Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронӣ аз ояндаи бизнес дар Тоҷикистон баъди боздошти раҳбарони "Умед-88"


Боздошти раҳбарони ширкати “Умед 88” -- яке аз ширкатҳои бузурги воридкунандаи нафт ба Тоҷикистон, ба вокунишҳои гуногун дар дохил ва хориҷ рӯбарӯ шуд.

Гурӯҳе агар инро талоши ҳукумат барои таъмини қонунмандӣ арзёбӣ кунанд, иддае дигар мегӯянд, боздошти тоҷирони собиқадору муваффақ танҳо ба зиёд шудани тарс дар миёни соҳибкорон ва фирори сармоя аз кишвар меанҷомад. Таҳлилгарон мегӯянд, боздошти

Агар барои ин кор нафаре бояд боздошт шавад, пас аввал ҳамоне сазовори боздошт аст, ки маблағро додааст. Танҳо барои қарз, ки шояд имкони баргардониданашро ҳам дорад, аз фаъолият боздоштани як андозсупорандаи бузург ғайримантиқист

роҳбарони “Умед-88” иддаоҳоеро қувват дод, ки дар Тоҷикистон агар тоҷирони калон аз гурӯҳи одамони мавриди ҳимоят набошад, оқибаташ ба боздошту зиндон меанҷомад.

Роҳбарони ширкати нафтрасони “Умед 88” баъд аз интиқоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки гуфт ин ширкат даҳҳо миллион сомонии пули будро бозпас надодааст, дастгир шуданд. Оҷонсии зидди фасод шоми 23-юми октябр бо нашри як иттилоия гуфт, Раҷабалӣ Одинаев, Идибек Иброҳимов ва чанд масъули дигари ширкати “Умед 88” ба тасарруфи пулу мол, ғайриқонунӣ гирифтани қарз ва сӯистифода аз ваколат муттаҳам дониста мешаванд.

“Будан дар майдони тиҷорати Тоҷикистон шарт дорад”

Паси панҷара рафтани раҳбарони ширкати “Умед 88”-ро гурӯҳе кори дасти рақибони онҳо дар бозори нафти Тоҷикистон медонанд. Ба ақидаи ин гурӯҳ, баъди ин таъқибҳо яке аз бозингарони муҳими бозори нафти Тоҷикистон аз бозор ихтисор мешавад ва роҳро барои рақибон боз мекунад. Коҳиши рақобат ҳеҷ гоҳ барои пешрафти бозор манфиатовар нест, мегӯянд иқтисоддонон.

Абдуманнон Шералиев, таҳлилгари масоили иқтисодӣ мегӯяд, дар боздошти роҳбарони ширкати “Умед 88” ҷуз даст доштани бозингарони аслии бозори нафт, дигар фарзияро намешавад матраҳ матраҳ кард.

Ба андешаи ҷаноби Шералиев, ин ки Одинаев гӯё маблағи калонеро аз давлат гирифтаву барнагардонидааст, бештар айби онҳое аст, ки маблағро ба онҳо додаанд.

“Агар барои ин кор нафаре бояд боздошт шавад, пас аввал ҳамоне сазовори боздошт аст, ки маблағро додааст. Танҳо барои қарз, ки шояд имкони баргардониданашро ҳам дорад, аз фаъолият боздоштани як андозсупорандаи бузург ғайримантиқист,” - таъкид кард ӯ.

Ин таҳлилгари тоҷик мегӯяд, “боқӣ мондан” дар саҳнаи тиҷорати Тоҷикистон қоидаҳои хос дорад ва бидуни риояи он тиҷоратҳои бузург дер давом намекунанд. Абдуманнон Шералиев мегӯяд, “ин андешаро, ки вақте як соҳибкор муваффақ шуд, дар сурати надоштани ҳимоятгаре аз "боло" наметавонад дер бипояд, боздошти Одинаев ба вуҷуд наовардааст. Ин як ҳақиқатест, ки кайҳо собит шудааст. Қоидаи мондан ин аст, ки бояд нафареро аз "боло" дар тиҷоратат шарик кунӣ. Вале ин ҳам кафолати саддарсадӣ надорад.”

Боздошти Раҷабалӣ Одинаев аввалин ҳолати зиндонӣ шудани тоҷирони маъруф дар Тоҷикистон нест. Қаблан низ соҳибкорони мисли Зайд Саидов, Ҷӯрабек Охунов, Низомхон Ҷӯраев ва дигарон бо иттиҳомҳои гуногун паси панҷара рафтанд ва моликияти онҳо ҳам мусодира шуд.

“Касе набошад, бояд ҷавоб гӯяд”

Дар ҳоле, ки як гуруҳ таҳлилгарон боздошти роҳбарони ширкати “Умед 88”-ро кори дасти рақибони онҳо медонанд, мақомоти тоҷик мегӯянд, дар Тоҷикистон танҳо касе, ки ҷиноят содир мекунад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Сайидҷаъфар Исмонов, вакили парлумон мегӯяд, боздошти тоҷирони маъруф ба тиҷорат дар Тоҷикистон таъсири калон нахоҳанд расонд.

Ба андешаи ҷаноби Исмонов, “дар низоми давлатдорӣ қонунҳо вуҷуд доранд ва қонунҳо ҷомеаро идора мекунанд. Дар асоси қонун чигуна соҳибкоре, ки набошад, бояд аз тарафи давлат як чора дида шавад. Аз боздошти як ё даҳ тоҷир бояд ҳеҷ кас воҳима накунад. Зайду дигарон ҳазорҳо камбудӣ доштанд.”

Аммо ин вакили парлумон аз он нигаронӣ кард, ки чаро миқдори зиёди маблағи НОБ-и Роғун ба ширкати “Умед 88” дода шудааст. “Дар ҳоле, ки маблағ намеёбем барои “Роғун” бидиҳем, 170 миллион сомониро як тоҷири бензин гирифтааст. Кӣ дод ин маблағро ва чаро дод?” - мегӯяд ин вакили порлумон.

Мақомоти тоҷик, аз ҷумла вазорати молия бо гузашти камтар аз ду ҳафта аз интиқоди президент ҳамоно то ҳол ин мавзӯъро аслан шарҳ намедиҳанд. Яке аз саволҳои калидӣ, ки чӣ гуна 170 миллион сомонӣ маблағи сохтмони НОБ-и “Роғун” метавонист ба ширкати “Умед 88” ба қарз дода ва дар мӯҳлати анҷоми ин қарз баъди 7 моҳи истифодааш баргардонида нашуд?

“Метарсем, ки ин бало ба сари мо ҳам наояд”

Коршиносон мегӯянд, боздошти роҳбарони “Умед 88” эҳтимол суръати фирори сармоя аз кишварро зиёд мекунад. Бархе мегӯянд, «вақте соҳибкор бой мешавад, наметавонад то охир биравад, магар ин ки аз доираи “хос” набошад».

Холиқ Тӯраев, як соҳибкор аз вилояти Суғд мегӯяд, ҳар боре мешунавад, ки як тоҷир паси панҷара рафта, моликияташ мусодира шудааст, хавотир мешавад, ки чунин балое ба сари ӯ низ наояд. Тӯраев мегӯяд, барои пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо, қонунҳоро риоя мекунад. Вале ба назари Тӯраев чунин аст, ки «ҳеҷ кафолати тиҷорати амни ӯ ва ҳам дар чаҳорчӯби қонун вуҷуд надорад».

Парвандаи ҷиноӣ нисбати ширкати "Умед 88" баъди мулоқот бо президент рӯзи 14 октябр ифтитоҳ шуд
Парвандаи ҷиноӣ нисбати ширкати "Умед 88" баъди мулоқот бо президент рӯзи 14 октябр ифтитоҳ шуд

Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, “аз боздошти як соҳибкор албатта мо метарсем. Бисёр бачаҳо тиҷораташонро ба дигар давлатҳо бурданд. Чандин дӯстони мо, баромада ба Русия рафтанд ва онҷо фермер низ шуданд. Вақте бо онҳо гап мезанем мегӯянд, ки инҷо касе халал намерасонад.”

Бо ин вуҷуд ин соҳибкори тоҷик мегӯяд, намехоҳад тиҷораташ васеъ бошад, чун ин кор ӯро ангуштнамо ва “тӯъма”-и дигарҳо мекунад.

“Умед-88” дар ростои мондан ё рафтан”

Бо боздошти роҳбаронаш, ширкати нафтрасони “Умед 88” дар ростои будан ё муфлис шудан қарор гирифтааст. Ҳарчанд масъулини ин ширкат мегӯянд, ки роҳҳои бозгардори пули будҷаро баррасӣ доранд, аммо бовар надоранд, ки ин ширкат дубора метавонад ба пои худ рост биистад.

Ширкати “Умед-88”-ро дар соли 1996 соҳибкор Раҷабалӣ Одинаев таъсис додааст. Ин ширкат маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъро аз Қазоқистону Русия ва Туркманистон ворид мекунад. Ҳамчунин, беш аз 70 нуқтаи фурӯши маҳсулоти нафтиву газии ширкати “Умед-88” дар саросари Тоҷикистон фаъол аст. “Умед-88” яке аз сертаблиғтарин ширкатҳои нафтрасони Тоҷикистон унвон мешавад. Ин ширкат барномаҳои бузурги фарҳангиву варзишӣ ва бахусус ҳунармандони маъруфи кишварро сармоягузорӣ мекард.

Таҳлилгарони берунаи вазъи тиҷорату соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ба ин кишвар баҳои баланд намедиҳанд ва мегӯянд, омилҳои зиёди мисли вуҷуди фасод, баланд будани мизони андозу молиёт ва аз ҳама хатаронктар – вуҷуди қоидаҳои нонавиштаи муомила дар соҳаи бизнес монеи рушди соҳибкорӣ дар ин кишвар мешавад.

Инро сафири Русия дар Тоҷикистон ҳам соли гузашта таъкид карда буд. Маҷаллаи маъруфи Forbes дар як гузориши худ аз соли 2014 ба пойтахти Тоҷикистон аз лиҳози шароити соҳибкорию тиҷорат дар байни 20 шаҳри Шӯравии собиқмақоми 17-умро дода буд. Маҷаллаи бритониёӣ гуфт, аз лиҳози шароити соҳибкорию тиҷорат Душанбе мушкилтарин шароитро дорад.

Нозим Ишонқулов, раиси Маркази бозори озоди Тоҷикистон он замон ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар Тоҷикистон соҳибкорон ҳуқуқҳои хешро дар мавриди моликият ҳимоят карда наметавонанд, чунки эътимод ба мустақилияти додгоҳҳо зааъиф аст ва шумори баҳсҳои додгоҳии соҳибкорон низ хеле кам иттифоқ меафтад.

XS
SM
MD
LG