"Иҷрои тавофуқномаи сулҳи Амрико бо Толибон масоили зиёдеро ба бор меорад", - мегӯянд коршиносон, вале бовар доранд, "дараҷаи муваффақият ва ё нокомии он ба амнияти кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон асаргузор хоҳад буд".
Аз имзои тавофуқнома миёни Амрико ва ҷунбиши Толибон як ҳафта ногузашта, ҷангҷӯён хушунатҳоро дар Афғонистон аз сар гирифтанд. Тавре расонаҳои афғонӣ иттилоъ медиҳанд, рӯзи 2-юми март дар Хост замони баргузории бозии футбол амалиёти маргтабалона анҷом шудааст. Дар натиҷа 3 нафар кушта ва 11 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Ба ҷуз ин, дар Вардак беш аз 50 нафар рабуда шудаанд.
Расонаҳои Афғонистон бо истинод ба сухангӯи Толибон, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, мегӯянд, амалиёт ба зидди нерӯҳои ҳукуматӣ ҳам аз сар гирифта мешаванд. Ин дар ҳолест, ки баъди камтар аз 10 рӯз нерӯҳои сиёсии Афғонистон нақша доранд, ба гуфтугӯҳои байнулафғонӣ бо гуруҳи Толибон оғоз кунанд, ки пас аз имзои тавофуқномаи сулҳ миёни Амрико ва Толибон дар пойтахти Қатар имконпазир гардид.
Шарти қатъи пурраи ҷанг, мувофиқи матни созишнома бо шумули масоили дигар яке аз бандҳои асосии дастури рӯзи гуфтугӯҳои байнулафғонӣ хоҳад буд.
Коршиносони масоили Афғонистон ин тавофуқномаро ҳадафманд медонанд, вале эътироф мекунанд, ки иҷрои пурраи он аз имкон берун аст. Дар баробари ин, тахмин мезананд, ки қонунӣ шудани фаъолияти Толибон дар ҳудуди Афғонистон метавонад дар оянда ба вазъи амниятии кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон таҳдид кунад.
Таъсир ба Осиёи Марказӣ
Мудири Маркази омӯзиши Афғонистони муосир дар Русия, Умар Носир, мегӯяд, равандҳои минбаъда дар Афғонистон ва таъсири онҳо ба қаламравҳои ҳамҷавор аз иҷроӣ шудани ин тавофуқнома бастагӣ дорад. "Ин тавофуқнома барои Толибон пеш аз ҳама як чолиш аст, зеро акнун барои онҳо ҳифзи ягонагӣ душвортар хоҳад буд. Ҳоло сарфи назар аз мушкилоти дохилӣ дар ҷиноҳҳояшон, онҳо муваффақ ба ҳифзи истеҳком дар масоили усулӣ шудаанд", - мегӯяд Носир.
Ба гуфтаи вай, ҳоло тавофуқнома ҳамчун пирӯзии Толибон ҷилва мекунад ва ин барои ҳамаи ҷиноҳҳо ва қумандонҳои саҳроӣ дар дохили ин ҳаракат қобили қабул аст. "Вале ҳамин ки он ранги дигар мегирад, метавонад фурӯпошии ҳаракат сурат бигирад ва эҳтимол аст, қисме аз Толибон ба гуруҳои радикалтар бигузаранд, ки таҳдиде барои амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад", -- шарҳ дод ӯ.
Ба сифати хатарноктарин таҳдидҳои эҳтимолӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ аз қаламрави Афғонистон, коршиносон Ҳаракати Исломии Узбакистон, ки аз сӯйи ҳамаи кишварҳои минтақа террористӣ эътироф шудааст ва гуруҳи террористии “Давлати исломӣ”-ро ном мебаранд.
Шартҳои тавофуқ
Пас аз 19 соли ҷанги шадид Амрико бо Толибон тавофуқнома имзо кард. Тавофуқ хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ ва НАТО-ро аз Афғонистон ва оғози раванди сулҳро бо ҳузури ҳукумати Афғонистон ва гуруҳи Толибон пешбинӣ менамояд. Дар зери тавофуқнома фиристодаи вижаи Амрико дар Афғонистон Залмай Халилзод ва раҳбари ҷиноҳи сиёсии Толибон Мулло Абдулғанӣ Бародар имзо гузоштанд.
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки вазири корҳои хориҷии Амрико Майк Помпео дар маросим ҳузур дошт, аммо санадро имзо накард. Ба ҷуз ӯ, ин равандро намояндаҳои СММ, НАТО, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва 18 кишвар, аз ҷумла вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин назорат карданд.
Дар доираи тавофуқ хуруҷи пурраи нирӯҳои амрикоӣ ва НАТО аз Афғонистон дар давоми 14 моҳ пас аз имзои санад дар назар аст. Дар иваз Толибон аз истифодаи ҳудуди Афғонистон барои ҳамла ба Амрико ва муттаҳидонаш даст мекашанд. Дар сурати дар давоми 135 рӯз риоя кардани уҳдадориҳои худ аз сӯйи Толибон, теъдоди нирӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон аз 13 ҳазор ба 8,6 ҳазор коҳиш хоҳад ёфт.
Амрико то 27-уми август Толибонро аз рӯйхати таҳримҳо берун мекунад ва аз истифодаи нирӯ ба тамомияти арзии Афғонистон ва дахолат дар корҳои дохилии он худдорӣ мекунад.
