Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон мегӯянд, ба нерӯҳои афғон ҳамла мекунанд, ба хориҷиҳо на


Толибон дар вилояти Нангарҳор. 1 март, 2020.
Толибон дар вилояти Нангарҳор. 1 март, 2020.

Дувуми март ду рӯз пас аз имзои созишномаи сулҳ бо Амрико, ки ҳадафи он хатми ҷанги 19-сола дар Афғонистон аст, Толибон эълон карданд, ки ба оташбаси нисбӣ дар Афғонистонро хотима мебахшанд.

Ин хабар дар пайи таркиши бомба дар канори як варзишгоҳ интишор шуд. Мақомоти вилояти шарқии Хусти Афғонистон мегӯянд, ки дар ин таркиш 3 кас кушта шуданд. То ҳол касе масъулияти таркишро бар дӯш нагирифтааст.

Толибон мегӯянд, ба силоҳбадастонашон дастур додаанд, ки сар аз 2-юми уми март амалиёт бар зидди артиши афғонро идома диҳанд. Сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид мегӯяд, акнун Толибон ба нерӯҳои хориҷӣ ҳамла намекунанд, вале ҳамлаҳо бар зидди Артиши Афғонистон идома хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG