Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бо хоҳиши худ ба фоҳишагӣ наомадем." Вазъи занони бекор дар Туркманистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Фақру бекории давомдор баъзе аз занонро дар Туркманистон ба танфурӯшӣ маҷбур кардааст, то аз ин роҳ аъзои оилаи худро хӯронанду пӯшонанд. Чанде аз онҳо дар суҳбат бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз хушунат, истисмори пулис ва таънаву маломати ҷомеа ҳам шикоят карданд.

"Бо хоҳиши худ ба фоҳишагӣ наомадем"

Марал (номи мустаор) барои таъмини ду фарзанди хурдсолаш хидматрасонии шаҳвонӣ мекунад. Ин зани 38-сола, ки ягона саробони хонавода аст, гуфт, вазъи сангини молӣ ӯро чор сол пеш ба ин кор водошт.

"Баъзан ҳафтаҳо барои фарзандонам хӯрок пухта наметавонистам, чӣ расад ба харидани лавозимоти мактабӣ," – нақл кард Марал.

Вай танҳо нест. Шумораи ҳамтақдиронаш дар Туркманистон ҳазорҳо нафар тахмин зада мешаванд. Камбизоатӣ, бекорӣ ва норасоии шадиди хӯрок аз сабабҳои асосӣ будааст.

Марал аз шаҳри Туркманғала аст. Ӯву фарзандон қаблан бо пули фиристодаи шавҳари муҳоҷираш аз Туркия зиндагӣ мекарданд. Ба нақли ин зан, дертар шавҳараш аз фиристодани пул ва суҳбат бо онҳо даст кашид.

Ҳамсуҳбати мо худро дар маркази корҷӯён дар маҳалли зисташ номнавис кард, аммо соҳиби кор нашуд. Як муддат дар саҳрои пахта кори муваққатӣ ёфту бас. Кор вазнин буд ва маош кам. Марал мегӯяд, дар пардохтани пули иҷора душворӣ дошт ва хӯроки хонавода танҳо нону чой буд.

"Касе набуд, ки ба ман ёрӣ кунад. Волидонам пир буданд ва вазъи саломати хушдоманам бад буд. Ман борҳо ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои гирифтани кумак муроҷиат кардам, вале ҳеч гуна дастгирӣ надидам", -- гуфт Марал.

Танфурӯшӣ дар Туркманистон ғайриқонунист ва аксар занон мекӯшанд, кори худро аз чашми мақомоту наздикон пинҳон доранд. Марал танҳо зане нест, ки ба хотири зинда мондан тасмим гирифтааст, ба ин "бозори мамнуъ" ворид шавад.

"Мо бо хоҳиши худ ба фоҳишагӣ наомадем. Мо аз ноумедӣ дар ин ҳолатем. Агар ҳукумат ба мо ҷойи кор медод, ҳеч кас фоҳиша намешуд," -- гуфт як зан аз вилояти Марв (Мари), ҷанубу шарқи Туркманистон, ки нахост номаш фош шавад.

Навбати сокинон барои харидани маҳсулот. Марв (Мари)
Навбати сокинон барои харидани маҳсулот. Марв (Мари)

"Бархе дағал ҳастанд, мезананд"

Агар занони танфурӯшро дар Туркманистон бори аввал дастгир кунанд, танҳо ҷарима мебанданд. Ба онҳое, ки дафъаи дувуму севум ба даст меафтанд, то ду сол зиндон таҳдид мекунад.

Ба гуфтаи чанде аз занон аз вилоятҳои Марв (Мари) ва Лабиоб (Лебап), ки аз ифшои номашон худдорӣ карданд, танфурӯшӣ дар солҳои охир бештар шудааст, зеро нархи молу маҳсулот ба маротиб афзуда, даромади аҳолӣ камтар монд.

Занони ҷавон асосан дар бар ва тарабхонаҳо муштарӣ меҷӯянд. Арзиши хидматрасонии онҳо аз 60 то 140 доллар аст. Занони миёнсол маъмулан муштариёнро дар шоҳроҳ ва истгоҳҳои мошинҳои борбар мунтазир мешаванд ва аз 15 то 30 доллар мехоҳанд.

Ин кор хатари зиёд ҳам дорад: занон метавонанд ба бемории сироятӣ мубтало шаванд, қурбонии зӯроварӣ ва хариду фурӯши одамон гарданд. "Баъзе аз муштариён аз пардохти ҳаққе, ки пештар мувофиқа шудааст, худдорӣ мекунанд. Бархе бисёр дағал ҳастанд. Зӯроварӣ мекунанд, моро мезананд", -- гуфт як зан дар Лабиоб (Лебап).

Занон мақомоти пулисро ба истисмор ва иръоб (шантаж) муттаҳам мекунанд. Ба гуфтаи чанде аз онҳо аз вилояти Марв (Мари) ва Лабиоб (Лебап), пулис аксар вақт онҳоро боздошт карда, ба пахтачинӣ ва корҳои дигари кишоварзӣ маҷбур мекунад.

Мақомоти Туркманистон аксар вақт донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандони идораҳои давлатиро ба кор дар пахтазор маҷбур мекунанд
Мақомоти Туркманистон аксар вақт донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандони идораҳои давлатиро ба кор дар пахтазор маҷбур мекунанд

"Зери фишори мансабдорони баландпояи пулис ва додситонӣ мемонем. Онҳо моро ба идораи пулис бурда, мегӯянд, бе ҷарима ё ҷазо раҳо мекунанд, вале "ҳар вақте хостем, бояд бепул хидмат кунед". Ҳар замон занг мезананд ва мо ба онҳо бепул хидмат мерасонем," -- афзуд яке аз занон, ки нахост номаш фош шавад. Вай аз мансабдорон ном набурд.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳ бо мақомоти Марв (Мари), Лабиоб (Лебап) ва Ашқобод тамос гирифт, аммо посухе дарёфт накард.

XS
SM
MD
LG