- Одинаев аз моҳи октябри соли 2017 боз дар боздошт аст. Ӯро ба напардохтани 171 миллион сомонӣ пули сохтмони нерӯгоҳи Роғун, ки Вазорати молияи Тоҷикистон соли 2015 ҳамчун қарз ба ширкати зери раҳбарии ӯ дода буд, муттаҳам мекунанд. Парвандаашро Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасӣ дорад.
Тамоми талошҳо ба пардохти қарз равона шудааст. Ҳатто як қисми қарзро хешовандон ҷамъоварӣ карда, супурданд
Дар ин нома, ки нусхаи он рӯзи 3-юми июл дастраси Радиои Озодӣ шуд, Раҷабалӣ Одинаев бори аввал, пас аз 8 моҳи боздошт, мушкили ба сараш омадаро шарҳ додааст. Маълум нест, ки ин нома то ба президент расидааст, ё не.
Ба навиштаи Одинаев, тибқи созишнома бо Вазорати молия аз 171 миллион сомонии қарз ширкати “Умед 88” ба маблағи 100 миллион сомонӣ ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун сӯзишвории дизелӣ медод ва 71 миллиони дигарро дар шакли нақд пардохт мекард. Ба гуфтаи ӯ, қисме аз сӯзишворӣ барои истифода дар сохтмони Роғун ворид шуда буд ва ин кор бояд то нимсолаи аввали соли 2017 анҷом меёфт.
Аммо ба гуфтаи молики “Умед 88”, пеш аз оғози интиқоли сӯзишворӣ ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун “дар моҳи феврал ва марти соли 2016 ба фаъолияти нуқтаҳои сӯзишвории ширкати “Умед 88” маҳдудият ва монеа гузошта шуд. Ҳисоби молиявии фаъолияти ширкат баста шуд, ки боиси саривақт пардохт нашудани маблағҳои қарзӣ гардид”.
“Вазорати молия хост, оштӣ кунад, вале...”
Дар ин мактуб ба он ишора мешавад, ки моҳи майи соли 2016 Вазорати молия ва ширкати “Умед 88” бо бастани созишномаи оштӣ муҳлати пардохти қарзро тамдид карданд. Вале ба навиштаи Одинаев, ин пешниҳод “аз ҷониби Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба инобат гирифта нашуд”.
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон гуфта буд, ки ширкати “Умед 88” моҳи апрели соли 2015 қарз гирифта буд ва онро бояд моҳи декабр, яъне дар зарфи нӯҳ моҳ месупурд.
Аммо Одинаев дар ин мактуб гуфтааст, муҳлати қарзаш як сол буд ва он бояд аввали 2016 супурда мешуд. Ба гуфтаи ӯ, қарзро бо фоизи солонаи 18 дар сад гирифта, дар муддати 8 моҳ, яъне то шурӯи мушкилот 33 миллион сомонӣ фақат фоизи қарзро пардохт карда буд.
Раҷабалӣ Одинаев бо илтиҷо аз президент хостааст, дар озодии ӯ бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист кумак кунад. “Тамоми молу амволи ширкати “Умед-88” ба ҳабс гирифта шуда, ба фурӯш гузошта шудааст, ки маблағи он аз пули қарз зиёд мебошад. Аммо монеагузорӣ ба фурӯши амвол ва дар ҳабс нигоҳ доштани мо ба амалӣ гардонидани он имкон намедиҳад. Зеро ҳузур надоштани соҳибмулк ҳангоми фурӯши амволи ширкат, боис ба нобоварӣ ва шубҳанокии харидорон мегардад”, - гуфтааст ӯ.
"45 даъфа аз бонкҳо қарз гирифта баргардондем"
Ин соҳибкори шинохта гуфтааст, аз соли 2006 45 дафъа аз бонкҳои кишвар қарз гирифта ва ҳамаи онҳоро пардохта буд ва агар барояш як бори дигар имконият бидиҳанд, ин қарзро низ бармегардонад.
Қаблан, Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон иҷоза дода буд, ки моликияти ин ширкат фурӯхта шавад.
Аммо Саодат Одинаева, яке аз наздикони молики ширкати “Умед-88” рӯзи 3-юми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар фурӯши моликият мушкил доранд. “Ба моликияти дар фурӯш гузошташуда бисёр таваҷҷӯҳ мешавад, вале вақте мефаҳманд, ки соҳибмулки асосӣ дар боздошт аст, дигар аз харидорӣ даст мекашанд. Ба ҳар ҳол, тамоми талошҳо ба пардохти қарз равона шудааст ва як қисми қарзро ҳам хешовандон ҷамъоварӣ карда, супурдаанд. Ин як парвандаи иқтисодӣ аст ва вақте молу мулкашро ҳабс карданд, бояд худаш дар озодӣ мемонд”, - гуфт ӯ.
"Муҳри махфӣ"
Парвандаи молики ширкати “Умед 88” муҳри махфӣ гирифтааст ва вакилони дифоъ бо матбуот суҳбат намекунанд.
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон, ки тафтиши парвандаро бар дӯш дорад, ба ҷуз як хабари расмӣ, дигар иттилое дар ин бора нашр накард. Рӯзи 3-уми июл дар ин Оҷонсӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бино бар муҳри махфӣ доштан ва дар баррасии додгоҳ будани парванда ҷузъиёте ироа намекунанд.
Ширкати “Умед 88” аз соли 2006 дар бозори сӯхти Тоҷикистон ворид шуд ва ба гуфтаи раҳбараш, беш аз 2 миллирад сомонӣ ба буҷети давлат андоз супурдааст.
Ин ширкат то замони қатъи фаъолияташ беш аз 500 коргар дошт.
"Умед 88" яке аз се ширкати умдаи таъминкунандаи сӯзишворӣ дар бозори Тоҷикистон буд, ки бо “Газпром”-и Русия ва ширкати хусусии “Фароз” дар рақобат қарор дошт. Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Раҷабалӣ Одинаев – раиси ширкати нафтрасони “Умед-88”-ро моҳи октябри соли гузашта боздошт кард. Қазияи ширкате, ки тӯли 20 сол дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон мавқеъ касб карду фаъолияти он ногаҳон бо ҳабси раҳбаронаш дар охири соли 2017 ба анҷом расид, яке аз пурсарусадотарин қазияҳои чанд моҳи охир аст.