Дар миёни паноҳҷӯён фаъолони сиёсӣ, аз ҷумла аъзои ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва созмони "Гурӯҳи 24" низ ҳастанд.
Раёсати кор бо хориҷиҳои ҳукумати Лаҳистон чанде пеш гуфта буд, аз соли 2016 то 2019, дар маҷмӯъ, беш аз 1200 шаҳрванди Тоҷикистон аз ин кишвари аврупоӣ дархости паноҳандагӣ кардаанд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз чанд роҳгузар дар Душанбе пурсид, ки аз нигоҳи онҳо чаро баъзе аз сокинон аз кишвар мераванд?
Матни ҷавобҳоро дар ин ҷо хонед:
- "Таҳдид мекунанд, гурехта мераванд."
- "Донишмандонеро, ки ба Тоҷикистон заруранд, ба ягон корхона роҳ намедиҳанд. Ҳатто онҳоро гӯш намекунанд. Вақте фикру дархости худро мегӯянд, душмани миллат эълон мекунанд ва онҳо мераванд. Имрӯз замин дар дасти деҳқон нест, корхона дар дасти коргар нест."
- "Онҳо гурезаанд. Маҷбур шудаанд, ки аз кишвари худ берун раванд."
- "Вақте дар ватан ба муроҷиати шаҳрванд аҳамият намедиҳанд, худро чун дар кишвари бегона эҳсос мекунӣ. Баъд маҷбур мераванд."
- "Онҳо шароит надоранд ва барои таъмини зиндагӣ ба ҷои дигар рафтаанд."
- "Агар илоҷаш бошад, онҳоро ба ватани худамон гардонда оранд."
Видеоро дар ин ҷо бинед:
Навиштани назару пешниҳодҳои худро фаромӯш накунед!