Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардикорӣ бас? "Квота"-и таҳсил барои фарзанди муҳоҷирон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки барои ҷалби бештари фарзанди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба донишгоҳҳои кишвар ба онҳо "квота" ё бурсияи таҳсил дода хоҳад шуд.

Ин квота ба фарзандони муҳоҷирони меҳнатие дахл дорад, ки ҳамроҳи волидайни худ дар Русия ба сар мебаранд. Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, ба хотири канда нашудани иртиботи фарзандони муҳоҷир ба ватани бобоӣ, барои таҳсили онҳо дар донишгоҳоои кишвар квота ҷудо кардааст. Соли гузашта аз чунин "квота" 50 нафар истифода кардаанд.

Салима Маҷидова, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз камтарин фарзанди муҳоҷири меҳнатӣ аст, ки бар асоси чунин як "квота" соли аввали таҳсилро паси сар мекунад. Ӯ рӯзи 4 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳамроҳ бо падарам, ки маъюб шуда буд, баҳори соли гузашта аз Русия ба ватан омадем. Ҳангоми такудав барои дуруст кардани нафақа дар идораи шуғли аҳолӣ фаҳмидаанд, ки чунин "квота" эълон шудааст ва мо ҳам муроҷиат кардем."

Мавзӯи таҳсили фарзанди муҳоҷирон дар Тоҷикистон солҳо боз мавриди баҳс қарор дорад.

Ахиран Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, низ дар як ҳамоиш дар Душанбе хостори афзоиши "квота" барои фарзанди муҳоҷирони тоҷик дар Русия шуд. Вай гуфт, "ин тасмим барои соҳибкасб гардондан ва соҳиби ҷойи кор намудани онҳо дар дохили кишвар аст." Ба гуфтаи мақомот квота барои фарзандони тоҷикони муқими Русия барои нигаҳ доштани иртиботи муҳоҷирон бо ватан муҳим аст.

Сумангул Тағойзода
Сумангул Тағойзода

Тағойзода гуфт, инчунин, ба хотири тарки мактаби миёна накардани фарзанди муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои тарғиботиро дар маҳалҳо ба роҳ мондаанд. "Фарзанди муҳоҷирони меҳнатӣ бояд ҳатман дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба таълим фаро гирифта шаванд ва оянда соҳибкасб гарданд. Мо талош мекунем, ки ҳатто муҳоҷирон вақте фарзандони худро ба Русия мебаранд, дар онҷо ҳам ба таҳсил ҷалб кунанд", - афзуд ӯ.

Мавзӯи таҳсили фарзанди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия солҳо боз мавриди баҳс қарор дорад. Пажӯҳишҳо дар чанд соли пеш нишон дода буд, ки бинобар моҳҳо ё солҳо набудани падар дар хонавода аксари фарзандони муҳоҷирон камтар ба таҳсил ҷалб мешаванд. Аммо Абдураҳим Сафарзода, як муҳоҷири фаъол дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯяд, ҳоло вазъ тағйир кардааст.

Бино ба хабари манобеи ғайрирасмӣ, то як миллион муҳоҷири тоҷик дар Русия қарор доранд
Бино ба хабари манобеи ғайрирасмӣ, то як миллион муҳоҷири тоҷик дар Русия қарор доранд

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, "бовар кунед, ҳоло муҳоҷирон талош мекунанд, ки фарзандашон таҳсил кунад ва мисли онҳо дар ғарибӣ кори сангин накунад. Баъзеи муҳоҷирон кори сангинро дар Русия танҳо ба хотири таҳсили ояндаи фарзандонашон таҳаммул мекунанд."

Аз соли 1997 дар Тоҷикистон ба духтарон ва писарон аз навоҳии дурдаст "квота"-и президентӣ дода мешавад, вале то кунун ҳеҷ навъи квота барои фарзанди муҳоҷирони корӣ вуҷуд надошт. Коршиносон мегӯянд, агар ин раванд олуда ба фасод набошад ва истеъдодҳоро фаро бигирад, барои хонаводаи муҳоҷирон кумак хоҳад кард. Дар гузашта бархе аз сокинон барои ноҳаққӣ ҳангоми тақсими «квота» шикоят карда буданд.

Бар асоси омори расмӣ дар Русия беш аз 600 ҳазор ва тибқи омори ғайрирасмӣ беш аз 1 миллион муҳоҷири кории тоҷик қарор доранд. Қаблан аксари онҳо ба хонаводаҳои худ дар Тоҷикистон пули зиёд фиристода, дар чархондани аробаи зиндагӣ, аз ҷумла таҳсили фарзанд ё бародару хоҳари худ кумак мекарданд, вале дар ду соли охир дар пайи бӯҳрони иқтисодӣ ҷайби онҳо низ зарба дидааст.

XS
SM
MD
LG