Соҳибкор Дилором Ҳасанова даъво дорад, ки масъулони ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (вилояти Суғд) тиҷораташро аз ӯ гирифта, ба моликони бозори "Фаровон" доданӣ ҳастанд. Ин бозор зери итоати ширкати "Сомон Суғд" аст. Таҳқиқи Радиои Озодӣ дар гузашта маълум карда буд, ки решаи он ба наздикони раисҷумҳур мерасад. Мақомот шарҳ намедиҳанд.
“Ҳукумат иҷоза дода буд, вале...”
Дилором Ҳасанова як сол боз бо мақомоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар сари таваққуфгоҳи мошинҳо баҳс дорад. Истгоҳе дар масоҳати тақрибан 20 сотих ва дар ҳамсоягии бозори “Фаровон”. Гузоштани ҳар худрав (мошин) дар инҷо се сомонист.
Бар асоси ҳуҷҷатҳое, ки дар дасти Дилором Ҳасанова ҳаст, ӯ соли 2018 бо амри раисҷумҳур ва тибқи созиш бо ҳукумати маҳаллӣ ин қитъаро барои 19 сол ба иҷора гирифтааст. Ҳоло намояндагони ҳукумат пеш аз муҳлат мехоҳанд, ки онро пас бигиранд, аммо сабабашро намегӯянд.
Ҳасанова дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Инҷо як вайрона буд. Хонаҳоямро фурӯхта, дуруст кардам, то фарзандонам дар оянда аз ин ҳисоб ризқашонро ёбанд. Ҳукумат ҳам иҷоза дода буд, вале баъди ҳамагӣ чор сол дигарбора кашида гирифтанӣ аст”.
Баҳс то ба Додгоҳи олии Тоҷикистон рафта, дар аксар баррасиҳо ба фоидаи ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳал шудааст. Дилором Ҳасанова мегӯяд, барои таваққуфгоҳ зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ харҷ кард, вале дар ягон ҳалномаи додгоҳӣ касе барои пардохтани пули ӯ вазифадор нашудааст.
“Намедонам, ин истгоҳро бо кадом сабаб аз ман гирифта истодаанд. Ба ғайр аз раиси ноҳия, Нусратулло Салимзода, ҳеч кас ба масъала ҳамроҳ намешавад. Меравам, фақат мегӯянд, ки истгоҳро холӣ кун,” – шикоят кард ӯ.
Таваққуфгоҳ ё истгоҳи мошинҳо дар назди бозори “Фаровон”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Ба гуфтаи моликони ҳозирааш, мақомот мехоҳанд, онро ба ихтиёри соҳибони бозор бидиҳанд. Бозори “Фаровон” тобеи ширкати азими"Сомон Суғд" будааст.
Дар ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омода нашуданд, ки масъаларо шарҳ диҳанд. Як таҳқиқоти Радиои Озодӣ дар гузашта маълум карда буд, ки ширкати “Сомон Суғд” ба бародарон – Ҳасан Асадуллозода ва Амонулло Саъдуллоев – хешовандони раисҷумҳури Тоҷикистон марбут аст. Ҳоло гуфта мешавад, номи ширкат нав шудааст, вале ҳамоно чанд бозору ширкатро зери даст дорад.
Дар ҳар сурат, Дилором Ҳасанова мегӯяд, масъаларо то ба президент хоҳад бурд, чун ба гуфтааш, “ба Прокуратура (Додситонӣ) рафтам, ба Суд (Додгоҳ) ҳам рафтам, ҳамаашон масъаларо ба фоидаи тарафи дигар ҳал карданд.”
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дуюмин ноҳияи калонтарини Тоҷикистон, баҳси замин торафт доғтар мешавад. Радиои Озодӣ дар як соли охир дар бораи шикояти сокинон аз ноадолатӣ дар тақсиму истифодабарии замин камаш 5 гузориш нашр кард.
Видеоро дар инҷо бинед: