Баҳром Маҳмадҷонов, раиси "Ресандаи Тоҷикистон РБТ" – яке аз корхонаҳои азими нассоҷӣ дар шимоли кишвар – аз боздошт раҳо шуд.
- Наздиконаш гуфтанд, ки ӯ муваззаф аст корхонаро дубора фаъол карда, пули хориҷиҳо, аз ҷумла ширкати туркии "Ланатекс Гида Санай"-ро баргардонад.
Қазияи Маҳмадҷонов пурра ба анҷом нарасидааст. Дар сурати иҷро накардани масъулиятҳояш эҳтимоли дубора ба ҳабс гирифтани ӯ вуҷуд дорад.
"Қарзҳоро дар як моҳ бармегардонад"
Дар намояндагии ширкати "Ланатекс Гида Санай" ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Баҳром Маҳмадҷонов ба онҳо ваъда додааст, маблағашонро дар як моҳи оянда дар шакли нақд ваё бо маҳсулот бармегардонад. "Ланатекс Гида Санай" ҳафт моҳ пеш бо ширкати "Ресандаи Тоҷикистон" шартнома баста, хоста буд, бар ивази 58 ҳазор доллар аз ин корхона ришта харад. Аммо ширкати туркӣ гуфт, дар ин муддат як тор ришта ҳам ба Туркия фиристода нашуд ва шартҳои созишнома иҷроношуда боқӣ монд.
Рӯзи 10-уми август дар намояндагии ширкат дар вилояти Суғд гуфтанд, умед доранд, бо озод шудани Баҳром Маҳмадҷонов метавонанд пули худро пас бигиранд. "Баҳси мо бо “Ресандаи Тоҷикистон” пурра ба анҷом нарасидааст ва то замони бозпас гирифтани пул идома хоҳад кард", - афзуд намояндаи ин ширкати туркӣ.
"Корхона фардо ба кор шуруъ мекунад"
Масъулони корхонаи “Ресандаи Тоҷикистон” то ба ҳол шарту шароити озодшавии роҳбарашонро шарҳ надодаанд. Онҳо фақат гуфтанд, ки дар рӯзҳои наздик корхона дубора ба кор мепардозад.
Худи Баҳром Маҳмадҷонов дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, «аз фардо фаъолияти “Ресандаи Тоҷикистон” аз сар гирифта мешавад». Ба қавли Маҳмадҷонов, феълан корҳои техникӣ ҷараён дорад ва баъди он фаъолияти корхона шуруъ мешавад. Аммо ӯ аз шарҳи бештари мавзӯъ худдорӣ кард ва шарти озодиашро ҳам шарҳ надод.
"Ду шарте, ки Маҳмадҷоновро халос кард"
Як манбаи наздик ба тафтишот ба Радиои Озодӣ гуфт, Баҳром Маҳмадҷонов нахуст барои саривақт напардохтани музди меҳнат боздошт шуда буд ва даъвои ширкатҳои хориҷӣ болои он изофа гардид. Ба қавли манбаъ, дар рӯзҳои аввали дастгир шудан, Маҳмадҷонов қарзи маошро пардохт кард ва, инчунин, як моҳ муҳлат гирифт, ки маблағи коршарикони хориҷиро баргардонад. Пардохти пурраи музди меҳнат ва ваъдаи додани қарзи шарикони хориҷӣ, ба қавли ҳамсуҳбати мо, сабаб шуд, то ӯро озод кунанд.
Аммо қазияи Баҳром Маҳмадҷонов зоҳиран ба анҷом нарасидааст ва дар сурати иҷро накардани масъулиятҳояш эҳтимоли дубора ба ҳабс гирифтани ӯ вуҷуд дорад.
Корхонаи “Ресандаи Тоҷикистон”, ки се соли пеш бо ҳузури раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон боз шуд, аз корхонаи муваффақи шимоли кишвар ба ҳисоб мерафт. Аммо дар ҳафт моҳи пеш ин корхона ба мушкил печид ва фаъолияташ қатъ гардид. Дар пайи аз кор мондани корхона ҳудуди 400 корманд ва асосан занону духтарон шуғли худро аз даст доданд. Озод шудани роҳбари корхона умедеро дубора дар дили онҳо бедор кардааст, ки дубора соҳиби кор мешаванд.
"Бахте, ки ба рӯи дигар соҳибкорон нахандид"
Баҳром Маҳмадҷонов шояд аз камтарин соҳибкоронест, ки тавонист бо шарти баргардондани қарз аз боздошт раҳо шавад. Чунин бахт на ба рӯи ҳама ҳамтоёни боздоштшудаи ӯ хандидааст. Аз ҷумла, роҳбарони ширкати нафтрасони “Умед 88” бо вуҷуди онки чанд дафъа ваъда доданд, аммо натавонистанд озодиро ба даст биоранд.
Раҷабалӣ Одинаев ва муовинаш аз давлат 171 миллион сомонӣ қарз гирифтанд ва барои саривақт бозпас надодани он боздошт шуда буданд. Онҳо наздики як сол аст, ки дар боздошт ба сар мебаранд ва чанд бор хостанд, ки озод шаванд. Аммо то ба ҳол ин дархости онҳо қонеъ нашудааст. Ҳуқушиносон аз истифодаи меъёрҳои дугона ё духӯра дар чунин ҳолатҳо нигаронӣ мекунанд.
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик, мегӯяд, тасмими ба ҳабси пешакӣ гирифтан ё озод мондан ба ихтиёри додрас аст. Ба қавли Ҳакимов, додрас бо назардошти ҳолатҳои кор ва эҳтимоли фирори гумонбар тасмим мегирад, ки ӯро ба ҳабс гирад ё дар озодӣ гузорад.
“Агар эҳтимоли тарк кардани маҳалли зист, таъсир расондан ба додгоҳ ва ба иштирокдорони мурофиа ва дигар зуҳуроти номатлуб ҷой дорад, суд метавонад бо назардошти муқаррароти қонунгузорӣ ба хулоса ояд. Мутаассифона, ҳангоми муайян кардани чораи пешгирӣ баъзан аз усулҳои дугона истифода мешавад, ки ба фоидаи кор нест ва боис ба нигаронии доираҳои муайян низ шудааст”, - хулоса кард Шокирҷон Ҳакимов.