Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар шабонарӯзи гузашта 73 кас ба коронавируси нав гирифтор шудаанд. Шумори умумии беморон рӯзи даҳуми июн ба 4763 нафар расид. Мақомот мегӯянд, аз замони эътирофи мавҷудияти бемории ҳамагир дар Тоҷикистон 2947 кас шифо ёфта, 48 нафар ҷон бохтанд. Дар феҳрасти ғайриарсмӣ ё алтернативии қурбониёни COVID-19 то рӯзи чаҳоршанбе номи 429 нафарро гирд овардаанд. Мақомот ин феҳрастро намепазиранд.
Хабару гузоришҳои бештарро дар бораи буҳрони коронавирус дар Тоҷикистон дар инҷо хонед