Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суҳбати Трамп ва Бародар баъди созиши Амрико бо Толибон


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико

Доналд Трамп, президенти Амрико, бо раҳбари Толибон суҳбати телефонӣ доштааст.

Амрико ва Толибон рӯзи 29-уми феврал дар Қатар созишеро имзо карданд, ки ҳадафи он хотима бахшидан ба ҷанги 19-сола дар Афғонистон аст.

Рузи 3-юми март дар Қасри Сафед Доналд Трамп ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки бо раҳбари Толибон дар Қатар Мулло Абдулғанӣ Бародар телефонӣ суҳбат кардааст. Трамп гуфт, "муколама хеле хуб буд”.

Рӯзи 3-юми март Толибон низ хабар доданд, ки Трамп ва Бародар 35 дақиқа телефонӣ гап задаанд.

Тибқи созише, ки Амрико ва Толибон имзо кардаанд, сарбозони ИМА ва муттафиқонаш дар давоми 14 моҳи оянда аз Афғонистон берун мешаванд. Дар ҷавоб Толибон як идда кафолатҳои амниятӣ бар дӯш гирифта ва бо ҳукумати Афғонистон сари мизи музокирот менишинанд.

То кунун ҷунбиши тундгарои исломӣ аз музокироот бо ҳукмати Кобул худдорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG