Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи амрикоиҳо ба зидди ҷангҷӯёни Толибон дар Ҳилманд


Сарбозони амрикоӣ. Моҳи июни соли 2019
Сарбозони амрикоӣ. Моҳи июни соли 2019

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пас аз ҳамлаи ҷангҷӯёни Толибон ба посгоҳи нерӯҳои афғон дар вилояти Ҳилманд, ба зидди ин ҷангҷӯён ҳамлаи ҳавоии “дифоӣ” кард.

Сонни Леггетт, намояндаи нирӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон, рӯзи 4-уми март дар Твиттер аз ин ҳамла хабар дод ва гуфт: "Иёлоти Муттаҳида дар ноҳияи Наҳри Сараҷ, дар вилояти Ҳилманд, ба зидди ҷангҷӯёни Толибон, ки фаъолона ба посгоҳҳои нирӯҳои афғон ҳамла мекарданд, зарбаи ҳавоӣ зад. Ин зарбаи дифоӣ барои боздоштани ҳамлаи Толибон буд."

Ин ҳамлаи ҳавоӣ чанд соат пас аз он рӯй дод, ки ҷангҷӯёни Толибон камаш 20 корманди амниятии Афғонистонро дар ҳамлаҳои пайдарпай куштанд.

Президенти Амрико Доналд Трамп як рӯз пеш аз ин гуфта буд, ки бо роҳбари сиёсии Толибон сӯҳбати "хеле хуб"-и телефонӣ доштааст.

Мавҷи зӯровариҳо ба созиши сулҳе таҳдид мекунад, ки 29-уми феврал дар Доҳа миёни Иёлоти Муттаҳида ва Толибон ба имзо расидааст. Созишнома ба нерӯҳои ҳампаймон имкон медиҳад, дар давоми 14 моҳ Афғонистонро тарк кунанд ва ба ҷои ин аз Толибон талаб карда мешавад, амниятро таъмин намоянд ва бо ҳукумати Афғонистон сари мизи гуфтугӯ нишинанд. Гурӯҳи ифротгаро то ба имрӯз ин корро рад кардааст. Толибон гуфтаанд, бо давлати Афғонистон гуфтушунид нахоҳанд кард, то он даме ки 5 ҳазор зиндониашон озод карда нашаванд.

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ гуфтааст, вай уҳдадор нашудааст, ки зиндониёни Толибонро раҳо кунад.

XS
SM
MD
LG