Амрико ва Толибон рӯзи 29-уми феврал дар Доҳа, пойтахти Қатар, созишномаи таърихиро дар бораи поён додан ба ҷанги 19-сола дар Афғонистон имзо карданд. Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико, гуфт, "афғонҳо ба зиндагии сулҳомез ҳақ доранд". Мулло Бародар, раиси дафтари сиёсии Толибон дар Қатар аз афғонҳо хост, "барои сохтани як низоми исломии қавӣ ба музокирот биёянд".
Дар маросими имзои тавофуқнома, Майк Помпео – вазири умури хориҷии Амрико, раҳбарони сиёсии Толибон, намояндагон беш аз бист кишвар ва созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла вазирони корҳои хориҷии Покистону Туркия иштирок карданд. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддини Муҳриддин низ дар садри ҳайате ин шабу рӯз дар Қатар қарор дорад.
Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг ин тавофуқро "қадами аввал барои барқарории сулҳи пойдор" номид.
Нахуствазири пешини Норвегия дар ҷамъи хабарнигорон дар Кобул гуфт, "роҳи сулҳ дарозу душвор аст", аммо "ин аввалин қадами муҳим аст".
Иттиҳоди Аврупо аз тавофуқи сулҳи Амрико ва Толибон истиқбол намуд.
Имзои мувофиқатнома баъд аз як ҳафтаи он имконпазир шуд, ки нирӯҳои зери раҳбарии Амрико ва Толибон ба тавофуқ дар бораи коҳиши хушунатҳо дар Афғонистон пойбанд будаанд.
Бар асоси эъломияи муштараки ҳукумати Афғонистон ва Иёлоти Муттаҳида, ки як нусхаи он ба дасти бахши афғонии Радиои Озодӣ расид, тавофуқномаи сулҳ миёни Амрико ва Толибон асосан шомили чаҳор бахш будааст:
- Кафолати истифода нашудани хоки Афғонистон аз сӯи афрод ва гурӯҳҳои ҳаросафкани байналмилалӣ дар баробари амнияти Амрико ва муттаҳидонаш;
- Таъини ҷадвали замонӣ барои хуруҷи нерӯҳои Амрико ва эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон;
- Тавофуқи сиёсӣ, ки дар натиҷаи музокироти мустақими миёни ҳайати музокиракунандаи ҳамашумули Афғонистон ва Толибон ба даст меояд;
- Оташбаси доимӣ.
Тибқи эъломияи муштараки Афғонистону Амрико, ИМА бояд шумори сарбозони худро дар Афғонистон аз тақрибан 13 ҳазор нафар то ба 8600 нафар кам кунад.
Дар ин эъломия омадааст, Амрико ва НАТО нерӯҳояшонро дар ҷараёни 14 моҳи пас аз нашри эъломияи муштарак ва имзои тавофуқномаи сулҳи Амрико ва Толибон аз Афғонистон берун хоҳанд кард.
Ҳамчунон дар ин эъломия омадааст, Афғонистон ваъда месупорад, бо оғози музокироти байни ин кишвар ва Толибон тайи иқдомоти дипломатӣ бо аъзои Шӯрои амнияти Созмони Милал, номҳои раҳбарони Толибонро аз рӯйхати таҳримоти ин созмон берун кунад.
Тавофуқи сулҳ миёни Амрико ва Толибон пас аз даҳ даври гуфтугӯҳо аз сӯйи Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистон ва Мулло Бародар, раиси дафтари сиёсии Толибон дар Қатар имзо шуд. Як шарти имзои созишнома ин аст, ки Толибон бо ҳукумати Афғонистон вориди музокира шаванд.
Толибон то кунун ҳукумати Афғонистонро "арӯсаки Ғарб" номида, аз гуфтугӯи мустақим бо онҳо худдорӣ варзидаанд.
Дар нуздаҳ соли ҷанг дар Афғонистон тақрибан 2400 сарбози амрикоӣ ва ҳазорҳо сарбози афғону ғайринизомиён кушта шудаанд.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 28-уми феврал дар баёнияе аз Толибон ва ҳукумати Афғонистон хост, аз ин фурсати пешомада барои сулҳ истифода кунанд. Ба гуфтаи ӯ, агар онҳо уҳдадориҳои худро ба ҷо оранд, роҳ барои поёни ҷанг дар Афғонистон пайдо хоҳад шуд.
Трамп гуфт: "Ин қадами муҳиме барои барқарории сулҳи пойдор дар Афғонистони нав, орӣ аз "Ал-Қоида" (ДОИШ) ва ҳар гурӯҳи террористии дигаре ҳаст, ки мехоҳад ба мо осеб бирасонад".
Нерӯҳои амрикоӣ ва муттаҳидонаш соли 2001 ба ҳадафи сарнагун кардани Толибон ва аз байн бурдани "Ал-Қоида", ба Афғонистон ҳамла карданд. Дар он замон Толибон дар Афғонистон ҳукумат мекарданд ва Усома бин Лодин ва раҳбарони дигари "Ал-Қоида", ки ҳамлаҳои террористии ёздаҳуми сентябрро тарҳрезӣ карда буданд, дар Афғонистон паноҳ бурда буданд.