Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

47 квотаи Вазорати маориф ва илм барои тоҷикони Қирғизистон


Бинои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
Бинои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои хатмкунандагони мактабҳои тоҷикии Қирғизистон 47 "квота" ё бурсияи таълимӣ ҷудо кардааст.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба 47 хатмкунандаи мактабҳои тоҷикӣ дар Қирғизистон квотаи таҳсил дар донишгоҳҳои Душанбе ва Хуҷандро додааст.

Таҳсили ин гурӯҳи ҷавонон дар чаҳорчӯби саҳмияи раисиҷумҳури Тоҷикистон барои ҳамзабонони бурунмарзӣ анҷом мегирад ва онҳо дар донишгоҳҳо ба таври ройгон ё бепул таҳсил хоҳанд кард. Дар мусоҳибае Қодиршоҳи Мурувват, муовини раиси Иттиҳодияи тоҷикони муқими Қирғизистон, гуфт, то соли 2007 дар маҷмӯъ барои 25 нафар ҳаққи таҳсил дар Тоҷикистонро медоданд.

Ӯ афзуд, "баъд аз мулоқоте, ки фаъолони созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ бо раисиҷумҳур дар шаҳри Бишкек доштанд ва назару пешниҳодҳои худро матраҳ карданд, президент дастур дод, ки ин саҳмия то 50-55 нафар расонда шавад. Аз ҳамон сол сар карда шумораи довталабон афзоиш ёфтааст. Ҳоло бо фармони вазири омӯзиш ва илми Қирғизистон дар донишгоҳи Қизилқияи вилояти Бодканд як комиссия таъсис ёфтааст ва дар он ҷо дониши довталабон санҷида мешавад ва бар асоси хулосаи комиссия ҳуҷҷати онҳо ба донишгоҳҳои Тоҷикистон фиристода мешавад. Таҳсили онҳо дар ин донишгоҳҳо ройгон хоҳад буд."

Озодӣ: Бештар аз кадом мактабҳо довталабонро барои таҳсил интихоб мекунанд ва оё ба кадом мактабе бартарӣ дода мешавад?

Қодиршоҳи Мурувват
Қодиршоҳи Мурувват

Қодиршоҳи Мурувват: "Мо афзалиятро бештар ба мактабҳои тоҷикӣ медиҳем. Мо ба касби омӯзгорӣ таваҷҷӯҳ дорем ва бачаҳову духтаронро бештар ба касбҳои омӯзгорӣ ҷалб мекунем ва мехоҳем, ки силсилаи омӯзгорони мактабҳои тоҷикӣ канда нашавад ва ҷавонон идомадиҳандаи кори онҳо бошанд. То ҳол ду давра аз ин ҷавонон баъд аз хатми таҳсил баргаштанд ва омӯзгори мактабҳои тоҷикӣ мебошанд."

Озодӣ: Дар Қирғизистон чанд мактаби тоҷикӣ фаъолият мекунад ва дар чанд мактаби дигар синфҳои тоҷикӣ ҳастанд?

Қодиршоҳи Мурувват: "Дар деҳаи Андараки ноҳияи Лайлак ду мактаби тоҷикӣ фаъолият мекунад. Дар шаҳраки Ҳайдаркони ҳамин вилоят мактаби миёнаи тоҷикӣ ба номи Фирдавсӣ амал мекунад. Дар се мактаби миёнаи деҳаи Учқурғон синфҳои тоҷикӣ ҳастанд, яъне дар мактабҳои ба номи Садриддин Айнӣ, ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ ва дар мактаби “Дӯстӣ” ва ҳамчунин дар деҳаи “Правда”-и ноҳияи Қаросуи вилояти Ӯш ҳам синфҳои тоҷикӣ ҳастанд. Дар маҷмӯъ, дар 9 мактаб синфҳои тоҷикӣ амал мекунад. Агар мо инро бо мактабҳои қирғизии Тоҷикистон муқоиса кунем, он хеле кам аст. Дар Тоҷикистон аҳолии қирғизтабор 56 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва барои онҳо 64 мактаби қирғизӣ фаъол аст. Чортои он мактабҳои комилан қирғизӣ мебошанд. Мактабҳои боқимонда омехта ҳастанд, яъне бо синфҳои қирғизӣ-тоҷикӣ ва ё қирғизӣ-узбакӣ. Дар Қирғизистон 55 ҳазор нафар тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Онҳо бештар дар вилояти Бодканд сокин шудаанд. Шуморе ҳам дар ноҳияи Қаросу ва дар шаҳри Ҷалолобод зиндагӣ мекунанд. 6 ҳазор нафари дигар дар вилояти Чуй зиндагӣ доранд. Онҳо тоҷиконе ҳастанд, ки баъд аз ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба он ҷо кӯч бастаанд. Тоҷикони минтақаҳои дигар ҳама таҳҷоӣ мебошанд. Ҳоло 250 нафар ҳфарзандони тоҷикони Қирғизистон дар донишгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд таҳсил мекунанд."

Озодӣ: Оё шумораи шогирдони мактабҳои тоҷикии Қирғизистон маълум аст?

Қодиршоҳи Мурувват: "Бале, маълум аст, дар ҳудуди 3 ҳазор нафар аз синфи як то синфи 11 таҳсил мекунанд."

XS
SM
MD
LG