Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон як шарти аслӣ барои музокироти ҳукумат бо Толибонро зери суорл бурд, ки дар созиши байни Амрикову ин гуруҳ зикр шудааст. Ӯ дар як нишасти хабарӣ дар рӯзи 1-уми март ба хабарнигорон гуфтааст, ки ҳукумати ӯ ҳеҷ аҳде надодааст, ки пеш аз оғози музокироти сулҳ 5 ҳазор зиндонии Толибонро раҳо мекунад.
Ӯ гуфтааст: “Ин шарт метавонад, дар дастури кори музокироти байнулафғонӣ ворид карда шавад, аммо пешшарти гуфтугуҳо буда наметавонад.” Дар созише, ки байни Амрикову Толибон рӯзи 29-уми феврал имзо шуд ва ҳадафаш хотимаи ҷанги 18-сола дар Афғонистон аст, омадааст, ки бояд 10 -уми март то 5 ҳазор зиндонии Толиб ва то 1 ҳазор асирон дар дасти ин гуруҳ озод карда шаванд.
Ашраф Ғанӣ дар нишасти хабариаш изҳори умедворӣ кард, ки оташбаси 7 рӯза, ки имкон дод, созиши сулҳ имзо шавад, пойдор мемонад. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, дар сурати риояти созиш аз тарафи Толибон Амрико ба ихроҷи нерӯҳояш аз ин кишвар оғоз мекунад.