Тақдири тахминан 5 ҳазор узви зиндонии Толибон метавонад, дар пешорӯи хатми ҷанги 19-сола дар Афғонистон як садди ҷиддӣ шавад. Толибон талаб доранд, ки зиндониҳои онҳо пеш аз оғози музокираҳои мустақим бо ҳукумати Афғонистон барои оташбаси доимӣ ва созишҳои баъдӣ дар заминаи тақсими қудрат озод шаванд.
Музокираҳои миёни худи афғонҳо, ки ба миёнаҳои моҳи март дар назар гирифта шудааст, баъди он шурӯъ мешавад, ки Амрико ва Толибон созиши таърихиро имзо мекунанд ва ин санад барои хуруҷи марҳила ба марҳилаи нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон сабаб мешавад.
Коршиносон мегӯянд, мавзӯи зиндониёни Толибон метавонад дар ростои шурӯи музокираҳои сулҳ ба як садди ҷиддӣ табдил шавад ваё, баръакс, дар меҳвари муомилаҳои Толибон қарор бигирад. Чунин хатар вуҷуд дорад, ки озод шудани ҳазорҳо ҷангҷӯи Толибон мавқеи ҳукумати Кобулро заифу мавқеи Толибонро қавитар мегардонад ва бо ин сабаб ҷараёни сулҳ ба ҳам зада мешавад.
“Тадбири эҷоди эътимод”
Сухангӯи Толибон Суҳайл Шоҳин рӯзи 26-уми феврал дар суҳбат бо бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфт, Кобул 5 ҳазор узви Толибонро ба ивази 1 ҳазор узви нирӯҳои амниятии Афғонистон, ки дар дасти ҷангҷӯён нигаҳдорӣ мешаванд, озод мекунад.
Шоҳин гуфт, ин “тадбири эҷоди эътимод” пешшарти шурӯи музокираҳои миёни худи афғонҳо буд. Ӯ афзуд, озод кардани зиндониҳо бахше аз созиши сулҳи Амрико ва Толибон буд, бо ин вуҷуд, ки санадро намояндагони ҳукумати Афғонистон имзо намекунанд. Вале на Толибон ва на ИМА мазмун ва ҷузъиёти созишро то ҳол ифшо накардаанд.
Ҳукумати Кобул гуфт, ки озод кардани Толибон пеш аз шурӯи музокираҳо имкон надорад.
Саид Сиддиқӣ, сухангӯи президент Ашраф Ғанӣ, рӯзи 20-уми феврал гуфт, “вақте мо, ҳамчун ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, бо Толибон вориди гуфтугӯ мешавем ва онҳо талаб мекунанд, ки зиндониҳояшон озод шаванд, табъан, ки ин мавзӯъ баррасӣ мешавад ва дар ҳама гуна қарор дар ин замина қонуну манфиатҳои мардуми мо ба инобат гирифта мешавад”.
Муомилае ба манфиати ҳарду ҷониб
Умар Самад, дипломати собиқи афғон, ҳоло дар Шӯрои Атлантики воқеъ дар Вашингтон ба унвони як таҳлилгари калон ифои вазифа мекунад. Ӯ гуфт, ин масъала метавонад ҳамчун “як садди сиёсӣ ваё масъалаи мавриди тиҷорат” истифода шавад. Ба гуфтаи Умар Самад, тиҷорат ба маънои муомилае ба манфиати ҳарду ҷониб буда метавонад.
Майкл Кугелман, таҳлилгари масоили Осиёи Ҷанубӣ дар Маркази таҳқиқотии Вудроу Вилсон дар Вашингтон мегӯяд, ҳукумати Афғонистон метавонад пеш аз шурӯи музокираҳои дуҷониба ба Толибон як гузашти азиме пешниҳод кунад ва ба ин умедвор бошад, ки ҷангҷӯён ҳам посухи мутақобил хоҳанд дод.
Кугелман гуфт, ин метавонад ваъдаи ҷангҷӯён ба коҳиши хушунат дар ҷараёни музокирот бошад, ки ба андешаи таҳлилгар, мураккаб ва тӯлонӣ хоҳад буд.
