Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳомҳои нав дар парвандаи се гумонзад ба кушторҳо дар Конибодом


Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, ба парвандаи Солеҳҷон Худойбердиев, Аҳадҷон Тӯхтаев ва Манучеҳр Одилов – се гумонзад ба куштор дар Конибодом – иттиҳомҳои нав, аз ҷумла авбошӣ ва таҷовуз ба номус, илова шудааст.

Шарҳи мақомот дастрас нест. Пайвандони гумонзадҳо қаблан онҳоро бегуноҳ дониста буданд.

Манбаъҳои Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои интизомии вилояти Суғд рӯзи 30-юми декабр бо шарти фош нашудани ном гуфтанд, ки иттиҳомҳои нав ҳангоми бозпурсии гумонбарон маълум шудааст. "Ин ҷиноятҳо қаблан содир гашта, дастгиршудаҳо ҳангоми бозпурсӣ иқрор карданд", -- афзуд манбаъ. Маълум нест, эътирофи ин афрод дар кадом ҳолат ба даст омадааст.

Солеҳҷон Худойбердиев, Аҳадҷон Тӯхтаев, Манучеҳр Одилов аз 21-уми декабр бо гумони даст доштан дар кушторҳои пайиҳам дар Конибодом дар боздошт ҳастанд. Бахтиёр Равшанов низ ҳамроҳи онҳо дастгир шудааст. Як манбаъ дар Додситонии вилояти Суғд гуфт, "дар парвандаи ӯ дигаргуние нест".

“Ҳар чори онҳо дар пайванд ба қатли аъзои хонаводаи Неъматовҳо, Шокировҳо, Маҷидовҳо ва дигарон нишондод доданд. Ба ҷуз ин, дар парвандаи Солеҳҷон Худойбердиев банди авбошӣ, қаллобӣ ва таҷовуз ба номус илова шуд. Нисбат ба Аҳадҷон Тӯхтаев ва Манучеҳр Одилов банди таҷовуз ба номус изофа гардид. Таҳқиқ идома дорад,” – афзуд ҳамсуҳбати мо дар Додситонии вилоят.

Мавқеи боздоштшудагон ва вакилони мудофеи онҳо ба иттиҳомҳои нав маълум нест. Қаблан баъзе аз хешовандон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ онҳоро бегуноҳ дониста буданд.

Ҷустуҷӯйи хабарнигори Радиои Озодӣ ва суҳбат бо наздикони гумонзадҳо рӯзи 23-юми декабр маълум карда буд, ки аз чор боздоштшуда се нафар қаблан бо иттиҳомҳои дигар, аз ҷумла бадахлоқӣ, зиндонӣ шудаанд.

Дар як моҳи охир дар шаҳри Конибодом даҳ кас, аз ҷумла чор ноболиғ аз се оила кушта шуданд: Наимҷон Неъматов бо ҳамсару чор фарзандаш шаби 8-уми декабр дар деҳаи Шӯробқалъа (Шӯрқӯрғон), Ғайбулло ва Зарнигор Маҷидовҳо, Ойиша ва писараш Ҷавлон Шокировҳо шаби 16-уми декабр дар деҳаи Ҳисорак (Қӯрғонча).

Аз моҳи марти соли 2024 то ин дам теъдоди умумии кушташудаҳо дар ин минтақаи вилояти Суғд зиёда аз бист кас ҳисоб шудааст.

Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи бештар ба Додситонии кулли Тоҷикистон нома фиристод ва бо дарёфти посух онро нашр хоҳад кард.

Видеоро дар инҷо бинед:

Иттиҳомҳои нав дар парвандаи боздоштшудаҳои Конибодом
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00
XS
SM
MD
LG