Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Умед 88" дороиҳояшро ба фурӯш гузошт. ВИДЕО


Ширкати "Умед 88" ба хотири пардохти 171 миллион сомонӣ қарзи ин ширкат аз вазорати молия, нуқтаҳои фурӯши сӯзишвориашро дар саросари кишвар ба фурӯш гузоштааст.

Дар тамоми нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории "Умед 88", ки ҳоло фаъол нестанд, як рақами телефон навишта шудаааст, ки харидорон бояд бо он дар тамос шаванд. Масъулони ин ширкат аз гуфтани қимати нуқтаҳои фуруши сӯзишворӣ "Умед 88" худдорӣ мекунанд. Аммо як нафар тоҷир қимати бузургтарин нуқтаи фурӯши сӯзишвории ин ширкат воқеъ дар минтақаи маъруф ба "Нуҳум километр"-и Душанберо 13 миллион сомонӣ гуфт.

Дар тамос бо воситаи ҳамин рақами телефонӣ, яке аз масъулони фурӯши нуқтаҳои маводи сӯхти ширкати “Умед 88” гуфт, ки ин иқдом ба хотири баргардонидани маблағи 171 миллион сомонӣ буда, ҳамаи нуқтаҳои маводи сӯхти ин ба фурӯш гузошта шудааст. Ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки то ба ҳол се нуқтаи бензинфурӯшӣ ба савдо рафтааст.

"Умед 88" яке аз се ширкати умдаи таъминкунандаи маводи сӯзишворӣ дар бозори Тоҷикистон буд, ки бо “Газпром”-и Русия ва ширкати хусусии “Фароз” дар ҳолати рақобат қарор дошт.

Яке аз нуқтаҳои фурӯши бензини "Умед 88" воқеъ дар кӯчаи Ҷаббор Расулови пойтахтро ҳоло ширкати "Соро ойл" харидорӣ кардааст. Ширкати "Соро ойл" низ яке аз ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ аст, ки дар Душанбе ва атрофи он чанд нуқтаи фурӯши маводи сӯхт дорад.

Қаблан мақомоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Тоҷикистон хабар дода буданд, ки ба наздикони раҳбари ширкати "Умед 88" иҷозат додаанд то моликияти ширкатро фурӯшанд ва қарзи давлатро баргардонанд.

Абдукарим Зарифзода, муовини раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон моҳи гузашта зимни нишасти хабарӣ гуфта буд, ки "мақомоти оҷонсӣ манфиатдор аст, ки маблағи зарар пурра барқарор карда шавад, барои барқарории ин маблағ низ, зиёда аз 69 амволҳое, ки озод дар фурӯш гузошта шудааст. Ба намояндаҳои тарафи раҳбарияти "Умед 88" мо имкон додем, ки ҳар лаҳза муроҷиат кунанд, кормандони оҷонсӣ бо онҳо дар тамос ҳастанд, ягон мамониат нест."

"Умед 88" яке аз се ширкати умдаи таъминкунандаи маводи сӯзишворӣ дар бозори Тоҷикистон буд, ки бо “Газпром”-и Русия ва ширкати хусусии “Фароз” дар ҳолати рақобат қарор дошт. Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Раҷабалӣ Одинаев – раиси ширкати нафтрасони “Умед-88”-ро бо иттиҳоми сирқати пули будҷа дар моҳи октябри соли гузашта боздошт кард.

Умед 88" дороиҳояшро ба фурӯш гузошт
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:21 0:00

Ва ахиран хабар дода шуд, ки ба парвандаи раиси боздоштшудаи ширкати "Умед-88" мӯҳри махфӣ зада шудааст. Вакилони дифои ӯ муваззаф шудаанд, ки дар бораи ҷараёни тафтишот бо матбуот сӯҳбат накунанд.

"Вагарна ҳар ҷумлаи гуфтаамон ба унвони халал расондан ба кори муфаттишон эълон хоҳад шуд", - гуфт яке аз адвокатҳо рӯзи 1-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ. Ҳамсӯҳбати мо гуфт, дар бораи махфӣ шудани парвандаи Раҷабалӣ Одинаев онҳоро охири моҳи феврал огоҳ кардаанд.

Қазияи ширкате, ки тӯли 20 сол дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон мавқеъ касб карду фаъолияти он ногаҳон бо ҳабси раҳбаронаш дар охири соли 2017 ба анҷом расид, яке аз пурсарусадотарин қазияҳои чанд моҳи охир аст.

XS
SM
MD
LG