ИМА ва Толибон ба мувофиқа расиданд, ки дар остонаи имзои созиши оташбас дар саросари Афғонистон ҳафтаи “коҳиши хушунат” ҷорӣ шавад. Ин созиш қисман риоя шуд ва мизони ҳамлаҳои Толибон ба ҳисоби миёна аз 75 ҳодиса дар рӯз то 15 ҳодиса поин омад. Ҷангҷӯён тахминан нисфи кишварро зери назар доранд.
Татбиқи айни чунин муқаррарот дар остонаи шурӯи музокираҳои байниафғонӣ ҳам баррасӣ шудааст, вале Толибон ҳанӯз дар робита бо имкони роҳандозӣ шудани чунин созиш шарҳе надодаанд.
Вале таҳлилгарон ҳушдор доданд, ки хатари ин вуҷуд дорад, ки ҳукумат метавонад як имкони аввалиндараҷа барои тиҷоратро дар ин марҳилаҳои аввали ҷараёни сулҳ аз даст диҳад. Кугелман ба ин назар аст, ки “Толибон василаи зиёд барои шартгузорӣ доранд, аз ҳамин хотир ҳам барои натиҷагирии созиши сулҳ зиёд майл нишон намедиҳанд”. Ба фикри ин таҳлилгар, ҳатто дар сурати гузашти азиме Толибон метавонанд ин дастовардро нигаҳ дошта, “пеш аз он ки худ чизе бидиҳанд, чизи бештаре талаб кунанд”.
10 ҳазор Толибони зиндонӣ
Дар зиндонҳои Афғонистон шумори Толибони зиндонӣ 10 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Вале ҷангҷӯён гуфтанд, ки бархе боздоштшудаҳо дар асл ҷангҷӯи воқеии Толибон набуда, афроди ҳавохоҳ ҳастанд ваё онҳое мебошанд, ки барои гуноҳҳои дигарашон ҷазо гирифтаанд.
Баъди вуруди нирӯҳои ИМА ба Афғонистон дар охири соли 2001, чандин ҳодисаи табодул ваё озод шудани ҷангҷӯёни баландпояи зиндонӣ рух дод. Моҳи ноябри соли 2019 ба ивази се узви баландпояи Толибон ду гаравгони ғарбӣ аз зиндони ҷангҷӯён озод карда шуданд. Дар миёни онҳо, аз ҷумла, Анас Ҳаққонӣ, бародари хурдии Сироҷиддин Ҳаққонӣ, раҳбари шабакаи қудратманди Ҳаққонии вобаста ба Толибон низ буд.
Баъд аз он ки моҳи сентябри соли 2019 президент Доналд Трамп дар пайи афзоиши ҳамлаҳои Толибон ногаҳон музокираҳо бо ин гурӯҳро қатъ кард, табодули зиндониҳо ҳамчун талоши шурӯи билофосилаи музокираҳои сулҳи Амрико ва Толибон арзёбӣ шуд.
Соли 2014 панҷ узви аршади Толибон бар ивази сарбози амрикоӣ Воу Бергдал аз зиндони ҳарбии ИМА дар ҷазираи Гуантанамои Куба озод шуданд. Ҳамаи ин панҷ нафари озодшуда ҳоло дар Қатар дар музокираҳои баландпояи сулҳ бо мақомоти амрикоӣ иштирок мекунанд.
Соли 2013 собиқ президенти Афғонистон Ҳомид Карзай дар як изҳороти баҳсбарангезаш шумори Толибони зиндониро дар як маҳбаси собиқи амрикоиҳо дар Кобул фош кард ва ин амали ӯро ҳамчун талош барои шурӯи музокираҳои мустақими Кобул бо ҷангҷӯён арзёбӣ карданд. Вале ин талош натиҷа надод ва Толибон барои нишастан сари мизи гуфтугӯ мутақоид нашуданд. Таҳлилгарон мегӯянд, бархе озодшудаҳо ба назди Толибон баргаштанд, мартабаву саҳми онҳо дар афзоиши низоъҳои харобиовари бештар боло рафт.