Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи раиси "Умед 88" поён ёфт. Додситон чӣ талаб кард?


Раҷабалӣ Одинаев
Раҷабалӣ Одинаев

Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парвандаи раиси "Умед 88" ва муовинашро ба анҷом расонд. Қарор аст, то чанд рӯзи дигар ҳукми Раҷабалӣ Одинаев ва Идибек Иброҳимов эълон шавад.

  • Мурофиаи охирини парвандаи роҳбарони ширкати "Умед 88" рӯзи 28-уми август дар Додгоҳи олии Тоҷикистон баргузор шуд. Додгоҳ дар ин рӯз ба хонаи машваратӣ рафт.
Одинаев пас аз як интиқоди раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи октябри соли гузашта ба хотири напардохтани қарзи давлат боздошт шуд.

Дар охирин рӯзи мурофиа айбдоркунандаи давлатӣ ё додситон аз додгоҳ барои Раҷабалӣ Одинаев ва Идибек Иброҳимов ҷазо талаб кардааст. Аммо бо сабаби махфӣ будани парванда ҳеҷ як аз тарафҳо ҳозир нашуд ҷузъиёти мурофиаро ошкор кунад. Додраси парванда дар як суҳбати кӯтоҳ гуфт, ки танҳо пас аз эълони ҳукм метавонанд ҷузъиёти парвандаро ифшо кунанд.

Дар ҳамин ҳол, вакилони дифои Раҷабалӣ Одинаев баъди берун шудан аз толори мурофиа маъюс буданд ва гуфтанд, дар ин бора чизе гуфтан намехоҳанд. Фақат яке аз онҳо ишора кард, ки аз талаби айбдоркунандаи давлатӣ розӣ нестанд.

Бо инки додрас ва вакилони дифоъ дар бораи ҷузъиёти мурофиа шарҳ надоданд, бино ба иттилои дарёфтӣ барои Раҷабалӣ Одинаев ва Идибек Иброҳимов аз додгоҳ солҳои тӯлонии зиндон талаб шудааст.

“Одинаев гуфтааст, гунаҳкор нест”

Дар охирин рӯзи мурофиаи додгоҳӣ Раҷабалӣ Одинаев ва муовинаш Идибек Иброҳимов маъюс ба назар мерасиданд. Одинаев пас аз 11 моҳи боздошт хеле лоғар шудааст. Ӯро дар иҳотаи кормандони мақомоти қудратӣ ба толори мурофиа оварданд ва аз онҷо берун бурданд. Одинаев ҳатто имкони мулоқоти кӯтоҳ бо наздиконашро надошт ва танҳо бо ишораи даст бо онҳо салом кард.

Раҷабалӣ Одинаев дар сухани охиринаш дар додгоҳ гуфтааст, ки худро гунаҳкор намешуморад ва мехоҳад ӯро озод кунанд. Одинаев, инчунин, гуфтааст, барояш фурсат бидиҳанд ва ӯ қарзи давлатро бозмегардонад.

Наздикони Раҷабалӣ Одинаев дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, умед доранд, додгоҳ барои ду роҳбари “Умед 88” ҳукми одилона содир мекунад. Ба қавли наздикони Одинаев, онҳо имкон доранд бо фурӯши амволи ширкат, қарзи давлатро дар муҳлати кӯтоҳ баргардонанд. Тақозои аслии пайвандони Раҷабалӣ Одинаев ин аст, ки додгоҳ ӯро озод кунад.

Ҳама гап - сари пули Роғун

Қазияи Раҷабалӣ Одинаев наздики як сол аст, ки идома дорад. Одинаев пас аз як интиқоди раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи октябри соли гузашта ба хотири напардохтани қарзи давлат боздошт шуд. Сухан аз 171 миллион сомонӣ пули сохтмони нерӯгоҳи Роғун меравад, ки соли 2015 Вазорати молия онро ҳамчун қарз ба ширкати “Умед 88” дода буд.

Бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон
Бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон

Парвандаи роҳбарони “Умед 88” аз оғоз муҳри махфӣ дошт ва баррасии додгоҳиаш ҳам паси дарҳои баста сурат гирифт. Масъулини Додгоҳи олӣ қаблан гуфтанд, Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкат дар содир кардани 7 ҷиноят гумонбар аст.

Аз сабаби муҳри махфӣ гирифтани парвандаи Раҷабалӣ Одинаев ва муовинаш Идибек Иброҳимов мақомот ва ҳам вакилони дифоъ аз додани ҳамагуна иттилоъ дар бораи парванда худдорӣ мекунанд. Вале бархе мунтақидон мегӯянд, қазия танҳо ба хотири бозпурсӣ шудани бархе мақомоти баландпояи тасмимгиранда дар додани қарз аз ҳисоби пулҳои сохтмони Роғун – тарҳи сарнавиштсоз ва стратегӣ барои иқтисоди Тоҷикистон – мӯҳри махфӣ гирифтааст.

Яке аз бозигарони бозори сӯзишворӣ

Ширкати “Умед 88” аз соли 2006 дар бозори фурӯши сӯзишвории Тоҷикистон ворид шуд ва ба гуфтаи раҳбараш, беш аз 2 миллиард сомонӣ ба буҷети давлат андоз супурдааст. Ин ширкат то замони қатъи фаъолияташ беш аз 500 коргар дошт.

"Умед 88" яке аз се ширкати умдаи таъминкунандаи сӯзишворӣ дар бозори Тоҷикистон буд, ки бо “Газпром”-и Русия ва ширкати хусусии “Фароз” рақобат қарор дошт. Қазияи ширкате, ки тӯли 20 сол дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон мавқеъ касб карду фаъолияти он ногаҳон бо ҳабси раҳбаронаш дар охири соли 2017 ба анҷом расид, яке аз пурсарусадотарин қазияҳои тақрибан як соли охир аст.

XS
SM
MD
LG