Толибон барои оғози гуфтугӯҳо хостори раҳоии 5 ҳазор ҷонибдорони худ аз зиндонҳои Афғонистон шудаанд ва дар иваз изҳори омодагӣ барои раҳо кардани 1000 сарбози афғонро аз асорат кардаанд. Раҳбарии Афғонистон дар навбаи худ мегӯяд, ин масъулиятро напазируфтааст ва ин шарт метавонад мавзӯи баҳси гуфтугӯҳои миёнулафғонӣ бошад.
Ҳоло маълум нест, раванди иҷрои тавофуқнома ва назорат ба он чӣ гуна танзим мешавад. Майк Пампео аз Толибон даъват кард, ки ба тааҳуди худ пойбанд бошанд ва бо гурӯҳҳои террористие чун "Ал-Қоида" ва "Давлати исломӣ" қатъи равобит кунанд.
Марк Эспер, вазири мудофиаи Амрико ва котиби генералии НАТО Йенс Столтенберг ба таври ҷудогона дар Кобул бо раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ эъломияи муштаракро ба имзо расониданд, ки Кобулро муваззаф менамояд дар гуфтугӯҳо бо Толибон ширкат кунад. Эспер ҳамчунин изҳор дошт, ки агар Толибон масъулиятҳои бадӯшгирифтаи худро иҷро накунанд, Вашингтон бидуни калавиш тавофуқномаро бекор мекунад.
Раҳбари сиёсии Толибон Мулло Абдулғанӣ Бародар тааҳуд супурд, ки ин ҳаракат аз тавофуқҳои ҳосилшуда пуштибонӣ хоҳад кард ва ба рушди низом дар Афғонистон асосёфта бар меъёрҳои исломӣ даъват кард.
Толибони машруъ?
На ҳама коршиносон ба тавофуқи ИМА бо Толибон ба хушбинӣ менигаранд, вале ҳама бар ин боваранд, он мақоми ин ҳаракатеро, ки замоне аз сӯйи “толибони мадрасаҳо” таъсис шуда буд ва аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ террористӣ эътироф гардид, тағйир дод.
"Маълум нест, ки тавофуқнома ба сулҳ мерасонад ё не, вале равшан аст, ки ба машрӯияти сиёсии гуруҳи Толибон меоварад ва барои ин дастовардҳо Толибон комилан миннатдори сиёсати Трамп хоҳанд буд”, - мегӯяд коршиноси масоили Афғонистон Андрей Сиренко. Ӯ мегӯяд, тавофуқнома бештар ба як қадами пешазинтихоботии раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп монанд аст, ки дар рафти корзорҳои аввалин ваъда дода буд, ҷангро дар Афғонистон хотима медиҳад.
Дар бораи тарҳи берун кашидани ҳудуди панҷ ҳазор сарбоз аз Афғонистон ва боқӣ мондани 8,5 ҳазор нафари дигар, Трамп дар поёни августи соли гузшта гуфта буд. Он замон ӯ гуфта буд, аз ин ба баъд Амрико дар Афғонистон ҷомеаи демократӣ намесозад, балки танҳо "террористҳоро хоҳад кушт".
Хатар ба кишварҳои дигар
"Агар Толибон вориди низоми сиёсии Афғонистон шаванд, пас, ин чалипо (салиб) задан бар низоми мавҷуд хоҳад буд. Аз эҳтимол дур аст, ки онҳо пурра ба ҳукумат бозгарданд, ҳарчанд ин хоҳишро доранд. Агар онҳо ин ҳамаро иҷро кунанд, пас, вазъ коҳиш меёбад, зеро ақаллиятҳои қавмӣ дар Афғонистон мисли пештара нестанд ва иқтидори ҳимоят аз худро доранд", - мегӯяд коршинос Умар Носир.
Коршиноси тоҷик Қосими Бекмуҳаммад ба ин назар аст, ки "Толибон тавофуқро ҳамчун пирӯзии худ ва ҳузури 19-солаи ҷомеаи ҷаҳониро дар ҳудуди Афғонистон ғайриқонунӣ мепазиранд. Ва ин дар навъи худ алаккай чолиш аст. Агар Амрико нирӯҳои худро аз ин кишвар берун бикашад, пас, хеле эҳтимол аст, ки мо шоҳиди тағйироти калони сиёсиву низомӣ, аз ҷумла зуҳури гуруҳи радикали мусаллаҳ хоҳем буд, ки ба амнияти кишварҳои ҳамсоя таҳдид мекунанд", - мегӯяд Бекмуҳаммад.
Ӯ мегӯяд, дар оғоз Толибон нишон медиҳанд, ки барои иҷро кардани тавофуқнома талош доранд ва аз ин гуруҳҳои террористӣ дурӣ меҷӯянд, вале дар оянда бар асоси ҳамрайъии динӣ маҷбур мешаванд онҳоро бипазиранд.
Амрико нирӯҳояшро ба Афғонистон баъд аз ҳодисаҳои террористии 11-уми сентябри соли 2001 ворид кард. Ин тасмим аз сӯйи ҳампаймонони наздики Вашингтон ҷонибдорӣ шуд. Ҳадафи расмии эълоншудаи ҷанг нобуд кардани сохтори "Ал-Қоида" ва аз миён бурдани нуфузи ин созмони террористӣ дар Афғонистон бо роҳи аз қудрат дар Кобул дур кардани ҳаракати Толибон буд. Ҳоло таҳти назорати Толибон беш аз ними Афғонистон қарор дорад.
Ба ҷуз аз Тоҷикистон кишварҳои дигари минтақа – Узбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон бо онҳо робита доштанд. Дар мавриди ёрии ин кишварҳо ба Толибон иттилоъ нест, вале расонаҳо борҳо хабар додаанд, ки Русия ба онҳо ёрии низомиву фаннӣ мерасонад, ҳарчанд Маскав ин иттиҳомотро рад мекунад.