Поёни фоҷеабори ҳукумати нимасраи Башор Асад ва падараш, ба маънои тағйири бузурге дар тавозуни қудрат дар минтақа аст. Туркия ба унвони як пуштибони умдаи гурӯҳе аз мухолифон ва ҷиҳодиёне, ки Башор Асадро барканор карданд, бурд кард.
Айдин Селчен, таҳлилгари сиёсати хориҷӣ, мегӯяд, “Туркия ғолиби мутлақ ба назар мерасад. Эрон бешубҳа бохт ва Русия ҳам ба як тараф тела дода шуд.”
Ҳуҷуми ногаҳонии шӯришиён ба ҳукумати Башор Асадр бо раҳбарии гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом” (ҲТШ), ки Амрико ва Иттиҳоди Аврупо онро террористӣ медонанд, шуруъ шуд. “Артиши миллии Сурия”, гурӯҳи таҳти пуштибонии Туркия, ки расман чун “Артиши озоди Сурия” машҳур аст, дар сарнагун кардани Башор Асад нақш дошт.
Ҳусейн Боғчӣ, коршинос аз Донишгоҳи техникии Ховари Миёна, гуфт, “ман метарсам, ки Туркия назоратро аз даст медиҳад. Мушкил ҳамин аст. Зеро он ҷо танҳо гурӯҳи “Артиши озоди Сурия” нест. Дастаҳои зиёди дигари радикалӣ ҳастанд. Кӣ ва чӣ тавр метавонад онҳоро боздорад? Туркия наметавонад ва ин мушкили бузург аст.”
Туркия солҳои зиёд минтақаи Идлибро, ки пойгоҳи гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом" буд, пуштибонӣ ва ҳимоя мекард. Таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки агар пешниҳоди охири раҳбарияти ҲТШ, ки ба ташкили ҳукумати фарогири Сурия даъват дорад, қабул шавад,Анкара метавонад, нуфузи худро дар ин ҷо нишоҳ дорад.
“Агар ба прагматизм ё амалгароӣ бартарӣ дода шавад, Туркия ба кумак мешитобад. Анкара бешубҳа аз сӯйи раҳбарони Сурия чун як нерӯи мусбат ва фоидаовар мавриди таваҷҷӯҳ қарор мегирад. Зеро мо инҷо дар Туркия беш аз 5 миллион суриро пазируфтаем ва Туркия ҳамчунин дар ҳимояи Идлиб мадад кардааст,” – гуфт Айдин Селсен, таҳлилгари сиёсати хориҷӣ.
Ҳоқон Фидон, вазири корҳои хориҷии Туркия, дар ҳамоиши байнулмилалии Давҳа ваъда кард, ки кишвараш барои таъмини амнияти ҳукумати аз нигоҳи сиёсӣ фарогирии Сурия ёрии худро дареғ намедорад.
Субот дар Сурия ҳамчунин калиде барои расидани Анкара ба ҳадаф, яъне ба ватани худ баргардонидани миллионҳо паноҳандаи сурӣ аст, ки ҳоло дар Туркия кору зиндагӣ доранд. Зеро норозигии мардум дар ин кишвар аз ҳузури паноҳандаҳо афзоиш ёфтааст.
Ба назари таҳлилгарон, таҳкими мавқеи Туркия дар марзҳои худаш Анкараро ба як миёнрави муҳим барои Амрико ва ҳукумати нави Трамп табдил додааст.
Сезин Оней аз ПолитикЙол гуфт: “Ҳукумати Трамп эҳтимол Туркияро ҳамчун як шарики муҳими стратегӣ ба назар хоҳад гирифт, то ин ҷоро нигаҳ дорад. Агарчӣ онҳо чандон ба иттиҳод ва ҳамкорӣ алоқаманд нестанд, метавонанд ҳамаи кори вобаста ба музокирот бо ҲТШ-ро бар дӯши Турия гузоранд.”
Ба ин тартиб ҳама нишонаҳо баёнгари он аст, ки Туркия ба унвони як баранда зоҳир мешавад ва он ҳам дар ҳоле, ки мардуми Сурия сарнагун шудани Башор Асад ва поёни давлати 50-солаи хонадони ӯро ҷашн мегиранд, он метавонад пайи манфиати худ бошад.
Суқути ногаҳонии як низом баёнгари он аст, ки чӣ тавр вазъ дар минтақа метавонад зуд ва якбора тағйир ёбад ва ояндаи Сурияву нақши Туркия дар он имрӯз бештар аз ҳар вақти дигар норӯшананд.