рӯзи 16-уми сентябр, тахминан соати 5-и саҳар бонги хатар заданд. Ба Камаз нишаста, равон шудем. Дар мавзеи Чорқишлоқ ҳамла шуд. 10 нафар мурд, 8 нафар ҷароҳат бардошт.”
Ҷониби Қирғизистон ҳам даъво дорад, ки нерӯҳои Тоҷикистон аз силоҳҳои сангин истифода карданд ва ба сарбозони он кишвар осеби расонданд.
Файзалӣ Шамшодов, захмии дигар, мегӯяд, ночор ҳамлаи ҷавобӣ карданд, “то ба сарҳад зиён нарасонанд. Баъд моро бо бесарнишин заданд. Аз поям ҷароҳат бардоштам.”
Видеоро дар инҷо бинед:
Муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 14-уми сентябр сар зад ва 17-уми сентябр ба поён расид. Мақомоти Тоҷикистон то ин дам дар бораи кушта шудани беш аз 40 ғайринизомӣ хабар доданд. Радиои Озодӣ номи 74 нафарро гирд овард. Ҷониби Қирғизистон дар бораи 62 кушта хабар дод.
Ҳарчанд ду тараф санади қатъи муноқишаро имзо карда, барои бардоштани ҳашт посгоҳи ба гуфтаашон "дардисарсоз" розӣ шуданд, вазъ дар сарҳад ҳамчунон ҳассос мондааст.
Гуфтугӯ