Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҷабалӣ Одинаев ба 7 ҷиноят муттаҳам мешавад


Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкати "Умед 88" дар содир кардани 7 ҷиноят муттаҳам дониста мешавад. Мақомоти Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯянд, дар кирдорҳои Одинаев ҷиноятҳое аст, ки характери махфӣ доранд ва ба ин хотир, мурофиаи ӯ паси дарҳои баста ҷараён дорад.

Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон афзуд, танҳо баъди содир шудани қарори додгоҳ, ҷузъиёии мурофиаи Раҷабалӣ Одинаевро расонаӣ мекунанд.

Масъулини Додгоҳи олӣ мегӯянд, Раҷабалӣ Одинаев дар содир кардани 7 ҷиноят гумонбар дониста мешавад. “Дар ҳақиқат кирдорҳое, ки роҳбари ин ширкат содир кардааст, то як дараҷа характери махфӣ доранд. Аз ин рӯ, парвандаи мазкур дар мурофиа пӯшидаи судӣ мавриди баррасӣ қарор дорад",-гуфт Шоҳиён.

Раҷабалӣ Одинаев аз моҳи октябри соли 2017 боз дар боздошт аст. Ӯро ба напардохтани 171 миллион сомонӣ пули сохтмони нерӯгоҳи Роғун, ки Вазорати молияи Тоҷикистон соли 2015 ҳамчун қарз ба ширкати зери раҳбарии ӯ дода буд, муттаҳам мекунанд.

XS
SM
MD
LG