Фаъолияти ширкати “Умед 88”, яке аз се ширкати бузурги воридкунандаи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон пурра қатъ шудааст. Наздикони Раҷабалӣ Одинаев, раиси боздоштшудаи ширкат гуфтанд, ки мақомот хариду фурӯши моликияти “Умед 88”-ро мамнӯъ карданд ва онҳо саъй доранд, пул ҷамъ оварда, қарзи давлатро баргардонанд.
Бахши ташхиси нархгузории Вазорати адлияи Тоҷикистон нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ширкати "Умед 88"-ро беш аз 175 миллион сомонӣ нархгузорӣ кардааст.
Саодат Одиназода, яке аз наздикони Раҷабалӣ Одинаев, рӯзи 17-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ширкат умуман фаъолият надорад ва тақдири ояндаи он номаълум аст. “Давоми як моҳ наздикони Раҷабалӣ Одинаев 55 ҳазор сомонӣ қарзи давлатро баргардонданд. Ҳоло аз ҳисоби наздикон ва шиносҳо маблағ ҷамъ мекунанд, то қарзи боқимондаро пардохт карда, Одинаевро аз боздошт раҳо намоянд. Кӯшиш доранд, ки қарзро баргардонанд”, – гуфт Саодат Одиназода.
Кормандони ширкати “Умед 88” мегӯянд, баъд аз боздошти раҳбарони ширкат – Раҷабалӣ Одинаев ва Идибек Иброҳимов – касе натавонист, ширкатро идора кунад. Як манбаи наздик ба тафтишот дар Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсия ба Радиои Озодӣ гуфт, аз мақомоти ширкати “Умед 88” танҳо ду роҳбари аршади он дар боздошт ҳастанд ва бақия дар озодиянд.
Қаблан гуфта мешуд, ки 6 нафар аз кормандони ширкатро дастгир кардаанд. Ба ин тартиб ҳоло муассиси ширкат Раҷабалӣ Одинаев ва роҳбари иҷроияи он Идибек Иброҳимов дар ҳабси пешакӣ мебошанд. Онҳоро дар боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлия нигоҳ медоранд.
Қазияи ширкати “Умед 88” ва боздошти раҳбаронаш бештар аз як моҳ аст, ки идома дорад. Боздошти раҳбарони ширкати “Умед 88” яке аз се ширкати бузурги таъминкунандаи маводи сӯхт дар Тоҷикистон баъди он сурат гирифт, ки рӯзи 14-уми октябри имсол раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон Вазорати молияро танқид кард, ба “Умед 88” 170 миллион сомонӣ қарз дода, ин маблағҳоро баргардонда натавонист.
Ин ширкат маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъро аз Қазоқистону Русия ва Туркманистон ворид мекард
Баъди ин, Раҷабалӣ Одинаевро дастгир кардаанд ва ӯ ба тасарруфи пулу мол, ғайриқонунӣ гирифтани қарз ва сӯистифода аз ваколат муттаҳам дониста мешавад. Раҷабалӣ Одинаев дар як нома аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки ба шарти берун нарафтан аз маҳалли иқомат ӯро раҳо кунанд. Одинаев ваъда додааст, ки дар мӯҳлати кӯтоҳ қарзи нерӯгоҳи Роғунро, ки сабаби боздошти ӯ шуд, бармегардонад. Чанде пеш модар ва зердастони Раҷабалӣ Одинаев низ бо ирсоли мактубҳои ҷудогона аз раиси ҷумҳур хостанд, ки дар озодии Одинаев мусоидат кунад.
Наздикони раиси ширкати “Умед 88” дар мактуби худ ба раиси ҷумҳур гуфтаанд, дар сурати аз ҳабси пешакӣ озод шудани Раҷабалӣ Одинаев, онҳо бо гарав мондани амволи ширкат, аз коршарикони хориҷии худ метавонанд дар муддати кӯтоҳ 40 миллион доллар қарз дарёфт кунанд.
Ба иттилои масъулини ширкати “Умед 88”, бахши ташхиси нархгузории Вазорати адлияи Тоҷикистон нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ин ширкатро беш аз 175 миллион сомонӣ нархгузорӣ кардааст. Бо берун шудани ширкати “Умед 88” аз бозори сӯхти Тоҷикистон ҳоло дар бозор ду ширкати бузурги “Газпром-Тоҷикистон” ва “Фароз” боқӣ монданд.
Ширкати “Умед 88”-ро дар соли 1996 соҳибкор Раҷабалӣ Одинаев таъсис дод. Ин ширкат маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъро аз Қазоқистону Русия ва Туркманистон ворид мекард ва беш аз 70 нуқтаи фурӯши маҳсулоти нафтиву газии ширкати “Умед-88” дар саросари Тоҷикистон фаъол буд.